ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ – ТАҶАССУМИ СИЁСАТИ СУЛҲОФАРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ – ТАҶАССУМИ СИЁСАТИ СУЛҲОФАРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Сулҳ ва субот аз ҷумлаи арзишҳои муҳими башарӣ буда, маҳаки асосии рушди давлат, пешрафти ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардумро ташкил медиҳанд. Таърих нишон медиҳад, ки бе сулҳ ҳеҷ ҷомеае наметавонад, ба рушди устувор ва ҳадафҳои бузурги созандагӣ ноил гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар оғози Истиқлоли давлатӣ марҳилаи бисёр душвори таърихиро аз сар гузаронид. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба ҷомеа талафоти бузурги моддӣ ва маънавӣ расонида, хатари аз байн рафтани пояҳои давлатдориро ба ба миён овард. Вале ба шарофати иродаи сиёсӣ, хиради мардумӣ ва талошҳои пайвастаи ҷонибҳои сулҳхоҳ, ки дар саргаҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон меистад, Тоҷикистон тавонист, роҳи ваҳдат, созандагӣ ва рушди устуворро интихоб намояд. Моҳияти ин сиёсатро метавон дар андешаи зерини Пешвои миллат ҷамъбаст намуд: «Сулҳ ва субот шарти асосии рушди давлат, пешрафти ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардум мебошад».

Ин андеша дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон таҷассуми амалии худро пайдо намуда, кишварро ба марҳилаи нави рушд ворид сохт. Тоҷикистон имрӯз на танҳо таҷрибаи сулҳи миллии худро ҳифз менамояд, балки онро ҳамчун саҳми худ дар таҳкими сулҳ ва амнияти байналмилалӣ пешниҳод мекунад.

Дар доираи чунин сиёсати сулҳофар, Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ташаббусҳои муҳими байналмилалиро пешбарӣ намуд, ки ба масъалаҳои об, иқлим, рушди устувор ва таҳкими фарҳанги сулҳ равона шудаанд. Қабули ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036)» аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қадами муҳими дигар дар ин самт мебошад.

Маврид ба зикри хос аст, ки қабули ин санади муҳими байналмилалӣ дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Ин рӯйдод дорои аҳамияти рамзӣ буда, пайванди мантиқии байни таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ва ташаббусҳои ҷаҳонии он дар роҳи таҳкими сулҳу суботро нишон медиҳад.

Ҳар як миллат дар марҳилаҳои муҳими таърихии худ бо масъалаҳое рӯ ба рӯ мешавад, ки ояндаи давлат ва ҷомеаро муайян мекунанд. Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз чунин давраҳои сарнавиштсоз солҳои аввали Истиқлол ҳисоб мегардид. Низои дохилӣ, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд, на танҳо ба ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар таъсири манфӣ гузошт, балки хатари аз байн рафтани пояҳои давлатдорӣ ва халалдор шудани ягонагии милли­ро низ ба миён овард. Дар чунин шароити ҳассос масъалаи асосӣ на танҳо қатъи даргириҳо, балки пайдо намудани роҳи ҳамдигарфаҳмӣ, эътимоди тарафайн ва барқарор намудани фазои ягонагии миллӣ буд. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки сулҳ танҳо бо роҳи пирӯзии як ҷониб бар ҷониби дигар ба даст намеояд, балки он натиҷаи муколама, гузашт, масъулияти сиёсӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ дониста мешавад.

Раванди расидан ба сулҳ барои Тоҷикистон роҳи осон набуд. Он музокироти тӯлонӣ, талошҳои пайвастаи сиёсӣ ва иродаи қавии ҷонибҳои иштирокдорро талаб мекард. Натиҷаи муҳими ин раванд имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар соли 1997 гардид, ки ҳамчун санади таърихӣ барои оғози марҳилаи нави рушди мамлакат хизмат намуд. Ҷонталошиҳои Сарвари давлат дар олн солҳо боииси таваҷҷуҳи хоса эътироф мешавад.

Пешвои миллат таъкид доштаанд: «Ба даст овардани сулҳ кори бузург аст, аммо нигоҳ доштани он аз ин ҳам масъулияти бештарро талаб мекунад».

