ЧАРОҒАФРӮЗИ МАЪРИФАТ ДАР ДАРГОҲИ ТИБ
Дар таърихи ташаккул ва рушди илми тибби тоҷик саҳми олимону омузгороне, ки тамоми умри худро ба омузиш, пажӯҳиш ва тарбияи мутахассисони ҷавон бахшидаанд, басо назаррас аст. Яке аз чунин чеҳраҳои барҷастаи илмию омузгории Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино доктори илмҳои биологӣ, профессор Намоз Бердиев мебошад, ки бо фаъолияти пурсамари илмӣ, омузгорӣ ва ташкилотчигии худ дар рушди донишгоҳ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб саҳми арзанда гузоштааст.
Намоз Бердиев соли 1939 ба дунё омада, пас аз хатми факултети бойтории Донишкадаи кишоварзии Самарқанд дар соли 1962 фаъолияти касбии худро оғоз намудааст. Ӯ дар тӯли фаъолияти меҳнатии худ бо дониш, таҷриба ва талошҳои пайваста тавонист дар соҳаи биология ва генетикаи тиббӣ мавқеи шоиста пайдо карда, дар омода намудани мутахассисони баландихтисос саҳми назаррас гузорад.
Соли 1979 фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва омузгории ӯ бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино пайванд хӯрд. Аз ҳамон сол то соли 2008 профессор Намоз Бердиев вазифаи мудири кафедраи биология бо асосҳои генетикаро ба уҳда дошт. Дар ин давра ӯ барои таҳкими заминаҳои илмӣ ва таълимии кафедра, такмили раванди омузиши фанҳои биологӣ ва тарбияи насли нави мутахассисони соҳаи тиб кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод. Ҳамзамон, солҳои 1996-2008 дар вазифаи ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ фаъолият намуда, дар густариши робитаҳои донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии хориҷӣ саҳм гузошт. Аз соли 2009 то охири умри худ ӯ фаъолияти омузгориашро ҳамчун профессори кафедра идома дода, таҷрибаи ғанӣ ва дониши илмии худро ба донишҷӯёну муҳаққиқони ҷавон меомӯзонд.
Меҳнати пурсамар ва хизматҳои шоистаи профессор Намоз Бердиев бо мукофоту унвонҳои давлатӣ ва соҳавӣ қадрдонӣ гардидаанд. Ӯ соли 1981 ба дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои биологӣ ва соли 1990 ба унвони илмии профессор мушарраф шудааст. Соли 1987 бо нишони «Аълочии тандурустии ИҶШС», соли 1994 бо унвони фахрии «Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 1999 бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз гардидааст. Ин қадрдониҳо бозгӯи эътирофи фаъолияти бисёрсолаи ӯ дар рушди илм, маориф ва соҳаи тандурустӣ мебошанд.
Мероси илмии профессор Намоз Бердиев низ арзиши муҳим дорад. Ӯ муаллифи беш аз 500 мақолаи илмӣ, китобҳои дарсӣ ва дигар корҳои илмию методӣ буда, дар самти рушди пажӯҳишҳои биологӣ ва генетикаи тиббӣ саҳми назаррас гузоштааст. Ҳамчунин, ҳашт ихтироъ ва 30 пешниҳоди навоварона ба номи ӯ марбут буда, аз ҷустуҷӯҳои илмӣ, тафаккури эҷодӣ ва кӯшишҳои пайвастаи олим дар роҳи ҳалли масъалаҳои муҳими илмӣ шаҳодат медиҳанд. Бо роҳбарии ӯ ду нафар рисолаи докторӣ ва 13 нафар рисолаи номзадиро бомуваффақият ҳимоя кардаанд. Ин натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки профессор Бердиев Н. на танҳо муҳаққиқи соҳибтаҷриба, балки роҳнамои наслҳои нави олимон низ буд.
Нақши ӯ дар ҳаёти донишгоҳ танҳо бо фаъолияти илмӣ ва омузгорӣ маҳдуд намегардад. Солҳои роҳбарии профессор Намоз Бердиев дар кафедра ва фаъолияти ӯ дар ҳайати роҳбарияти донишгоҳ барои ташаккули муҳити илмӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими мавқеи муассиса дар арсаи таҳсилоти олии тиббӣ аҳаммияти хос доштанд. Таҷрибаи ғании касбӣ, муносибати масъулона ба кор ва таваҷҷуҳ ба тарбияи мутахассисони ҷавон аз ҷумлаи хусусиятҳое буданд, ки фаъолияти ӯро фарқкунанда мегардонданд.
Идомаи суннатҳои неки оилавӣ ва касбии профессорро фаъолияти писараш - доктори илмҳои тиб Рустам Намозович Бердиев, ки имрӯз роҳбарии кафедраи ҷарроҳии асабро ба уҳда дорад, таҷассум менамояд. Ин пайванди наслҳо рамзи садоқат ба илму дониш, хизмати содиқона ба мардум ва идомаи роҳи пуршарафи табибону олимон мебошад.
Ба хотири гиромидошти хизматҳои арзандаи профессор Намоз Бердиев кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетикаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба номи ӯ гузошта шудааст. Ин иқдом нишонаи эҳтироми ҷомеаи донишгоҳӣ ба шахсияти олим ва эътирофи саҳми ӯ дар рушди илм ва таълими тиббӣ мебошад. Номи профессор Бердиев Н. дар даргоҳи тиб ҳамчун рамзи заҳмати созанда, масъулияти касбӣ ва садоқат ба маърифат боқӣ мемонад.
Профессор Намоз Бердиев аз зумраи шахсиятҳое буд, ки бо фаъолияти пурмаҳсули худ дар рушди илми биологӣ, такмили таълими тиббӣ ва тарбияи кадрҳои илмӣ саҳми арзанда гузоштааст. Зиндагиномаи ӯ намунаи ибрат барои омӯзгорону донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон буда, собит месозад, ки меҳнати содиқона, донишандӯзии пайваста ва хизмат ба ҷомеа метавонанд номи инсонро дар таърихи муассисаи таълимӣ ва хотираи наслҳо ҷовидон гардонанд.
Руҳашон шод ва макони охираташон обод бод!
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА