БУЗУРГДОШТИ РОБИАИ БАЛХӢ АРҶГУЗОРӢ БА САҲМИ ЗАН ДАР ТАМАДДУНИ ФОРСУ ТОҶИК

БУЗУРГДОШТИ РОБИАИ БАЛХӢ АРҶГУЗОРӢ БА САҲМИ ЗАН ДАР ТАМАДДУНИ ФОРСУ ТОҶИК

Дар солҳои истиқлол таваҷҷуҳ ба эҳёи мероси фарҳангӣ ва шинохти шахсиятҳои таърихӣ густариш ёфтааст. Бо ҳидоят ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир осори таърихӣ ва фарҳангии миллат аз нав ба табъ расида, дастраси омма мегарданд. Ин раванд ба боло рафтани худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихӣ ва шинохти шахсиятҳои барҷастаи илму адаби тоҷик мусоидат мекунад.

 

Имсол ҳам бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Қатънома аз ҷониби ЮНЕСКО дар мавриди бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 нишони равшани эътирофи байналмилалии мероси гаронбаҳои адабии миллати тоҷик буда, мақому манзалати ин бонуи суханро дар фазои фарҳанги ҷаҳонӣ бори дигар таъйид менамояд.

 

Робиаи Балхӣ нахустин шоири зан дар адабиёти форсу тоҷик ба шумор меравад, ки номи ӯ дар таърихи адабиёти дарӣ бо эҳтиром зикр мешавад. Ӯ дар асри Х дар шаҳри Балх, ки яке аз марказҳои муҳими фарҳангӣ ва илмии Хуросони бузург ба шумор мерафт, ба дунё омадааст. Балх дар он давра муҳити созгори илму адаб дошт ва ташаккули завқи бадеии Робиа низ дар ҳамин фазо сурат гирифтааст. Дар бораи зиндагонии ӯ манобеи таърихӣ маълумоти муфассал намедиҳад, аммо аз ривоётҳо чунин бармеояд, ки Робиа духтари Кааб яке аз ҳокимони Балх буда, аз саводу фарҳанги баланд бархурдор будааст. Дар чанде аз тазкираҳо ва манобеи адабӣ аз ашъори ошиқона ва маҳорати ҳунарии ӯ ёдовар шудаанд. Шеърҳои нисбатдодашуда ба Робиа аз завқи баланди суханварӣ ва эҳсоси нозуки ботинии ӯ гувоҳӣ медиҳанд.

Ишқи ӯ боз андаровардам ба банд,

Кӯшиши бисёр н-омад судманд.

Ишқ дарёе каронанопадид,

Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд!

Ишқро хоҳӣ, ки то поён барӣ,

Бас ки бипсандид бояд нописанд.

Зишт бояд диду ангорид хуб,

Заҳр бояд хӯрду ангорид қанд.

Тавсанӣ кардам, надонистам ҳаме,

 К-аз кашидан сахттар гардад каманд.

 

Қисаи ишқи фоҷиавии Робиа ва ғуломи ҷавон Бектош, ки дар асри XIII аз ҷониби Фаридаддини Аттор ба риштаи назм кашида шудааст, симои ӯро ҳамчун рамзи ишқи пок ва фидокорона муаррифӣ менамояд. Гарчанде ҷузъиёти ин ривоят хусусияти афсонавӣ дорад, аммо маҳз ҳамин ривояти адабӣ номи Робиаро дар таърихи фарҳанг устувор гардонидааст. Симои ӯро ҳамчун рамзи муҳаббат, озодандешӣ ва истодагарӣ дар баробари маҳдудиятҳои иҷтимоӣ муаррифӣ кардааст.

 

Агар бар пояи баъзе ривоятҳо назар афканем, Робиаро ҳамзамони Рӯдакӣ медонанд ва ҳатто зикр мешавад, ки устод ба ашъори ӯ баҳои баланд додаст. Шеърҳои ӯ бештар мазмуни ишқӣ дошта, дар онҳо ҳолати равонӣ, изтироб, вафодорӣ ва дард бо содагӣ ва самимияти хос ифода ёфтааст. Робиа дорои се девон мебошад, ки аз он ҳамагӣ 55 байт то замони мо омада расидааст.

 

Ҳарчанд аз осори Робиа миқдори маҳдуд боқӣ мондааст, ҳамин намунаҳои андак низ аз истеъдоди баланд, эҳсоси нозуки занона ва ҷасорати баёни фикр шаҳодат медиҳанд. Муҳим аз ҳама он аст, ки ӯ дар даврае ба суханварӣ пардохтааст, ки фаъоляти иҷтимоиву фарҳангии занон хеле маҳдуд буд. Ҳамин воқеият худ аз ҷасорати маънавии вай дарак медиҳад. Ӯ на танҳо ҳамчун шоир, балки ҳамчун шахсияти озодандеш дар таърихи фарҳанги мо ҷойгоҳ дорад.

 

Бузургдошти 1050-солагии Робиаи балхӣ дар сатҳи байналмилалӣ на танҳо арҷгузорӣ ба як шахсияти таърихист, балки эътирофи саҳми зан дар ташаккули тамаддуни форс-тоҷик мебошад. Ин иқдом нишон медиҳад, ки мероси адабии мо қисми ҷудонашавандаи фарҳанги ҷаҳонист ва метавонад дар густариши гуфтугӯи фарҳангҳо нақши муассир бозад.

 

Дар шароити ҷаҳонишавӣ эҳёи чунин шахсиятҳо барои таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва пайванди наслҳо аҳамияти хос дорад. Робиаи Балхӣ имрӯз метавонад ҳамчун рамзи ирода, садоқат ба арзишҳои маънавӣ ва ҷасорати фикрӣ муаррифӣ гардад.

 

Бузургдошти солгарди ӯ дар сатҳи байналмилалӣ қадами муҳиме дар роҳи муаррифии арзишҳои миллии тоҷикон буда, барои таҳкими пояҳои худшиносии фарҳангӣ ва эҳтиром ба мероси адабӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

 

 

Эҷобати Эмомалӣ -ассистенти кафедраи гистология     


04.03.2026 75

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php