Ин андеша аҳамияти махсуси сиёсӣ дорад. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки хотима ёфтани ҷанг ҳанӯз маънои таъмин гардидани сулҳи пойдорро надорад. Сулҳ бояд пайваста ҳифз, таҳким ва аз ҷониби наслҳои нав ҳамчун арзиши олӣ пазируфта шавад ва пойдор монад. 

Дар заминаи ҳамин, Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон на танҳо як дастоварди сиёсӣ, балки як арзиши муҳими ҷамъиятӣ гардид. Он имконият фароҳам овард, ки кишвар аз марҳилаи барқарорсозӣ ба марҳилаи рушд гузарад, муносибатҳои байналмилалии худро густариш диҳад ва дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми бештар гузорад.

Маҳз, ҳамин таҷрибаи таърихӣ минбаъд ба Тоҷикистон имкон дод, ки масъалаи сулҳро на танҳо ҳамчун масъалаи дохилии худ, балки ҳамчун масъалаи муҳими байналмилалӣ баррасӣ намояд. Аз таҷрибаи миллии сулҳофарӣ Тоҷикистон ба пешбурди ғояҳои таҳкими сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни давлатҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ рӯ овард. Аз ин нуқтаи назар, таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон намунаи он аст, ки ҳатто пас аз давраҳои душвори низоъ ҷомеа метавонад, бо такя ба иродаи сиёсӣ, фарҳанги дипломатӣва эҳтироми манфиатҳои миллӣ роҳи сулҳу созандагиро интихоб кунад.

Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон дар роҳи барқарор намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ минбаъд ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар табдил ёфтааст. Агар дар солҳои аввали Истиқлол вазифаи асосӣ ҳифзи давлатдорӣ ва барқарор намудани суботи дохилӣ бошад, дар марҳилаҳои баъдӣ Тоҷикистон кӯшиш намуд, ки таҷрибаи худро дар самти таҳкими сулҳ ба сатҳи байналмилалӣ пешниҳод намояд. Яке аз хусусиятҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир пешбурди ташаббусҳое мебошад, ки ба ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ равона шудаанд. Ташаббусҳои вобаста ба об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва фарҳанги сулҳ нишон медиҳанд, ки Пешвои тоҷикони ҷаҳон масъалаҳои ҷаҳониро ҳамчун масъулияти муштараки ҷомеаи байналмилалӣ арзёбӣ карда истодаанд.

Ин раванд аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз доираи манфиатҳои миллӣ берун рафта, ба ҳалли мушкилоти умумибашарӣ нигаронида шудааст. Таҷрибаи сулҳи дохилии кишвар барои пешбурди ғояи муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва пешгирии низоъҳо заминаи маънавӣ ва сиёсӣ фароҳам овардааст.

Қабули ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036)» идомаи мантиқии ҳамин сиёсати сулҳофар мебошад. Ин ташаббус нишон медиҳад, ки сулҳ барои Тоҷикистон танҳо натиҷаи як марҳилаи таърихӣ нест, балки арзиши доимӣ ва самти муҳими фаъолияти байналмилалии кишвар ба дониста мешавад.

Дар шароити муосир, ки ҷаҳон бо низоъҳои мусаллаҳона, буҳронҳои сиёсӣ ва таҳдидҳои нави амниятӣ рӯ ба рӯ мебошад, масъалаи ҳифзи сулҳ ва пешгирии низоъҳо аҳамияти бештар пайдо кардааст. Дар чунин вазъият ташаббусҳое, ки ба таҳкими фарҳанги сулҳ, густариши муколама ва ҳамкории байни давлатҳо равона шудаанд, аҳамияти хоси байналмилалӣ доранд.

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036)» маҳз, ба ҳамин зарурати ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад. Ин ташаббус идомаи мантиқии сиёсати сулҳофарии Тоҷикистон буда, таҷрибаи миллии кишварро дар самти барқарорсозии сулҳ ба сатҳи байналмилалӣ мебарорад.

Аҳамияти ин ташаббус дар он зоҳир мегардад, ки сулҳро на танҳо ҳамчун масъалаи сиёсӣ, балки ҳамчун арзиши умумибашарӣ ва шарти асосии рушди инсонӣ баррасӣ менамояд. Зеро рушди иқтисодӣ, пешрафти илм, ҳифзи фарҳанг ва зиндагии шоистаи мардум танҳо дар фазои субот ва амният имконпазир аст.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки қабули ин санади муҳими байналмилалӣ дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Ин аз ҷиҳати сиёсӣ ва рамзӣ аҳамияти хос дорад. Миллате, ки се даҳсола пеш роҳи душвори расидан ба сулҳи дохилиро тай намуд, имрӯз ташаббуси таҳкими сулҳро барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод мекунад.

Ин ташаббус инчунин нишон медиҳад, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон масъалаи сулҳ ва амният мақоми махсус дорад. Пешвои муаззами тоҷикон кӯшиш менамояд, ки тавассути минбарҳои байналмилалӣ ғояи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми манфиатҳои муштарак ва ҳалли масъалаҳоро тақвият бахшад.

Ҳамин тавр, «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» метавонад, ҳамчун як қадами муҳим дар роҳи ташаккули фарҳанги ҷаҳонии сулҳ арзёбӣ гардад. Ин ташаббус на танҳо идомаи таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон, балки саҳми кишвар дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти умумибашарӣ ба ҳисоб меравад.

Дар тамоми марҳилаҳои сарнавиштсози таърихӣ хиради сиёсӣ маҳаки асосии наҷоти давлат ва таҳкими пояҳои он ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон дод, ки дар шароити буҳронӣ интихоби роҳи муколама, созиш ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонад, ҷомеаро ба сӯи субот ва рушди устувор раҳнамун созад. Яке аз зуҳуроти хиради сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон дар интихоби роҳи сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дар давраи ниҳоят мураккаби таърихӣ мушоҳида намуд. Ба ҷойи идомаи муқовимат, афзалият додан ба гуфтугӯ ва ҳалли сиёсӣ имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон аз вартаи буҳрон берун омада, ба роҳи давлатсозӣ ва созандагӣ ворид гардад. Хиради сиёсӣ инчунин дар он зоҳир мегардад, ки манфиатҳои дарозмуддати миллат ва давлат аз манфиатҳои кӯтоҳмуддати сиёсӣ боло гузошта мешаванд. Барқарории сулҳ, таҳкими Ваҳдати миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки симои муосири Тоҷикистонро муайян намудаанд.

Пешвои миллат дар минбари Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣтарафдори сулҳу салоҳи ҷаҳон будани худро бо порчаи шеърии Саъдии Шерозӣиброз дошта буданд.


Бани Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

 

Дар фарҷоми сухан метавон иброз дошт, ки роҳи тайкардаи Тоҷикистон дар самти барқарорсозии сулҳ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ намунаи равшани нақши хиради сиёсӣ, иродаи созанда ва масъулияти таърихӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ ҳамеша масъалаҳои сулҳу субот, рушди давлат ва беҳбудии зиндагии мардумро ҳамчун ҳадафҳои муҳим арзёбӣ намудаанд. Таҷрибаи солҳои гузашта нишон медиҳад, ки ташаббусҳое, ки ба хотири таҳкими сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни миллатҳо пешниҳод мешаванд, метавонанд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Аз ҳамин лиҳоз, метавон гуфт, ки сиёсати сулҳофар ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон на танҳо ба манфиати мардуми кишвар, балки ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ низ равона шудаанд.

Бо чунин дарки масъулияти таърихӣ ва инсондӯстона, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз сиёсатмадороне шинохта мешаванд, ки масъалаи сулҳро аз доираи манфиатҳои миллӣ берун бурда, онро ҳамчун арзиши умумибашарӣ пешниҳод менамоянд. Ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» низ идомаи ҳамин роҳи сулҳофар мебошад.

Аз ин рӯ, метавон бо эҳсоси ифтихор таъкид намуд, ки саҳми Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон ва пешбурди ғояҳои сулҳ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як саҳифаи муҳим дар таърихи муосири кишвар боқӣ хоҳад монд. Агар сулҳ дар Тоҷикистон натиҷаи талошҳои пайгиронаи миллӣ бошад, ташаббусҳои байналмилалӣ барои густариши ин арзиш дар сатҳи ҷаҳонӣ заминаи нав фароҳам меоранд.

Умед бар он мебандем, ки бо қабули ин қатънома сулҳу субот дар саросари сайёра пойдор гардида, ормону омоли чандҳазорсолаи халқи олам ҷомаи амал хоҳад пўшид.

 

Аҳрориён З. А.-муовини ректор оид ба тарбия


01.07.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php