БОЗДИДИ МАЪРИФАТӢ БА ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

БОЗДИДИ МАЪРИФАТӢ БА ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 16 апрели соли 2026 кормандони кафедраи тибби судӣ бо ҳамроҳии донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ, гурӯҳҳои 47 ва 48, бо мақсади баланд бардоштани маърифати таърихиву фарҳангӣ ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид анҷом доданд.

Осорхонаи мазкур ҳамчун яке аз марказҳои муҳими фарҳангии кишвар тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011 таъсис ёфта, 20 марти соли 2013 дар шаҳри Душанбе бинои нави он расман мавриди истифода қарор дода шудааст. Имрӯз осорхона дорои коллексияи ғанӣ аз ашёҳои нодири таърихӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва бозёфтҳои арзишманди фарҳангӣ мебошад.

Зимни боздид донишҷӯён бо шавқу ҳаваси зиёд аз толорҳои гуногуни осорхона дидан намуда, бо таърихи қадим ва тамаддуни бойи миллати тоҷик аз наздик шинос гардиданд. Ҳар як шуъбаи осорхона ба таври ҷолиб ва омӯзанда ташкил гардида, таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб менамояд.

Чунин ташаббусҳо дар самти тарбияи маънавӣ ва худшиносии миллӣ нақши муҳим дошта, ба болоравии ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба мероси таърихии миллат мусоидат менамоянд. Боздид аз чунин марказҳои фарҳангӣ барои донишҷӯён на танҳо фароғат, балки як дарси зиндаи таърих ва фарҳанг ба ҳисоб меравад.


18.04.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php