БЕГОНАПАРАСТӢ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН: АЗ ЗАИФШАВИИ ХУДШИНОСӢ ТО БУҲРОНИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

БЕГОНАПАРАСТӢ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН:  АЗ ЗАИФШАВИИ ХУДШИНОСӢ ТО БУҲРОНИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши робитаҳои фарҳангӣ ба ҳаёти инсон таъсири амиқ мерасонанд, масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои маънавӣ аҳаммияти рӯзафзун пайдо кардааст. Ҷавонон ҳамчун қишри фаъол, навовар ва ояндасози ҷомеа бештар аз дигарон дар фазои мубодилаи иттилоот ва таъсири фарҳангҳои гуногун қарор доранд. Дар чунин шароит яке аз масъалаҳои нигаронкунанда бегонапарастӣ мебошад, ки дар сурати густариш ёфтан метавонад ба ҷаҳонбинӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ, худшиносӣ ва мавқеи шаҳрвандии насли наврас таъсири манфӣ расонад.

Бегонапарастӣ танҳо тақлид ба тарзи либоспӯшӣ, гуфтор ё рафтори намояндагони фарҳангҳои дигар нест. Моҳияти аслии он дар муносибати беасос ва таҳқиромез нисбат ба арзишҳои худӣ, паст шуморидани дастовардҳои миллӣ ва бартар донистани ҳар падидаи хориҷӣ танҳо ба хотири бегона будани он зоҳир мегардад. Ин ҳолат метавонад тадриҷан ба заифшавии ҳисси мансубияти миллӣ ва дур шудани инсон аз решаҳои таърихию фарҳангии худ оварда расонад. Албатта, омузиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои дигар, шиносоӣ бо фарҳангҳои гуногун ва ҳамқадам будан бо ҷаҳони муосир нишонаи бегонапарастӣ нестанд. Баръакс, чунин муносибат дар сурати бархӯрди огоҳона ба рушди шахсият мусоидат мекунад. Мушкил замоне оғоз меёбад, ки инсон фарҳанги худро намешиносад, аммо арзишҳои дигаронро бидуни таҳлил ва андеша меъёри ягонаи зиндагӣ қарор медиҳад.

Яке аз оқибатҳои ҷиддии бегонапарастӣ заиф гардидани худшиносии миллӣ мебошад. Худшиносӣ танҳо донистани таърихи гузашта ё ифтихор кардан аз номи бузургони миллат нест. Он пеш аз ҳама дарки масъулият дар назди ҷомеа, эҳтиром ба забони модарӣ, шинохти арзишҳои фарҳангӣ ва омодагӣ барои саҳм гузоштан дар пешрафти Ватан мебошад. Ҷавоне, ки нисбат ба таърих, забон ва фарҳанги худ муносибати бепарвоёна дорад, тадриҷан метавонад робитаи маънавии худро бо ҷомеа суст намояд. Дар натиҷа, ӯ на танҳо аз мероси ниёгон дур мешавад, балки дар муайян намудани мавқеи шахсии худ низ ба мушкил рӯ ба рӯ мегардад.

Аз нигоҳи иҷтимоию равоншиносӣ, бегонапарастӣ метавонад заминаи пайдоиши буҳрони ҳувияти шахсият гардад. Ҳувият ба инсон имконият медиҳад, ки ба саволҳои «Ман кистам?», «Ба кадом ҷомеа мансубам?» ва «Дар зиндагӣ чӣ масъулият дорам?» ҷавоби равшан пайдо намояд. Вақте ҷавон пайваста зиндагии дигаронро беҳтарин намуна меҳисобад ва муҳити иҷтимоии худро танҳо аз ҷиҳатҳои манфӣ арзёбӣ мекунад, эҳтимоли пайдоиши норозигӣ аз худ ва атрофиён зиёд мегардад. Чунин ҳолат метавонад ба эҳсоси нобоварӣ, ноустувории мавқеи шахсӣ ва вобастагӣ аз андешаи дигарон мусоидат намояд.

Масъалаи дигар таъсири бегонапарастӣ ба муносибатҳои оилавӣ ва робитаҳои байни наслҳо мебошад. Оила нахустин муҳитест, ки инсон дар он забон, одоб, эҳтиром, масъулият ва меъёрҳои муносибати иҷтимоиро меомӯзад. Агар ҷавон ҳар гуна анъанаи хонаводагиро нишонаи ақибмондагӣ шуморад ва ба таҷрибаи калонсолон бо назари таҳқиромез муносибат кунад, эҳтимоли пайдоиши нофаҳмӣ ва ихтилофи байни наслҳо меафзояд. Дар чунин вазъият робитаи маънавии падару модар бо фарзандон заиф шуда, фазои ҳамдигарфаҳмӣ метавонад ҷойи худро ба бегонагӣ ва нобоварӣ диҳад. Бо вуҷуди ин, эҳтиром ба анъанаҳо маънои рад кардани андешаҳои навро надорад. Ҷомеаи солим ҷомеаест, ки дар он таҷрибаи насли калонсол бо дониш ва ҷаҳонбинии пешрафтаи ҷавонон пайваст мегардад.

Дар замони рушди шабакаҳои иҷтимоӣ бегонапарастӣ шаклҳои нави зуҳур пайдо кардааст. Фазои маҷозӣ барои ҷавонон имкониятҳои васеи омӯзиш, эҷодкорӣ ва муошират фароҳам меорад, аммо ҳамзамон метавонад тасаввуроти нодурустро дар бораи муваффақият, хушбахтӣ ва арзишҳои зиндагӣ ташаккул диҳад. Баъзе ҷавонон зери таъсири наворҳои таблиғотӣ ва зиндагии зоҳиран пурҷилои шахсони маъруфи интернетӣ ба чунин хулоса меоянд, ки хушбахтӣ танҳо дар сарват, шуҳрат, намуди зоҳирӣ ва пайравӣ аз тарзи зиндагии дигарон ифода меёбад. Дар натиҷа, меҳнатдӯстӣ, донишандӯзӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ метавонанд дар зеҳни онҳо ба ҷойи дуюм гузаранд.

Хатари чунин муносибат дар он аст, ки ҷавон тадриҷан меъёри арзёбии худро аз даст медиҳад. Ӯ ба ҷойи он ки истеъдод, қобилият ва имкониятҳои шахсиашро инкишоф диҳад, кӯшиш мекунад ба симои сохтаи дигарон монанд шавад. Муқоисаи доимии зиндагии худ бо тасвирҳои интихобшудаи шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад эҳсоси нокифоя будан, ноумедӣ ва норозигиро зиёд намояд. Ҳамин тавр, бегонапарастӣ дар баъзе ҳолатҳо аз як майли зоҳирӣ ба мушкили амиқи маънавию равонӣ табдил меёбад.

Оқибати дигари нигаронкунанда паст гардидани масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Ҷавоне, ки ба ҷомеаи худ эҳсоси мансубият надорад, метавонад нисбат ба мушкилоти он бетараф гардад. Барои чунин шахс саҳм гузоштан дар ободии маҳал, ҳифзи муҳити зист, риояи қонун, эҳтиром ба манфиатҳои ҷамъиятӣ ва иштирок дар корҳои созанда аҳаммияти худро гум мекунад. Бетарафӣ бошад, яке аз монеаҳои ҷиддии рушди ҷомеа мебошад. Зеро пешрафти давлат танҳо аз фаъолияти мақомоти давлатӣ вобаста нест, балки аз дониш, меҳнат, ташаббус ва масъулияти ҳар як шаҳрванд сарчашма мегирад.

Дар баробари ин, бояд ба як ҷанбаи нозуки масъала таваҷҷуҳ кард, ки ҳар гуна майли ҷавонон ба навоварӣ ё фарҳанги хориҷиро набояд бегонапарастӣ номид. Чунин муносибати якҷониба метавонад байни ҷавонон ва ҷомеа фосилаи бештар ба вуҷуд оварад. Ҷавонон ҳуқуқ доранд ҷаҳонро омузанд, андешаҳои гуногунро муқоиса намоянд, касбу ҳунарҳои муосирро аз худ кунанд ва аз таҷрибаи пешрафтаи башарият баҳра баранд. Муҳим он аст, ки онҳо қобилияти фарқ гузоштан байни омузиши созанда ва тақлиди кӯркӯронаро дошта бошанд. Шахси худшинос аз фарҳанги дигарон наметарсад, зеро арзиши фарҳанги худро медонад ва метавонад беҳтарин дастовардҳои ҷаҳониро барои рушди он истифода намояд.

