ДАР ДОНИШГОҲ ВОХӮРӢ ОИД БА ШАРҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Санаи 25 майи соли 2026 дар толори «Сино»-и Донишгоҳ вохӯрӣ бо ҳузури намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд.
Вохӯриро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аҳрориён З.А. ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоишро хайрамақдам гуфт. Номбурда зимни суханронӣ таъкид кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву стратегӣ самтҳои асосии рушди давлатро муайян намуда, барои тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус ҷавонону донишҷӯён, аҳамияти муҳим дорад. Қайд гардид, ки дар Паём ба масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм, рақамикунонии иқтисод, таҳкими қонуният, ҳифзи амнияту суботи ҷомеа, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст.
Сипас намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мухторзода Аҳрор Мухтор оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, нуктаҳои ҷудогонаи онро шарҳу тавзеҳ дод.
Зимни баромад таъкид гардид, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкиму тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст, ки дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аҳамияти бузург дорад. Ҳамчунин, дар суханронӣ ба дастовардҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии кишвар, рушди муносибатҳои дӯстона бо давлатҳои ҳамсоя, тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва маориф таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Зикр гардид, ки мутобиқи Паём агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» то моҳи сентябри соли 2027 ба истифода дода мешавад. Инчунин, оид ба ҷорӣ намудани низоми рақамии биллинг, истифодаи самараноки неруи барқ ва рушди технологияҳои муосир маълумот манзур гардид.
Дар идомаи чорабинӣ масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм, беҳтар намудани шароити муассисаҳои таълимӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва пешгирии таъсири ақидаҳои ифротгароӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи имрӯз ба ҳисоб мераванд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аҳрориён З.А. ба меҳмонон барои иштироки фаъол ва суханрониҳои пурмуҳтаво изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон аҳамияти муҳим дорад.
Муовинати тарбия