БУНЁДИ ОИЛАИ СОЛИМ - АСОСИ ҶОМЕАИ СОЛИМ

БУНЁДИ ОИЛАИ СОЛИМ - АСОСИ ҶОМЕАИ СОЛИМ

Санаи 15 апрели соли 2026 ҳайати кормандони кафедраи нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб бахшида ба Рӯзи оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Бунёди оилаи солим - асоси ҷомеаи солим» бо иштироки донишҷӯёни курси 4-уми гурӯҳҳои 69 ва 72-и факултети тиббӣ чорабинии маърифатӣ баргузор намуданд.

Дар чорабинӣ ҳайати устодон ва донишҷӯён, дар маҷмуъ 30 нафар, фаъолона иштирок карданд. Семинарро муаллимаи калони кафедра Комилова Г. И. оғоз намуда, таъкид карданд, ки маърифат, фарҳанг ва ахлоқи ҳар як давлат, пеш аз ҳама, аз одобу дониш ва маданияти оиладорӣ сарчашма мегирад. Қайд гардид, ки аз аҳди тамаддуни ориёӣ то имрӯз оила ва оиладорӣ ҳамчун арзиши муқаддас ва пояи устувори давлатдорӣ эътироф шудааст.

Зимни баргузории чорабинӣ махсус таъкид шуд, ки дар ҷомеаи муосири тоҷик оила яке аз муҳимтарин ниҳодҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар интиқоли арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ байни наслҳо нақши муассир дорад. Оила ҳамчун пойдевори ҷомеа дар ташаккули шахсият, иҷтимоишавии фарзандон ва тарбияи насли солим саҳми бузург мегузорад.

Иштирокдорон инчунин ба мазмун ва аҳаммияти моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад ва барои таҳкими он пайваста тадбирҳои муассир меандешад.

Дар идома муаллимаи калони кафедра Махмудова Д. Ш. дар мавзуи «Бунёди оилаи солим - асоси ҷомеаи солим» маъруза намуда, зикр карданд, ки устувории оила ба сатҳи маърифатнокии ҷомеа, рушди босуръати давлат ва беҳбудии некӯаҳволии мардум таъсири бевосита мерасонад. Қайд гардид, ки маҳз оилаи солим метавонад дар тарбияи фарзандони ватандӯст, меҳанпараст ва худшинос заминаи мусоид фароҳам оварад.

Ҳамчунин зимни баромадҳо таъкид шуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ борҳо ба масъалаи таҳкими оила, ҳифзи ҳуқуқҳои аъзои он, тарбияи насли солим ва пешгирии зӯроварӣ дар ҷомеа диққати ҷиддӣ зоҳир намудаанд. Зикр гардид, ки оилаи солим бар меҳру муҳаббат, садоқат, эҳтироми ҳамдигар ва масъулияти муштарак бунёд ёфта, маҳз чунин муҳит асоси ҷомеаи солим ва пешрафтаи кишвар мебошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокдорон оид ба нақши муҳими оила дар тарбияи насли ояндасоз, таҳкими арзишҳои миллӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа мубодилаи афкор намуда, баргузории чунин семинарҳои маърифатиро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд.

 


Кафедраи нигаҳдории тандурустии

ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб


16.04.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php