ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Имрӯз, дар толори "Сино"-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият, устодону донишҷӯён ва кормандон иштирок карданд.
Баъди садо додани Суруди миллӣ чорабиниро ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими таърихию сиёсӣ табрику муборакбод намуданд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ буда, дар таҳкими давлатдорӣ, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла маорифу илм ва тандурустӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард.
Сипас, ба як қатор иштирокдорон ва кормандон, ки дар ташкилу баргузории чорабиниҳои идонаи сатҳи ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доштанд, Ифтихорномаҳо тақдим карда шудаанд.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид. Дастаи ҳунарии "Шифо" бо суруду рақс ва барномаҳои ҷолиби худ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, фазои идона ва хотирмонро ба вуҷуд овард.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА