БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
Бо ташаббуси ассистентҳои кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона Муродова Ф. С. ва Раҳмонова З. Э., санаи 9 апрели соли 2026 донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббӣ ба Осорхонаи миллӣ боздиди фарҳангӣ анҷом доданд.
Зимни боздид донишҷӯён бо таъриху тамаддуни куҳани миллати тоҷик, осори нодири таърихӣ, бозёфтҳои археологӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои фарҳангии кишвар аз наздик шинос гардиданд.
Қайд гардид, ки Осорхонаи миллӣ яке аз бузургтарин муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар маркази шаҳри Душанбе, дар назди Боғи Парчами миллӣ ҷойгир мебошад. Осорхона таъриху фарҳанги халқи тоҷикро аз давраҳои қадим то замони муосир фаро гирифта, барои баланд бардоштани ҷаҳонбинии таърихиву фарҳангии ҷавонон нақши муҳим дорад.
Донишҷӯён аз толорҳои гуногуни намоишӣ, аз ҷумла бахшҳои таърихи қадим ва бостоншиносӣ, таърихи асрҳои миёна, таърихи нав ва муосир, санъати тасвирӣ ва амалӣ дидан намуда, оид ба нигораҳои нодир маълумоти муфассал гирифтанд.
Чунин сафарҳои маърифатӣ барои тақвияти ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба мероси таърихиву фарҳангӣ ва ғанӣ гардонидани ҷаҳонбинии донишҷӯён аҳамияти калон доранд
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона