БО ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

БО ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Дирӯз, 22-уми июл дар МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ВАО - рӯзноманигорони варзида ва хабарнигорони расонаҳои гуногуни кишвар иштирок намуданд.

Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ доктори илмҳои тиб, профессор, ректори Донишгоҳ нахуст, рӯзноманигорони кишварро ҷиҳати инъикоси масоили вобаста ба Донишгоҳ ва иштироки онҳо дар нишасти навбатии матбуотӣ изҳори ташаккурӣ намуд.

Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ д.и.т, профессор: Роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» дар 6 моҳи аввали соли 2025 фаъолияти худро дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои протоколии маҷлиси Ҳукумат ва маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияю барномаҳои соҳаи тандурустӣ ва маориф, қарору фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои олимон ва Раёсати донишгоҳ ба роҳ монда, ба дастоварҳои назаррас дар самти таълиму тарбия, таҳқиқоти илмӣ, корҳои муолиҷавӣ ва пурзӯр кардани пойгоҳи моддию техникии донишгоҳ ноил гардиданд.      

Аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ҷаҳонишавии таҳсилот, ҷараёни рушди илм ва талаботи имрӯза ба раванди таҳсилотро ба назар гирифта, «Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино то соли 2025» таҳия гардида, дар самтҳои афзалиятнок корбарӣ шуда истодааст.

Дар сохтори донишгоҳ Хадамоти ректор, 3 раёсат, 12 шуъба, 8 бахш, 12 марказ, 5 факултет (тиббӣ, педиатрӣ, тиббӣ-профилактикӣ, стоматологӣ, фармасевтӣ), Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ, 62 кафедра, аз ҷумла, 36 кафедраи клиникӣ, 18 кафедраи тибби назариявӣ ва 8 кафедраи умумитаълимӣ, 20 шӯро ва 27 озмоишгоҳи таълимию илмӣ фаъолият мекунанд. Кафедраҳои клиникии донишгоҳ дар пойгоҳҳои 45 муассисаҳои табобатию профилактикӣ ҷойгир аст, ки аз онҳо 15 муассисаи тобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 30 муассисаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар донишгоҳ теъдоди донишҷӯён 13772 нафарро ташкил медиҳад ва якҷоя бо муҳассилини баъдидипломии илмӣ ва муолиҷавӣ (2120 нафар) теъдоди умумии таҳсилкунандагони донишгоҳ 15892 нафарро ташкил мекунад. Аз 13772 нафар донишҷӯён, дар факултети тиббӣ - 9578 нафар (69,6%), педиатрӣ - 1006 нафар (7,3%), стоматологӣ - 2198 нафар (15,9%), фармасевтӣ - 425 нафар (3,1%) ва тиббӣ-профлактикӣ - 565 нафар (4,1%) донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Теъдоди донишҷӯён нисбат ба соли таҳсили гузашта 7,5% афзудааст ва аз 12734 ба 13772 нафар расидааст. Теъдоди донишҷӯдухтарон нисбат ба соли гузашта 0,9% зиёд шуда, 6721 нафарро ташкил мекунад, ки нисбат ба шумораи умумии донишҷӯён 48,8%-ро ташкил медиҳад.

Дар соли 2025 дар донишгоҳ 1890 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 26 давлати дунё таҳсил намуда истодаанд, ки аз онҳо дар сатҳи тодипломӣ 1857 нафар донишҷӯён ва баъдидипломии илмӣ 16 нафар, баъдидипломии муолиҷавӣ 17 нафар аз Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эфиопия, Финландия, Руанда, Зимбабве, Афғонистон ва Федератсияи Россия таҳсил мекунанд.

Дар донишгоҳ таҳсил бо се забон - давлатӣ, русӣ, англисӣ ба роҳ монда шудааст ва фазои таълимӣ бо забони русӣ нигоҳ дошта шуда, миқдори гурӯҳҳои бо забони русӣ таҳсилкунанда 472 - 58,5%, бо забони давлатӣ таҳсилкунанда 236 - 29,2% ва бо забони англисӣ таҳсилкунанда 99 - 12,3%-ро ташкил дода, донишҷӯён дар маҷмуъ дар 807 гурӯҳи академӣ таҳсил менамоянд.

Теъдоди умумии кормандони донишгоҳ бо ҳамкорон 2028 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 1084 (53,5%) нафар занҳо мебошад. Аз ҷумла, шумораи кормандони асосӣ 1612 нафар аст, ки аз онҳо 895 (55,5%) нафар занҳо мебошад. Шумораи умумии ҳайати профессорону омӯзгорони (ҲПО) донишгоҳ 1261 нафар буда, 651 нафар (51,6%) занҳо ва 974 нафарашон омӯзгорони асосӣ, ки аз онҳо 512 (52,6%) нафарашон занҳо мебошанд. Аз шумораи омӯзгорони асосӣ, 458 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, дараҷанокии илмӣ дар донишгоҳ нисбат ба соли гузашта 1,4% афзуда, ба 47,0% расидааст. Аз онҳо, 108 нафар докторони илм, профессор аз ҷумла 3 нафар академик, 5 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳо ва 350 нафар номзадони илм, дотсентон ва 516 нафар муаллимони калон ва ассистентонро ташкил медиҳад. Омӯзгорони ҷавони то синни 35 сола, 339 нафар (34,8%) мебошанд. Синну соли миёнаи ҲПО 46 солро ташкил медиҳад.

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ ва ҳамаи барномаҳои таълимии ихтисосҳои донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, дорои сертификатҳои байналмилалӣ мебошад.


1.    НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025

1.1.    МУКАММАЛСОЗИИ ҶАРАЁНИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фармасевтӣ аз рӯи 5 ихтисос: «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа», «Стоматология» ва «Фарматсия» мутахассис омода менамояд.

Инчунин, бо назардошти талаботи соҳаи тандурустии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии озмоишҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷозатномаи фаъолияти таълимӣ 2 ихтисоси нав - «Биохимияи клиникӣ» ва «Психологияи тиббӣ» илова карда шуд, ки қадами нав дар рушди ин соҳаҳои муҳим мебошад. Қабул ба ин ихтисосҳои нав аз соли нави таҳсили 2025-2026 ба роҳ монда шуд.

Донишгоҳ аллакай заминаи мусоидро барои омода намудани мутахассисони босалоҳияти самти озмоиши клиникӣ омода намудааст. Вобаста ба ин, дар пойгоҳи Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии донишгоҳ дастгоҳҳои муосири озмоишӣ харидорӣ гардидаанд.

Барои таъмини таҳсилоти босифат баҳри омода намудани мутахассисони самти психологияи тиббӣ созишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи тадқиқотии тиббии Приволжски Федератсияи Россия ва Донишгоҳи улумпизишкии Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расонида шуд. Дар доираи ин созишномаҳо мубодилаи академии омӯзгорон, таҷрибаомӯзӣ ва машғулиятҳои муштарак амалӣ карда мешаванд, ки аз рӯи барномаҳои нави таълимӣ мутахассисон омода карда мешаванд.

Дар донишгоҳ аз рӯйи 40 тахассус омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар зинаи таҳсилоти баъдидипломӣ, аз ҷумла, таҳсил дар зинаи интернатура, ординатураи клиникӣ, ихтисосгирии аввалия, магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) ва докторантура ба роҳ монда шудааст.

Роҳбарияти донишгоҳ дар ин давра, Стандарти давлатии ординатураи клиникиро таҳия намуд, ки ин низоми таҳсилоти баъдидипломиро ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ месозад. Ин иқдом боз як қадами созанда дар ислоҳоти таҳсилоти баъдидипломӣ ба ҳисоб меравад, ки дар баланд гардидани сифати таҳсилот мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, дар Маркази таҳсилоти баъдидипломии донишгоҳ такмили ихтисос, бозомӯзии касбӣ ва ихтисосгирии аввалия барои табибон ва омӯзгорон аз рӯйи ҳамаи равияҳои тиб ба роҳ монда шудааст.

Барномаҳои кории (силлабусҳои) ҳамаи ихтисосҳо таҷлили назар ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шуда, истифодаи усулҳои муосири таълимдиҳӣ, симуляторҳои муосири таълимӣ, технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ васеъ ба роҳ монда шуданд ва платформаҳои рақамӣ барои омӯзиш ва идоракунии раванди таълим ва коргузорӣ ҷорӣ карда шуданд.

Талошу кушиши роҳбарияти донишгоҳ барои таъмини таҳсилоти босифат равона карда шудааст, ки аз салоҳиятнокии омӯзгорон вобастагии зиёд дорад. Вобаста ба ин роҳбарияти донишгоҳ ба рушди салоҳиятнокии омӯзгорон ва ҳавасмандгардонии онҳо аҳмияти бештар медиҳад.

Роҳбарияти донишгоҳ барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаҳои касбии омӯзгорон пайваста чораҷӯӣ менамояд. Вобаста ба ин, дар донишгоҳ Маркази рушди омӯзгор таъсис дода шудааст, ки пайваста барои баланд бардоштани салоҳияти педагогии омӯзгорон семинар ва курсҳои омӯзишӣ баргузор мегардад. Дар 6 моҳи аввали соли 2025 дар Маркази рушди омӯзгори донишгоҳ барои баланд бардоштани салоҳияти педагогии 61 нафар омӯзгорон семинарҳо ва курсҳои омӯзишӣ баргузор карда шуд. Инчунин, барои 187 нафар омӯзгорони бо забони англисӣ таълимдиҳандаю кормандони донишгоҳ бо ҷалби мутахассисон курси омӯзиши забони англисии ихтисосӣ ташкил ва гузаронида шудааст ва дар самтҳои мазкур корбарӣ давом дода шуда истодааст.

Таҳсили 18 нафар донишҷӯёни донишгоҳ тибқи мубодилаи академӣ дар давраи семестри баҳорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ба роҳ монда шуда, 61 нафар омӯзгорони донишгоҳ дар доираи мубодилаи академӣ барои хондани лексияҳою гузаронидани машғулиятҳо ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ва иштирок дар чорабиниҳои таълимию илмии хориҷӣ сафарбар карда шуданд. Инчунин, 27 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ барои таҳсил дар давраи семестри баҳорӣ ва 107 нафар омӯзгорони хориҷӣ дар доираи мубодилаи академӣ барои хондани лексияҳою гузаронидани машғулиятҳо ба донишҷӯёни донишгоҳ ва иштирок дар чорабиниҳои таълимию илмӣ ба донишгоҳ ташриф оварданд.

Қобили зикр аст, ки Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» аввалин муассисаи олии касбии кишвар мебошад, ки аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ ва ба пуррагӣ барномаи таълимии ихтисосҳояшро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохта, соҳиби сертификати мутобиқат ба стандарти Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ гардидааст.

Дар натиҷа, сифати таълим ва дасразхудкаунии донишҷӯёни донишгоҳ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беҳтар гардида, дар сессияи имтиҳонии зимистона сифати таълим 16,6% ва дараҷаи дарсазхудкунӣ 1,4% афзуда, сифати таълими донишҷӯён 65,4% ва дараҷаи дарсазхудкунӣ 92,9%-ро ташкил намуд.

Боиси ифтихормандӣ аст, ки ҳангоми аттестатсияи навбатии давлатӣ, фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳро ба инобат гирифта, донишгоҳ аз ҷониби роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ифтихорнома сазовор дониста шуд. Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро яке аз муассисаҳои пешсаф дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва ташаккулёбанда арзёбӣ намуд, ки дар қиёси 5 соли охир аз рӯи нишондодҳои Агентӣ пешравиҳои назаррас дида мешавад.

Бо ин дастовардҳо имрӯз мавқеъ ва мақоми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар арсаи байналмилалӣ устовор гардида, таҳсилоти тиббии ҷумҳурӣ байни кишварҳои хориҷӣ ҷолиб ва самарабахш гардидааст.

 

2.2. ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲО БАРОИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Дар донишгоҳ ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботи стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ бо истифодаи васеи технологияи муосири таълимӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудааст. Роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати амалӣ намудани мақсадҳои худ дар ҳамаи самтҳои фаъолият нақшаи чорабиниҳо таҳияву тасдиқ намуда, татбиқи онҳоро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ дар соҳаи тандурустӣ корҳои зиёдро ба анҷом расонидааст.

Соли 2025 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро 2152 нафар хатм карданд, ки аз онҳо 1845 нафар донишҷӯёни ватанӣ ва 307 нафар донишҷӯён аз 12 давлати хориҷӣ бомуваффақият хатм карда, сазовори номи пуршарафи табиб гардиданд. Аз ҷумла, факултети тиббиро 1623 нафар, факултети педиатриро 113 нафар, факултети стоматологиро 317 нафар, факултети фармасевтиро 52 нафар ва факултети тиббӣ-профилактикиро 47 нафар хатм карданд. Аз шумораи умумии хатмкунандагон 11 нафар бо ахлоқи намунавию хониши аъло ба гирифтани Дипломи аъло шарафёб гардиданд.

Қобили зикр аст, ки ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар баробари иҷрои нақшаи омодасозии мутахассисони соҳаи тибби кишвар, инчунин барои давлатҳои хориҷӣ мутахассисонро омода менамояд, ки дар соли ҷорӣ 307 нафар аз 12 кишвари хориҷӣ донишгоҳро хатм намуданд. Ин ҳам бошад, аз рақобатпазир будани таҳсилоти кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар баробари зинаи мутахассис, инчунин дар зинаи таҳсилоти баъдидипломӣ аз рӯи барномаи интернатура ва ординатураи клиникӣ таҳсилот ба роҳ монда шудааст, ки аз рӯи 40 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад.

Дар соли 2025 зинаи ординатураи клиникиро 707 нафар ва интернатураро 201 нафар хатм намуда, аз аттестатсия гузашта, соҳиби дипломи тахассусӣ гардиданд ва барои фаъолияти пурсамар ва хизмат ба халқу давлат ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ сафарбар гардиданд.

Ординаторони клиникӣ ва интернаҳо аз ҷониби комиссияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳогузорӣ гардиданд, ки ба салоҳияти касбии онҳо баҳои мусбӣ дода шуд.

Таҳсилот дар ординатураи клиникӣ ва интернатура зинаи ҳатмӣ ва асосии ихтисосгирӣ ва салоҳиятҳои касбӣ ба ҳисоб меравад, ки пайваста мукаммал карда мешавад. Аз ҷумла, имтиҳони ординаторони клиникӣ ва интернаҳо бо истифодаи таҷҳизотҳои муосири тиббии симулятсионӣ ва беморони маҷозӣ дар Маркази омӯзиши симулятсионии донишгоҳ ба роҳ монда шудааст, ки ба малакаҳои амалии онҳо баҳо дода мешавад. Истифодаи чунин усулҳои муосири таълимдиҳӣ ва баҳодиҳӣ барои баланд бардоштани салоҳиятнокии табибони ҷавон нақши муҳим мебозад.

 

2.3. ФАЪОЛИЯТИ ТАРБИЯВӢ, ФАРҲАНГӢ ВА ҒОЯВӢ

Роҳбарияти донишгоҳ фаъолияти тарбиявӣ, фарҳангӣ ва ғоявиро дар асоси дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботи Консепсияи миллии тарбия, вазифагузориву санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ бо мақсади таъмини иҷрои амалии ҳадафҳои стратегӣ ба роҳ монда, дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар донишгоҳ бо мақсади ташвиқу тарғиби сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии донишҷӯён ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия намудани насли ҷавон силсилаи чорабиниҳо доир гардида, унсурҳои Консепсияи миллии тарбия ба таври назаррас татбиқ карда мешаванд.

Роҳбарияти донишгоҳ дар ташвиқу тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани маърифати сиёсии донишҷӯён, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия намудани насли ҷавон силсила чорабиниҳои гуногунро ташкил ва баргузор менамояд ва донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ ҳамаи чорабиниҳою озмунҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Дар 6 моҳи аввали соли 2025 вобаста ба тарбияи ғоявӣ, сиёсӣ, тарбияи миллӣ, ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбияи маърифатӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ, тарбияи гуманистӣ, тарбияи ҷисмонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи ҳуқуқии донишҷӯён як қатор силсилачорабиниҳои зеҳнӣ, илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ- фароғатӣ, варзишӣ, озмунҳои донишгоҳӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ва дигар маҳфилҳо бо теъдоди 98 чорабинӣ ва дар сатҳи кафедраҳою сатҳи донишгоҳӣ 51 чорабинӣ гузаронида шуд.

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ низ донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштироки фаъол намуда, ғолибият ба даст оварданд. Дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 7 нафар донишҷӯён аз руйи 3 номинатсия сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, ба даври сеюм роҳхат гирифтанд; дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Ҳар он кас, ки Шоҳномахонӣ кунад...» миёни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ донишҷӯдухтари донишгоҳ сазовори ҷойи 3-юм гардид; дар мусобиқаи волейбол миёни бонувон барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» дастаи волейболбозони «Шифо»-и донишгоҳ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

   

                

2.4. САҲМИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ ДАР РУШДИ ИЛМИ ТИБ,

ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ ВА ТАҲСИЛОТИ БАЪДИДПЛОМӢ

Дар 6 моҳи аввали соли 2025 аз ҷониби олимони донишгоҳ амалисозии 13 лоиҳаҳои илмии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ва 13 мавзуъҳои илмии кафедраҳо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, 2 лоиҳаи илмӣ-тадқиқотӣ аз тарафи гранти Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

Дар донишгоҳ тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар зинаҳои аспирантура, докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD), унвонҷӯ ва докторантура ба роҳ монда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 82 нафар (33 нафар зан) дар зинаи аспирантура, 47 нафар (8 нафар зан) дар зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD), дар зинаи докторантура 54 нафар (18 нафар зан) ва дар зинаи магистратура 15 нафар (5 нафар зан) ба таҳсил ва фаъолияти илмӣ фаро гирифта шудаанд. Шумораи унвонҷӯёни дараҷаи номзади илмҳо 205 нафар (81 нафар зан) мебошанд.

Дар донишгоҳ 8 Шӯрои диссертатсионӣ, аз ҷумла як Шӯро дар назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия ва 7 Шӯро дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар 6 моҳи аввали соли 2025 дар Шӯроҳои диссертатсионии донишгоҳ вобаста ба ихтисосҳо 34 рисолаи илмӣ (5 рисолаи илмии докторӣ, 24 рисолаи илмии номзадӣ ва 5 рисолаи илмии доктор PhD) ҳимоя карда шудааст. Инчунин, омӯзгорони донишгоҳ дар Шӯроҳои диссертатсионии берун аз донишгоҳӣ 11 рисолаи илмӣ (9 рисолаи илмии номзадӣ ва 2 рисолаи илмии доктор PhD) ҳимоя намуданд. Ҳамчунин, 4 нафар шаҳрвандони Судан, Афғонистон, Федератсияи Россия ва Ӯзбекистон дар Шӯрои диссертатсионии донишгоҳ рисолаҳои илмии номзадӣ ҳимоя намуданд.

Дар 6 моҳи аввали соли 2025 аз ҷониби олимони донишгоҳ барои соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ва донишгоҳ 45 нафар кадрҳои илмӣ тайёр карда шуд, ки аз онҳо 5 нафар докторони илмҳо, 33 нафар номзадони илмҳо ва 7 нафар докторони PhD аз рӯи ихтисос мебошанд.   

Фаъолияти зеҳнии олимони донишгоҳ вусъат ёфта, дар 6 моҳи соли 2025 аз тарафи олимони донишгоҳ 6 монография таҳия ва чоп шудааст, шаҳодатномаи 12 ихтироот ва 35 пешниҳоди навоварӣ ба даст оварда шуда, дар истеҳсолот (ташхису табобати беморон) ворид карда шудааст.

Дар 6 моҳи соли 2025 таълифоти илмии олимони донишгоҳ афзуда, 3145 ададро ташкил дод, ки аз онҳо 2442 фишурда мебошад. Дар маҷалаҳои эътирофшудаи КОА ФР - 25 ва КОА ҶТ - 61 адад мақолаҳои илмӣ ва инчунин 23 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи SCOPUS ба чоп расид. Ин нишондодҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар гардидааст, ки аз самаранокии фаъолияти илмии олимони донишгоҳ шаҳодат медиҳад.

Таваҷҷуҳи устодону донишҷӯёни донишгоҳ сол аз сол ба таҳқиқи самтҳои гуногуни илми тиб бештар гашта истодааст, ки иштироки онҳо дар чорабиниҳои илмии дохилию хориҷӣ далели ин гуфтаҳост. Дар 6 моҳи соли 2025 устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар бештар аз 45 чорабиниҳои таълимию илмии донишгоҳҳои Россия, Белоруссия, Малдовия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Тайланд, Туркия, Британияи Кабир, Олмон, Ҷопон, Австрия, Литва, Испания, Қувайт, Тайланд иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки донишгоҳ муассиси 3 маҷаллаи илмӣ-амалӣ мебошад. Маҷаллаи илмӣ-амалии «Авҷи Зуҳал» бо забони давлатӣ ба табъ расонида мешавад, ки ба феҳристи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷаллаи илмӣ-амалии «Паёми Сино» («Вестник Авиценны») бо забони русӣ ва англисӣ нашр мегардад, ки ба реестри КОА Федератстяи Россия, КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Боиси ифтихор аст, ки маҷаллаи «Паёми Сино» («Вестник Авиценны») дар минтақаи Осиёи марказӣ аввалин маҷаллаи илмӣ-амалӣ мебошад, ки ба «Скопус» («Scopus»)  - Пойгоҳи ҷаҳонии маълумотии библиографии адабиёти илмии тақризшаванда ворид мебошад. Мавқеъ ва манзалати маҷаллаи мазкур байни ҷомеаи илмии минтақа хеле баланд буда, мақолаҳои илмии олимони маъруф дар он нашр мешаванд, ки боиси қаноатмандист. Инчунин маҷаллаи нави сеюми Донишгоҳ «Илм ва таҳсилот» («Наука и образование») аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти рақами №329 МҶ-97 аз санаи 22 феврали соли 2024 Шаҳодатномаи иҷозатро гирифт ва нахустнашри аввали ин маҷалла бо фарогирии мақолаҳои олимони донишгоҳ ва беруна нашр гардид.

Дар донишгоҳ барои иҷрои корҳои илмӣ ва рушди зеҳнию эъҷодии донишҷӯёну муҳассилин шароити муфид фароҳам оварда шуда, таваҷҷуҳи донишҷӯёну ҷавонони донишгоҳ ба корҳои илмию тадқиқотӣ, зеҳнию эъҷодӣ ва иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявию олимпиадаҳои байналмиллалӣ афзуда истодааст:

·   Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯи маърифат» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 23 нафар донишҷуёни донишгоҳ сазовори ҷойҳои ифтихории зерин гардиданд:

    Аз рӯи номинатсияи математика (арифметика, алгебра, геометрия) 2 нафар сазовори ҷойи II ва III;

    Аз рӯи номинатсияи физика ва астрономия 4 нафар сазовори ҷойи I, II ва III;

   Аз рӯи номинатсияи химия 6 нафар сазовори ҷойи I, II ва III;

   Аз рӯи номинатсияи биология (ботаника,зоология, анатомия) 6 нафар сазовори ҷойи I, II ва III;

   Аз рӯи номинатсияи геогафия 2 нафар сазовори ҷойи II;

  Аз рӯи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ 3 нафар сазовори ҷойи II ва III;

  Аз рӯи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ миёни ходимони илмӣ, аспирантону докторантон, докторантон аз руи ихтисос, докторантони хабилитат ва унвонҷуён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногуни ҷумҳурӣ корманди кафедраи трансплантология ва ҷарроҳии инноватсионӣ ва ординатори клиникии кафедраи урология ба номи профессор Осимӣ А.С. сазовори ҷойи якум гардиданд.

·   Натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва рисолаи илмии номзадии олими ҷавони кафедраи урология ба номи профессор Осимӣ А.С.  Усмонзода Б. Н.  «Усулҳои муқоисавии табобати уретеролитиаз» бо Диплом ва Ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд. Ҷоизаи мазкур гувоҳ аз он аст, ки олимони ҷавони соҳаи тандурустии мамлакат дар рушди илми тибби тоҷик саҳмгузорӣ менамоянд.

·   Боиси ифтихор аст, ки дастовардҳои олимони соҳаи тибби тоҷик дар давлатҳои дуру наздики хориҷӣ боиси эътироф гардида истодаанд. Дар 15-умин Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони Шарқи наздик (IIFME), дар шаҳри Заҳраи давлати Қувайт, дар байни ихтироъкорон аз 66 давлати дунё дотсенти кафедраи бемориҳои дарунии №3-и донишгоҳ, н.и.т Ҳоҷиева Г.Б.барои ихтирооти «Маҷмуи гиёҳҳои шифобахш - Чордору» оид ба табобати бемории лейкемия ва ходими илмии Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии Пажуҳишгоҳи тибби бунёдии донишгоҳ Холиқзода О.У барои ихтирои маводи «Тагетол», ки хусусиятҳои гепатопротекторӣ, талхаронии зиддитоксикӣ, зиддиоксидӣ ва зиддиилтиҳобӣ дорад, бо медали тилло сарфароз гардонида шуданд.

Дар донишгоҳ Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ фаъолият мекунад, ки дар он 4 озмоишгоҳи илмӣ-таълимӣ амал мекунад: озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ; озмоишгоҳи кишти селулаҳои бунёдӣ, об ва хун; озмоишгоҳи бактериологӣ, иммунологӣ ва ташхиси молеклулярӣ; озмоишгоҳи морфология, физиология ва патологияи эндотелия. Дар доираи озмоишгоҳҳои Пажӯҳишгоҳ бахшҳои ҷарроҳии эксперименталӣ, фармакалогияи эксперименталӣ, омӯзиши об ва бахши виварий, инчунин бо ҳуҷраҳои таълимӣ ва лавозимоти муосири зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд, фаъолияти самаранок намуда истодаанд. Дар бахши нигоҳдошти ҳайвоноти озмоишии Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ ҳайвоноти озмоишӣ, аз ҷумла 225 сар харгӯш, 542 сар калламуш, 29 сар мушҳои сафед, 87 сар хукчаи баҳрӣ ва 35 сар хомяк нигоҳдорӣ ва парвариш карда мешаванд.

Озмоишгоҳҳою бахшҳои Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ бо дастгоҳу асбобҳо ва лавозимотҳои зарурии муосири таълимию илмӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои корҳои таълимию озмоишии донишҷӯён ва иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, инчунин тадқиқотҳои илмии бунёдӣ ва эксперименталӣ барои донишҷӯён, омӯзгорону олимони ҷавон шароити муфид фароҳам оварда шудааст.

Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»-и донишгоҳ низ бо дастгоҳу асбобҳо ва маводҳои зарурии муосири таълимию илмии фармасевтӣ барои коркарди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ, истеҳсоли доруворӣ аз онҳо, тайёр кардани доруворӣ барои табобати беморон ва таълиму таҷрибаомӯзии донишҷӯён мусоидат мекунад. Дар 6 моҳи соли 2025 дар шуъбаҳои маркази мазкур 2005 қуттӣ аз 20 намуди растании шифобахши ватанӣ коркард карда, барои гиёҳдармонии беморон пешкаш карда шуд, 500 қуттӣ равғани сиёҳдона дар ғилофак истеҳсол намуда, барои табобати беморон ба гардиш ворид карда шуд ва 1375 адад маҳлулҳои спиртии бор 3%-25 мл, левомитсетин 0,25%-25 мл, маҳлули спиртии 70%-100 мл тайёр карда, барои табобати беморон пешниҳод карда шуд.

Дар маҷмуъ, дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”и донишгоҳ 20 номгӯйи гиёҳҳои шифобахши ватанӣ коркард ва омода карда мешавад ва 57 номгӯйи маводи доруворӣ тибқи дархости муассисаҳои табобатӣ коркард ва омода карда, барои табобати беморон пешкаш карда мешавад.

ҲПО-и кормандони кафедраҳои клиникии донишгоҳ чун ҳарвақта дар қатори корҳои таълимию тарбиявӣ ва илмию тадқиқотӣ сарбории ташхисию табобатии ба зиммадоштаро сарбаландона иҷро намуданд. Дар 6 моҳи соли 2025 аз тарафи ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ ба 24982 беморон кӯмаки ташхисию табобатӣ ва машваратӣ расонида шудааст.

Дар Маркази ташхисию табобатии донишгоҳ дар ин давра ба 9781 нафар беморон кӯмак расонида шуд. Дар шуъбаи ҷарроҳии марказ 708 бемор бистарӣ ва ҷарроҳӣ карда шуданд. Дар Маркази таълимию клиникии «Стоматология»-и донишгоҳ дар қатори тадрис ба донишҷӯён, инчунин кӯмаки баландихтисоси стоматологӣ ба аҳолӣ расонида мешавад. Дар ин давра аз тарафи кормандони Маркази мазкур ба 2124 беморон кӯмаки тахассусии стоматологӣ расонида шудааст. Аз ҷумла табобати стоматологии тахассусии ортопедӣ ба 475 нафар, муолиҷавӣ ба 518 нафар, ҷарроҳии ҷоғу рӯй ба 574 нафар, стоматологии кудакона ба 557 нафар расонида шудааст.

Дар донишгоҳ дар баробари таҳсилот дар зинаи тодипломӣ, инчунин, таҳсилот дар зинаи баъдидипломӣ ва мутассил ба роҳ монда шудааст. Дар зинаи таҳсилоти баъдидипломии Маркази таҳсилоти баъдидипломии донишгоҳ 1511 нафар (822 нафар занҳо) ординаторони клиникӣ аз рӯи 39 ихтисоси тиббӣ ва 201 нафар (80 нафар занҳо) интернаҳо аз рӯи 33 ихтисоси тиббӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар давоми 6 моҳи соли 2025 дар Маркази таҳсилоти баъдидипломии донишгоҳ аз рӯи 34 барномаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ 409 нафар табибони муассисаҳои тиббию профилактикии ҷумҳурӣ ва омӯзгорони донишгоҳ ва дар курсҳои такмили ихтсоси педагогӣ 61 нафар омӯзгорон таҳсил намуданд. Аз ҷумла аз курсҳои такмили ихтисоси педагогӣ - 61 нафар, такмили ихтисоси тахассусӣ - 297 нафар ва бозомӯзии касбӣ - 112 нафар. Дар маҷмуъ, 470 нафар.

   

2.5. БАЛАНД БАРДОШТАНИ РАҚОБАТПАЗИРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲ

Бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ барои амалӣ ва ба тавсибрасонии созишномаҳо ва шартномаҳои ҳамкории байнидонишгоҳӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуда, дар 6 моҳи соли 2025 корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд. Дар маҷмуъ, донишгоҳ бо 96 муассисаҳои таълимию илмии ҳориҷи кишвар созишнома ва қарордодҳоро ба имзо расонидааст. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ, бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, табобатии хориҷи кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои илмии муштарак 8 созишномаҳои ҳамкорӣ ва 1 ёдддошти тафоҳум бо Пажӯҳишгоҳи миллии муҳандисии генетикӣ ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Донишгоҳи Лакнави Ҷумҳурии Ҳиндустон, Донишгоҳи миллии тиббии Қазоқистон ба номи С.Д. Асфендияров, Академияи илмии байналмилалии Гурҷистон, Институти тадқиқотии фтизипулмонологияи Санкт-Петербург, Харитаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи тиббии Ордени давлатии Дустии Халқҳои Витебски Ҷумҳурии Беларус, Маркази ҷумҳуриявии илмию амалии экспертизаи судӣ-тиббии Вазорати Тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи тиббии Осиёи Марказии Ӯзбекистон, Маркази миллии тадқиқоти тиббӣ оид ба терапия ва тибби профилактикии шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба тавсиб расонида шуд.

Дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ва ёдддошти тафоҳум лоиҳаҳо омода гардида, такмили ихтисоси омӯзгорон, мубодилаи академии донишҷӯёну омӯзгорон, тадқиқотҳои илмӣ дар доираи мавзӯъҳои рисолаҳои илмӣ ба роҳ монда шудаанд, ки ин иқдомҳои нав дар ташаккули иқдории кадриву илмии донишгоҳӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи тайёр кардани мутахассисони соҳаи тандурустӣ саҳми арзанда мегузорад.

Тибқи амалишавии шартномаҳои мазкур дар донишгоҳ мунтазам барномаҳои мубодилаи академӣ, мактабҳои тобистона ва тадқиқотҳои илмӣ-амалии муштарак гузаронида мешаванд. Дар доираи барномаи мубодилаи академӣ дар 6 моҳи соли 2025 18 нафар донишҷӯёни донишгоҳ ба Академияи давлатии тиббии Ижевск, Академияи тиббии Қазоқистони Ҷанубӣ, Донишгоҳи тиббии Остона, Академияи тиббии Тошканд ҷиҳати идомаи таҳсил дар давраи семестри баҳорӣ фиристода шуданд.

Инчунин, 27 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз Академияи давлатии тиббии Ижевск, Донишгоҳи тиббии Қарағанда, Академияи тиббии Қазоқистони Ҷанубӣ дар доираи барномаи мубодилаи академӣ дар ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино дар семестри баҳорӣ таҳсил намуданд.

Дар доираи мубодилаи академӣ 61 нафар ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ барои хондани лексияҳою гузаронидани машғулиятҳо ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ва ҷиҳати такмили ихтисос, бозомӯзии касбӣ семинарҳои омӯзишӣ, барои иштирок дар конференсияҳои байналмилалӣ ба муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва табобатии Австрия, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Ҷопон, Қувайт, Испания, Олмон, Федератсияи Россия, Озарбойҷон, Ӯзбексистон, Қазоқистон, Тайланд сафарбар карда шуданд.

Ҳамчунин, 107 нафар профессорону омӯзгорони хориҷӣ аз муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва табобатии Ҷумҳурии Ҳиндустон, Нидерландия, Австрия, Фаронса, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Туркия, Ҷопон, Олмон, Шоҳигарии Тайланд, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Белорус, Озарбойҷон, Ӯзбексистон, Қазоқистон, Кирғизистон дар доираи мубодилаи академӣ барои хондани лексияҳою гузаронидани машғулиятҳо ба донишҷӯёни донишгоҳ ва иштирок дар чорабиниҳои таълимию илмӣ ба донишгоҳ ташриф оварданд.

Боиси зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 январи соли 2025 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ташриф овард. Меҳмони воломақомро Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва дигар шахсони расмию намояндагони дуҷониб ҳамроҳӣ намуданд. Дар толори калони донишгоҳ мулоқоти самимии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон, муҳассилини донишгоҳ ва намояндагони соҳаи тандурустии кишвар баргузор гардид. Дар фарҷоми мулоқот бо Қарори Шӯрои олимони донишгоҳ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба унвони “Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” сарфароз гардонида шуд.

Баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти маориф ва Барномаҳои давлатӣ барои ташаккули фаъолияти илмию эҷодии донишҷӯёну олимони ҷавон чораҳои мушаххас андешида шуда, барои ҷавонон имкониятҳои нав фароҳам гардидааст. Баргузории чорабиниҳои илмии донишгоҳӣ бо иштироки васеи ҷавонони хориҷӣ ба ҳукми анъана даромада, конференсияҳои илмӣ - амалии донишгоҳ сатҳи байналмилалиро касб карда, дар кори онҳо теъдоди зиёди олимону донишҷӯёни хориҷӣ иштирок мекунанд. Аз ҷумла,  санаи 25-уми апрели соли 2025 дар донишгоҳ Конференсияи XХ-уми илмӣ - амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзуи «Технологияҳои зеҳнӣ дар таҳсилот ва илми тиб: Равишҳои инноватсионӣ» бо иштироки намояндагони хориҷӣ, баргузор гардид. Дар Конференсия дастовардҳои олимони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳ, МТОК-и кишвар ва ҳориҷӣ ба доираи васеи иштирокчиён пешниҳод гардида, масоили таҳқиқоти фундаменталӣ ва амалӣ дар тиб, технологияи муосиру инноватсионӣ дар тибби назариявӣ ва клиникӣ, татбиқи дастовардҳои навини илмӣ дар раванди таҳсилоти олии тиббӣ мавриди баррасӣ ва баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Конференсия дар ҷаласаи пленарӣ, 17 сексияҳои тахассусӣ ва 3 симпозиум оид ба масъалаҳои мубрами онкология, беҳдошти муҳити зист ва технологияи инноватсионӣ дар травмотология ва ортопедия доир гардид. Боиси тазаккур аст, ки ҳамасола шумораи иштирокчиёни конференсия ва теъдоди маводҳои пешниҳодгардида меафзояд. Маводҳои Конференсияи мазкур ба шакли маҷмӯаи маводҳои илмӣ ба табъ расидааст, ки нусхаи электронии он дастраси иштирокчиён ва меҳмонони Конференсия гардонида шуд. Дар маҷмӯаи конференсия 2194 фишурда пешниҳод гардидааст, ки аз онҳо фишурдаҳои ватанӣ - 1780 ва хориҷӣ - 414 адад буда, дар кори конференсия 507 маърӯзаҳо баррасӣ карда шуданд. Дар кори Конференсия 82 нафар олимону донишҷӯён аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорус, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озорбойҷон, Эрон, Ҳиндустон иштирок ва маърӯза карданд. Дар хотимаи кори конференсия Резолютсияи конференсия қабул карда шуд, ки он барои ворид намудани дастовардҳои муосири олимони ҷавони хориҷӣ ва ватанӣ ба амалияи илми тиб, пешрафти соҳаи тандурустӣ ва солимгардонии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин, дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷии Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Казоқистон ва Аврупо Барномаҳои таълимии муштарак таҳия карда шудааст, ки таҳсили донишҷӯён ва муҳассилини баъдидиплдомӣ тибқи онҳо ба роҳ монда мешавад.

 

2.6.   ФАЪОЛИЯТ ОИД БА ПУРЗӮР КАРДАНИ ПОЙГОҲИ МОДДИЮ ТЕХНИКӢ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАВУ ОБОДКОРӢ БАҲРИ БЕҲСОЗИИ ШАРОИТИ ТАҲСИЛОТ

Яке аз вазифаи муҳим, ки дар назди роҳбарияти донишгоҳ гузошта шудааст ва дар давраи ҳисоботӣ низ чорабиниҳои зиёд анҷом дода шуд, ин фароҳам овардани шароити мусоиди таълимию корӣ, созандагию ободонӣ, тозакорию зебогӣ ва гулзоркуниву кабудизоркунӣ мебошад.

Роҳбарият ва кормандони бахши хоҷагидорию таъмирӣ ва сохтмонии донишгоҳ дар 6 моҳи соли 2025 баҳри беҳтар кардани шароити таҳсилот як қатор корҳои сохтмонӣ, таъмирӣ ва созандагию ободониро ба анҷом расониданд. Барои пешвози сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ҷашну идҳои давлатию миллӣ, чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ, корҳои таъмирӣ ва рангуборкунии биноҳои таълимию маъмурӣ ва хобгоҳҳои донишгоҳ аз рӯи нақша анҷом дода шуд.

Бунёд ва сохтмони 2 хобгоҳи нави 14 ошёна барои донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавон, воқеъ дар хиёбони Н. Махсум 63/1, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе идома дорад ва дар 6 моҳи соли 2025 корҳои арматурбофӣ, бетоникунӣ то ошёнаҳои 14-ум ба итмом расонида шуда, хиштчинӣ дар ошёнаҳои 9-ум идома дорад. Аз ҷониби кормандони бахши хоҷагию сохтмонии донишгоҳ корҳои таъмирию сохтмонӣ ва ободонӣ, дарахтшинонӣ, гулзору кабудизоркунии боғу гулгаштҳо дар ҳудуди биноҳои таълимию маъмурӣ, хобгоҳҳо ва заминҳои назди донишгоҳ гузаронида шуданд. Аз ҷумла, дар биноҳои асосии таълимию маъмурӣ, осорхона, Пажуҳишгоҳи тибби бунёдӣ, кафедраҳои ҷомеашиносӣ, тибби ҳарбӣ, физиологияи нормалӣ, Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия», хобгоҳҳои №3,4,5,6,7-и донишгоҳ корҳои таъмирию васлкунӣ ва рангуборкунӣ гузаронида шуд.

Дар 6 моҳи соли 2025 дар гармхонаи донишгоҳ 50 ҳазор тухми гулҳои мавсимӣ кишт ва парвариш карда шуда, дар заминҳои гирду атрофи биноҳои таълимию маъмурӣ, хобгоҳҳо, гулгаштҳои донишгоҳ ва дар гирди муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино шинонида шуданд. Инчунин, дар заминҳои зикргардида 4200 пиёзи гули лола, 90000 бех гулҳои мавсимӣ, 3050 бех гули садбарг, 5400 бех қаламчаи гули садбарг шинонида шуд.

Мавриди қайд аст, ки корҳои ободкорию созандагӣ ва сохтмонӣ аз ҷониби кормандони бахши хоҷгидорию сохтмонии донишгоҳ ва ширкатҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои бунёдшавандаи донишгоҳ давом дорад.

Донишҷӯён ба пуррагӣ бо китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ таъмин мебошанд. Фонди умумии китобхонаи донишгоҳ 665166 нусхаро ташкил медиҳад, ки аз он 413836 нусха (62,22%) адабиёти чопии таълимӣ, илмӣ, бадеӣ ва 251330 нусха (37,78%) захираҳои электронӣ мебошанд.

Бо мақсади нав кардани адабиёти таълимӣ ва беҳтар намудани дастрасии донишҷӯён ба китобҳои нави дарсӣ дар 6 моҳи соли 2025 ба китобхонаи донишгоҳ 6814 нусха адабиёти нав бо 155 номгӯй ворид гардид. Бо забони давлатӣ 3843 нусха, ба забони русӣ 2270 нусха ва забони англисӣ 701 нусха адабиёти нав ба китобхонаи донишгоҳ ворид гардидааст.

Барои пешрафти кору фаъолияти донишгоҳ ва воҳидҳои сохтории он дар ин давра маводу таҷҳизоти зарурии таълимӣ, тиббӣ, техникӣ, конселярӣ харидорӣ гардида, ба воҳидҳои сохтории донишгоҳ дастрас шуданд.

Донишҷӯёни ятиму маъюб ва омӯзгорону кормандони ниёзманди донишгоҳ зери назорати доимии роҳбарияти донишгоҳ қарор доранд. Барои дастгирии молиявии 100 нафар донишҷӯёни ятиму маъюб (51 нафар донишҷӯёни ятими кулл ва 49 нафар донишҷӯёни маъюб) бо фармоиши ректори донишгоҳ ба ҳар яки онҳо идрорпулии ҳармоҳа дода шуд ва онҳо бо хобгоҳ таъмин карда шуданд.

Ҳамасола барои ҳавасмандгардонию дастгирии молиявии ҳайати профессорону омӯзгорон, музди меҳнати онҳо аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ зиёд карда мешавад. Аз моҳи январи соли 2025 низ музди меҳнати ҳайати профессорону омӯзгорон аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ дар ҳаҷми 20% зиёд карда шуд.

Тибқи анъана бо фармоиши ректори донишгоҳ дар 6 моҳи соли 2025 ба 10 нафар соҳибҷашнҳо - ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ, ки ба синни 50, 60, 70, 75, 80, 85 солагӣ расидаанд, бо додани Ифтихорнома, суроға, мукофотпулӣ дар ҳаҷми музди меҳнати моҳона аз ҷониби Раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ ба 74 нафар омӯзгорон ва кормандони ниёзманди донишгоҳ кумакпулӣ дода шуд.

Барои ташкил намудани истироҳат, табобат ва фароғати омӯзгорону кормандони донишгоҳ аз ҳисоби суғуртаи иҷтимоӣ ва пардохти 30 то 50% маблағ 40 нафар омӯзгорону кормандони донишгоҳ ба осоишгоҳҳои ҷумҳуриявии Хоҷа Оби Гарм, Сатурн, Зумрад ва Шоҳамбарӣ бо роҳхат таъмин карда шуданд.

Мутобиқи банди 5.3-и шартномаи коллективӣ мунтазам ҷойҳои кории омӯзгорону кормандоне, ки зарарнок ва хатарнок мебошанд, таҳти омӯзиш ва санҷиши роҳбарият ва мутахассисони Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ қарор доранд. Комиссияи назоратӣ ҳамасола фаъолият бурда истодааст ва ба омӯзгорону кормандони 7 кафедраҳо ва озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ барои дар шароити зарарнок фаъолият намудан аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ 12% иловапулӣ пардохт карда мешавад. Инчунин, ба омӯзгорони кафедраи фтизиопулмонология ба андозаи 100% аз маоши вазифавии муқарраршудаи буҷетӣ иловапулӣ пардохта мешавад.

Ҳамин тариқ, аз ҷониби роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли 2025 баҳри баланд бардоштани сифати таҳсилот, мутобиқ намудани он ба талаботи бозори меҳнат ва стандартҳои байналмилалӣ ва тайёр кардани мутахассисони ҷавобгӯй ба бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ корҳои зиёди судманд ба сомон расонида шуд.

          Роҳбарияти донишгоҳ натиҷаи фаъолиятро дар нимсолаи якуми соли 2025 ҳамаҷониба таҳлил намуда, баҳри боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисосу рақобатпазир нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, корбарӣ карда истодааст.


4
3
2
1
22.07.2025 541

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php