БОЗ ЯК ХУШХАБАРИ НАВБАТӢ
29 октябри соли 2026 дар бинои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими ҷоизасупории ғолибони даври чоруми (ҷумҳуриявии) Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» дар ин озмуни бонуфузи ҷумҳуриявӣ донишу малака ва қобилияти баланди илмии худро нишон дода, аз рӯйи номинатсияи «Биология» сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Аз ҷумла:
1. Улуқов Диловар, донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ, гурӯҳи 58, сазовори ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ ба маблағи 50 000 сомонӣ қадрдонӣ шуд. Роҳбари илмӣ – Шахсуфбекова О.М.
2. Абдуллоев Диёрбек, донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ, гурӯҳи 81, сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ ба маблағи 30 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд. Роҳбари илмӣ – Ризозода О.А.
Ин дастоварди назаррас бозгӯи сатҳи баланди омодагии илмии донишҷӯён, фаъолияти самараноки устодон ва таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти Донишгоҳ ба рушди неруи зеҳнӣ, таҳкими фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод мебошад.
Иштироки муваффақонаи донишҷӯёни Донишгоҳ дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ аз талошу кӯшишҳои пайвастаи онҳо дар роҳи азхудкунии донишҳои муосир ва рушди тафаккури илмӣ шаҳодат медиҳад.
Раёсат ва ҳайати профессорону омузгорони Донишгоҳ ғолибон ва роҳбарони илмии онҳоро бо ин дастоварди арзанда самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву таълимӣ барояшон комёбиҳои навин ва муваффақиятҳои бештар орзу менамоянд.