ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО...
Ҳама самтҳои муҳимми таъмини амнияти кишвар дар сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлати Тоҷикистон хуб намуддор аст, аз ҷумла иштироки он дар фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамкориҳо дар доираи ду созмони дигари дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ амалкунанда - Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ низ аз афзалиятҳои таъмини амнияти давлату миллат ва минтақа мебошад,ки мо инро аз ҳодисаҳои дар Украина руй дода хуб дарк намудем. Сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳои дунё гуногун буда, дар баъзе ҳолатҳо камбудиҳои зиёд ба назар мерасанд, ки боиси нигаронии мардуми сайёра гаштааст. Баъзе аз давлатҳои абарқудрат аз баъзе гурӯҳҳои ифротгаро ва террористон бо тарзи махфӣ дастгирӣ намуда, боиси нооромиҳо дар давлатҳои хурд мегарданд, ки ин аз рӯи адолат ва инсоф нест. Санаи 27.11.2024 зимни мулоқоти сарони кишварҳои СААД дар Қазоқистон табодули афкор миёни сарварони кишварҳои аъзо баргузор гардид,ки тариқи расонаҳои итилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мо тамошо намудем. Руйдоҳои охир дар минтақаҳои ҷаҳон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ, Фаластин, Ливан ва чандин кишварҳои аврупоӣ терроризм ва экстремизм ба хатари аввалиндараҷа табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба даҳшат андохтааст. Вазъи ба миён омадаи рӯзҳои охир байни давлатҳои Украина ва Федератсияи Россия, таҳримҳои иқтисоди Аврупо нисбат ба Белорусия ва Федератсияи Россия, ки шарики асосӣ ва муҳимми тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамчунин шарики стратегии калидии Тоҷикистон мебошанд ба давлати мо ҳам таъсир хоҳад кард. Мулоқотҳои сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ду кишвар ва масъалаҳои алоҳидаи вазъияти байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн қарор дода, ҳавасмандии устувори худро ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия таъкид менамоянд. Дар вохӯриҳои пешин, зимни мулоқот бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Белорус муҳтарам Александр Лукашенко таъкид дошта буданд, ки мардумони Тоҷикистону Беларусро анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам мепайванданд ва бо шарофати талошҳои муштарак муносибатҳои ҳамкорӣ байни кишварҳо дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав баромад. Президенти Белорус А. Лукашенко баъди бозгашт ба ватанаш иброз дошта буд, ки нахустин гаҳвораи тамаддуни башарӣ - сарзамини тоҷикон аст. Он дорои таърихи қадимитарин, мардумони хайрхоҳу фарҳангдӯст ва соҳиби дину оини солим аст. Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шуда, бо Афғонистону Хитой, Қирғизистону Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст ва қисмати зиёдашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Сарнавишти миллати точик низ дар тӯли асрҳо баробари дигар мардуми эронинажод басо печида ва пуршебу фароз аст ва миллати Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст. Пас анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст. Истиқлол ва ваҳдату сулҳ неъматҳое ҳастанд, ки онҳоро ҳифз бояд кард. Таҷриба собит намудааст, ки нигоҳ доштану тақвият бахшидани истиқлолу ваҳдат чӣ қадар заҳматталабанд ва онҳо дар баробари рушди иқтисоду фарҳанг ва иҷтимоиёт то чӣ андоза дастоварди нодир маҳсуб меёбанд. Бояд зикр намуд, ки падидаҳои мазкур асоси ҳама гуна муносибатҳои мусбат дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар давлате, ки оромӣ, субот ва амният ҳукмрон аст, фаъолияти самараноку бомароми сиёсати байналмилалиро метавон ба роҳ монд. Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии Ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад. Ҷавонон бояд ҳамеша бар дифои ватани хеш омода буда ба қадри истиқлолият ва озодӣ бирасанд,зеро хизматҳои шоистаи Пешвои миллатро гиромӣ доштан, роҳи интихобнамудаи халқи тоҷикро ҳифз кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан қарзи инсонӣ, виҷонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо - шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Имрӯз, ки ҷаҳони муосирро муборизаҳои шадиди итилоотӣ фаро гирифтаасту дар шабакаҳои иҷтимоӣ давлату миллати моро баъзе гурӯҳҳои аз сиёсат бехабар санги маломат мезананд, мо бояд бетарафӣ зоҳир нанамоем. Дар баробари ин, ҳамаи мо вазифадорем, ки Ватанро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, пеш аз ҳама худамон намунаи ибрат будаву нангу номуси ватандорӣ дошта бошем. Мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнат ба манфиатҳои миллат ва давлатро гирем. Барои ояндаи дурахшони кишвари азизамон бо душманони он муборизаи беамон бурда, ҳеҷ гоҳ бетарафӣ зоҳир нанамоем. Воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос намуда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем! Халқи тоҷик дар фазои ором, озоду обод зиндагӣ дорад ва давлату Ҳукумате дорад, ки барои таъмини шароити арзандаи зиндагӣ тамоми имкониятро фароҳам овардааст. Мо бояд шукургузор бошему ифтихор намоем, ки дар чунин Ватани биҳиштосо - Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ ва кору фаъолият менамоем.
Зарипов А.Р.- мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ
Таибов С.А. – ассистенти кафедраи стоматологияи ортопедӣ