ЧОРАБИНИҲОИ МАЪРИФАТИЮ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМУЗГОР
Дар кафедраҳои анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳии ба номи профессор Каримов М.К., забони тоҷикӣ, фанҳои ҷомеашиносӣ, бемориҳои кӯдаконаи №1, забонҳои хориҷӣ ва акушерӣ ва гинекологии №1-и Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омузгорон як силсила чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ, адабӣ ва илмӣ баргузор гардиданд.
Дар рафти чорабиниҳо аҳамияти забони давлатӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва рушди маънавии ҷомеа, инчунин мақоми омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас мавриди баррасӣ қарор гирифт. Донишҷӯён бо омодагии хуб дар чорабиниҳо фаъолона иштирок намуда, аз ашъори шоирони классик ва муосири форсу тоҷик шеърҳо дар васфи забон, Ватан, фарҳанг ва омӯзгор қироат карданд.
Ҳамчунин, дар доираи барномаҳои фарҳангӣ маърӯзаҳои илмӣ-маърифатӣ, баромадҳои омузгорону донишҷӯён ва дигар барномаҳои адабӣ пешниҳод гардида, тавассути онҳо эҳтиром ба забони давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва касби пуршарафи омӯзгор бозгӯ гардид.
Чорабиниҳои мазкур ба баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, таҳкими маърифати фарҳангӣ ва тарбияи ҳисси эҳтиром ба омӯзгор дар байни донишҷӯён мусоидат намуданд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА