ЧӢ ГУНА ҶАРРОҲӢ БА ЯКЕ АЗ СОҲАҲОИ МУҲИММИ ТИББИ МУОСИР ТАБДИЛ ЁФТ?

ЧӢ ГУНА ҶАРРОҲӢ БА ЯКЕ АЗ СОҲАҲОИ МУҲИММИ ТИББИ МУОСИР ТАБДИЛ ЁФТ?

Таърихи ҷарроҳӣ яке аз саҳифаҳои ҷолибтарин ва пурифтихори таърихи илми тиб ба шумор меравад. Имрӯз ҷарроҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои пешрафта ва муҳимтарини тибби муосир шинохта шуда, бо истифода аз технологияҳои муосир, таҷҳизоти дақиқ ва усулҳои инноватсионӣ имконият медиҳад, ки бемориҳои мураккаб табобат ва ҳаёти ҳазорон нафар наҷот дода шавад. Аммо на ҳама медонанд, ки ҷарроҳӣ дар тӯли таърихи дуру дарози худ роҳи пурпечутобро тай карда, замоне ҳатто ҳамчун бахши мустақили тиб эътироф намегардид.

Тибқи маълумоти таърихӣ, ҷарроҳӣ ҳамчун яке аз шаклҳои кумаки тиббӣ ҳанӯз дар давраи ҷомеаи ибтидоӣ пайдо шудааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки одамони қадим бо вуҷуди надоштани донишҳои мукаммали анатомӣ ва воситаҳои муосири табобат, усулҳои одии муолиҷаи захмҳо, шикасти устухонҳо ва бартараф намудани баромадани буғумҳоро истифода мебурданд. Онҳо инчунин аз гиёҳҳои шифобахш истифода намуда, баъзе амалиётҳои ҷарроҳиро анҷом медоданд.

Яке аз далелҳои ҷолиби таърихӣ бозёфти боқимондаҳои устухонии инсон дар ғори Шанидари Ироқ мебошад. Олимон муайян намудаанд, ки ин шахс тақрибан 45 ҳазор сол пеш зиндагӣ кардааст ва дасти рости ӯ аз қисми болои оринҷ бурида шудааст. Ин бозёфт эҳтимоли мавҷудияти амалиёти ампутатсияро дар замонҳои хеле қадим нишон медиҳад ва аз он шаҳодат медиҳад, ки одамони ибтидоӣ барои расонидани кумаки ҷарроҳӣ ба ҳамдигар таҷрибаи муайян доштаанд.

Яке аз саҳифаҳои ҷолиби таърихи ҷарроҳӣ ба Ҳиндустони қадим тааллуқ дорад. Табибони ҳиндӣ ҳанӯз чандин аср пеш аз милод дар соҳаи ҷарроҳии барқарорсозӣ ва пластикӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида буданд. Дар ин замина номи Сушрута, ки яке аз табибони маъруфи Ҳиндустони қадим ба шумор меравад, махсусан қобили таваҷҷуҳ аст. Ӯ усулҳои гуногуни ҷарроҳиро тавсиф намуда, тарзи анҷом додани амалиёти барқарорсозии биниро пешниҳод кардааст.

Усули пешниҳоднамудаи Сушрута аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки дар он барои барқарор намудани қисми осебдидаи бинӣ аз лӯлаи пӯсти рӯй истифода мешуд. Ҷарроҳ аввал андозаи қисми норасидаи биниро муайян карда, қолаби онро омода менамуд. Сипас, мувофиқи он аз пӯсти рухсора ё пешонӣ порчаи муайянро бурида, онро тавре мегузаронд, ки пайвастагии он бо бофтаҳои аслӣ нигоҳ дошта шавад. Баъдан ин порча ба қисми осебдидаи бинӣ пайваст ва бо ришта дӯхта мешуд. Барои нигоҳ доштани шакли бинӣ ба сӯрохиҳои он найчаҳои махсус мегузоштанд. Ин усул аз ҷиҳати моҳият ба баъзе принсипҳои ҷарроҳии пластикии муосир шабоҳат дорад.

Сабаби паҳн гардидани чунин амалиёт дар Ҳиндустони қадим ба шароити иҷтимоии он давра низ вобаста буд. Дар он замон буридани бинӣ ҳамчун яке аз шаклҳои ҷазои судӣ истифода мешуд. Аз ин рӯ, шумораи зиёди одамон ба ҷарроҳони таҷрибадор барои барқарор намудани намуди зоҳирии худ муроҷиат мекарданд. Ҳамин зарурат боиси рушди усулҳои махсуси ҷарроҳии пластикӣ гардид.

Дониши ҷарроҳии Сушрута танҳо бо амалиёти барқарорсозии бинӣ маҳдуд намешуд. Ӯ беш аз 120 навъи асбобҳои ҷарроҳиро тавсиф кардааст, ки ба гурӯҳҳои гуногун, аз ҷумла кордҳо, арраҳо, қайчиҳо, зондҳо, катетерҳо, анбӯрҳо, пинсетҳо ва қалмоқҳо тақсим мешуданд. Аксари ин асбобҳо аз пӯлод сохта шуда, барои иҷрои амалиётҳои гуногуни тиббӣ истифода мегардиданд. Ҳамчунин, дар таҷрибаи ҷарроҳони он давра асбобҳои махсус барои шустани захмҳо, оинаҳо ва таҷҳизоти трепанатсия мавҷуд буданд.

Бо вуҷуди чунин дастовардҳо, ҷарроҳон дар тӯли асрҳои зиёд дар ҷомеаи тиббӣ мақоми баробар бо табибони дорои маълумоти расмии тиббиро надоштанд. Ҷарроҳӣ бештар ҳамчун ҳунари амалӣ пазируфта мешуд, на ҳамчун соҳаи мустақили илми тиб. Ин ҳолат боиси ҷудо мондани фаъолияти ҷарроҳон аз табибони назариявӣ гардида, ба рушди минбаъдаи ин соҳа низ таъсир мерасонд.

Марҳилаи муҳимтарини тағйирот дар таърихи ҷарроҳӣ ба нимаи дуюми асри XIX рост меояд. Маҳз дар ин давра ду дастоварди бузурги илмӣ -ҷорӣ намудани беҳисгардонӣ ва ташаккули усулҳои антисептикӣ ба амалияи ҷарроҳӣ ворид гардиданд. Беҳисгардонӣ имкон фароҳам овард, ки амалиётҳои ҷарроҳӣ бе эҳсоси дарди тоқатфарсо анҷом дода шаванд. Антисептика бошад, барои пешгирии сироятёбии захмҳо ва коҳиш додани хатари фавти беморон заминаи мусоид фароҳам овард.

Ин ду дастоварди бузург на танҳо шароити гузаронидани амалиётҳоро тағйир доданд, балки тамоми моҳияти ҷарроҳиро дигаргун сохтанд. Агар пештар ҷарроҳон бештар ба амалиётҳои фаврӣ ва нисбатан маҳдуд машғул мешуданд, пас аз ҷорӣ гардидани беҳисгардонӣ ва антисептика имконияти анҷом додани амалиётҳои мураккабтар ва дарозмуддат ба вуҷуд омад. Ҳамин тавр, ҷарроҳӣ тадриҷан аз як ҳунари таҷрибавӣ ба соҳаи мустақили илмӣ ва амалии тиб табдил ёфт.

Дар таърихи инкишофи ҷарроҳии муосир саҳми олимону ҷарроҳони барҷастаи ҷаҳон, аз ҷумла Николай Пирогов, низ ниҳоят бузург аст. Ӯ бо таҳқиқоти амиқи анатомӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави ҷарроҳӣ ва истифодаи усулҳои беҳисгардонӣ дар амалияи тиб ба рушди ҷарроҳии илмӣ заминаи муҳим гузошт. Мактаби ҷарроҳии Пирогов дар ташаккули анъанаҳои ҷарроҳии ҷаҳонӣ нақши назаррас бозидааст.

Дар асри XX ҷарроҳӣ бо суръати бесобиқа рушд намуд. Яке аз самтҳои муҳимтарини инкишофи он ҷарроҳии рагҳои хунгард ба ҳисоб меравад. Пешрафти донишҳои анатомӣ, физиологӣ, биохимиявӣ ва истифодаи таҷҳизоти нав имконият фароҳам оварданд, ки ҷарроҳон ба бемориҳое, ки қаблан табобаташон ниҳоят душвор ё номумкин буд, роҳҳои нави муолиҷа пайдо намоянд.

Имрӯз ҷарроҳӣ яке аз соҳаҳои пешсафи илми тиб буда, дар самтҳои гуногун, аз ҷумла ҷарроҳии дилу рагҳо, асаб, узвҳои дохилӣ, ҷарроҳии пластикӣ ва барқарорсозӣ, инчунин ҷарроҳии каминвазивӣ рушд мекунад. Истифодаи технологияҳои рақамӣ, таҷҳизоти эндоскопӣ ва системаҳои роботӣ имкониятҳои ҷарроҳонро боз ҳам васеъ намуда, барои баланд бардоштани дақиқӣ ва самаранокии амалиётҳо мусоидат мекунад.

Таърихи ҷарроҳӣ ба таври равшан нишон медиҳад, ки ин соҳа аз таҷрибаҳои одии инсонҳои давраи ибтидоӣ то технологияҳои мураккаби тиббии асри XXI роҳи тӯлонии рушдро тай кардааст. Он ҳамчунин собит месозад, ки ҳар як дастоварди бузурги тиббӣ натиҷаи мушоҳида, таҷриба, ҷустуҷӯи илмӣ ва заҳмати наслҳои пайдарпайи табибон мебошад. Аз ин рӯ, омузиши таърихи ҷарроҳӣ на танҳо барои шинохти гузаштаи тиб, балки барои дарки арзиши дастовардҳои муосир ва муайян намудани самтҳои ояндаи рушди он аҳаммияти бузург дорад.

Манбаъ:

Мирский М.Б. Хирургия от древности до современности. Очерки истории. – Москва: Наука, 2001. – 798 с., илл.

Маводи таҳлилӣ дар асоси мақолаи «О том, как хирурги стали врачами» // Независимая газета. – 24 января 2002 г.
https://www.ng.ru/ng_exlibris/2002-01-24/4_surgeons.html

Таҳия ва тарҷумаи Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


28.11.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php