ДАР ДОНИШГОҲ БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

ДАР ДОНИШГОҲ БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Донишгоҳ ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии маърифатӣ-сиёсӣ бо иштироки роҳбарият, меҳмонон, собиқадорони меҳнат, омузгорону кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Сипас, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аҳрориён Зарина Асрор ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуд. Зимни суханронии худ таъкид гардид, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи устувори давлатдории миллӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, суботи сиёсӣ ва рушди ҷомеа ба шумор меравад.

Дар идомаи чорабинӣ меҳмонони даъватшуда - собиқадори меҳнат, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Раҳмонова ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Шаҳбоз суханронӣ намуда, оид ба аҳаммияти таърихию ҳуқуқии Конститутсия, нақши он дар ташаккули низоми давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои ҷомеаи демократӣ ибрози андеша карданд. Ҳамзамон, ба нақши ин санади тақдирсоз дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Дар фазои тантанавӣ ба як қатор омузгорон ва кормандони Донишгоҳ барои фаъолияти пурсамор, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли ҷавон ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои касбӣ ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ дастаи ҳунарии «Шифо»-и Донишгоҳ бо пешниҳоди барномаи рангини ҳунарӣ ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хосса бахшида, табъи ҳозиринро болида гардонид.

Чунин чорабиниҳо дар роҳи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеаи донишгоҳӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои конститутсионӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ аҳаммияти муҳим доранд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


06.11.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php