ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВИЮ ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МАЛИКО, ҶАШНИ МЕҲРГОН ОМАД!»

ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВИЮ ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МАЛИКО, ҶАШНИ МЕҲРГОН ОМАД!»

Дар заминаи клиникии Муассисаи саломатии шаҳрии №15 бо иштироки донишҷӯёни курси 5-уми гурӯҳи 64-уми факултети тиббӣ таҳти роҳбарии дотсенти кафедра Иномзода Ҷ.И. ва ассистенти кафедра, номзади илмҳои тиб Амирӣ Г.Х. бахшида ба ҷашни бостонии Меҳргон чорабинии тарбиявию фарҳангӣ таҳти унвони «Малико, ҷашни Меҳргон омад!» баргузор гардид.

Ҳадафи асосии чорабинӣ арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, таҳкими ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ ва тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба мероси фарҳангӣ ва ҳифзи суннатҳои миллӣ арзёбӣ гардид.

Чорабиниро донишҷӯён ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро ба муносибати ҷашни Меҳргон табрик гуфтанд, сипас, бо маърузаҳо ва рӯнамоҳои ҷолиб оид ба таърихи пайдоиш, моҳияти фарҳангӣ, анъанаҳои таҷлил ва ҷойгоҳи ҷашни Меҳргон дар тамаддуни халқи тоҷик баромад намуданд.

Дар маърузаҳо таъкид гардид, ки Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик буда, аз умқи таърих сарчашма мегирад ва ҳамчун рамзи фаровонӣ, баракат, меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва қадршиносии заҳмати деҳқон шинохта мешавад. Ин ҷашни бостонӣ таҷассумгари пайванди инсон бо табиат, эҳтиром ба меҳнат ва шукргузорӣ аз неъматҳои зиндагӣ мебошад.

Зимни чорабинӣ зикр гардид, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои бостонии миллӣ, аз ҷумла Меҳргон, эҳё гардида, таҷлили онҳо ба омили муҳими таҳкими ҳувияти миллӣ ва рушди фарҳанги ҷомеа табдил ёфтааст.

Иштирокдорон ҳамчунин доир ба нақши Меҳргон дар рӯзгори гузаштагон, робитаи он бо кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосил ва анъанаҳои меҳнатдӯстии мардуми тоҷик андешаронӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки ин ҷашн на танҳо ифодагари фаровонии ҳосил ва баракати рӯзгор, балки василаи муҳими тарғиби ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ, эҳтироми арзишҳои инсонӣ ва таҳкими муносибатҳои неки иҷтимоӣ мебошад.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯён бо қироати ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик, суханрониҳои пурмуҳтаво ва баромадҳои эҷодӣ фазои идонаро боз ҳам рангин намуданд. Тавассути ин баромадҳо муҳаббат ба таъриху фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои аҷдодӣ ва ифтихор аз мероси гаронбаҳои ниёгон таҷассум ёфт.

Баргузории чунин чорабиниҳои тарбиявию фарҳангӣ дар Донишгоҳ барои баланд бардоштани маърифати фарҳангии донишҷӯён, ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва тарбияи мутахассисони ояндаи соҳаи тандурустӣ дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои таърихию маънавии миллат аҳамияти муҳим дорад.

Чорабинӣ дар фазои идона ва рӯҳияи баланди фарҳангӣ ҷамъбаст гардида, бори дигар собит намуд, ки гиромидошти ҷашнҳои миллӣ ва ҳифзи мероси маънавии ниёгон яке аз омилҳои муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва пайванди наслҳо ба ҳисоб меравад.

Кафедраи тибби оилавӣ


20.10.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php