Дар шароити муосир масъалаи бегонапарастӣ бо амнияти маънавӣ ва иттилоотии ҷомеа низ робита пайдо мекунад. Ҷавононе, ки малакаи таҳлили интиқодии иттилоотро надоранд, метавонанд ба таъсири таблиғоти ғаразнок, маълумоти бардурӯғ ва андешаҳои ифротӣ осебпазир гарданд. Гурӯҳҳои манфиатҷӯ баъзан аз эҳсоси норозигӣ, камтаҷрибагӣ ва ҷустуҷӯи ҳувияти ҷавонон истифода бурда, онҳоро ба муҳити носолими фикрӣ ҷалб мекунанд. Албатта, бегонапарастӣ худ ба худ маънои ифротгароӣ надорад, вале заифии тафаккури мустақил ва набудани ҷаҳонбинии устувор метавонад хатари таъсирпазирӣ аз чунин таблиғотро афзоиш диҳад.

Аз ин рӯ, пешгирии бегонапарастӣ набояд танҳо бо суханрониҳои насиҳатомез ва маҳкум кардани рафтори ҷавонон маҳдуд гардад. Роҳи самаранок ташаккули муҳити солими маънавӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва фароҳам овардани имкониятҳои воқеии рушди шахсият мебошад. Ҷавоне, ки дар ҷомеа мавқеи худро пайдо мекунад, истеъдодаш қадр мешавад ва барои амалӣ намудани орзуҳояш шароит дорад, бештар метавонад ба арзишҳои ҷомеаи худ эҳтиром гузорад.

Дар ин самт нақши муассисаҳои таълимӣ, бахусус донишгоҳҳо, хеле муҳим мебошад. Донишгоҳ бояд на танҳо маркази омузиши касбу ихтисос, балки муҳити ташаккули тафаккури мустақил, ҷаҳонбинии илмӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ бошад. Омӯзиши таърихи миллат, мероси илмии ниёгон, забон ва адабиёти тоҷик дар пайвастагӣ бо дастовардҳои илми ҷаҳонӣ метавонад ба ҷавонон дар шинохти дурусти ҷойгоҳи худ мусоидат намояд. Махсусан барои донишҷӯёни соҳаи тиб, ки дар оянда бо саломатӣ ва ҳаёти инсон сарукор мегиранд, эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ, ахлоқи касбӣ, фарҳанги муошират ва масъулият дар назди ҷомеа аҳаммияти махсус дорад.

Миллати тоҷик дорои таърихи ғанӣ, фарҳанги куҳан ва мероси бузурги илмию маънавӣ мебошад. Осори Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ ва дигар бузургони илму адаб нишон медиҳад, ки ниёгони мо на танҳо ҳифзкунандаи арзишҳои миллӣ, балки иштирокдорони фаъоли рушди тамаддуни ҷаҳонӣ буданд. Онҳо бо омузиш, таҳқиқ, навоварӣ ва мубодилаи дониш ба пешрафти инсоният саҳм гузоштанд. Аз ин рӯ, пайравӣ ба мероси онҳо маънои маҳдуд шудан дар гузашта не, балки идома додани роҳи дониш, эҷодкорӣ ва пешрафтро дорад.

Имрӯз Тоҷикистон ба ҷавонони соҳибмаърифат, ватандӯст, ташаббускор ва дорои ҷаҳонбинии васеъ ниёз дорад. Ҷавононе, ки забонҳои хориҷиро медонанд, технологияҳои навро аз худ мекунанд, аз дастовардҳои ҷаҳонӣ огоҳанд ва ҳамзамон забони модарӣ, таърих ва фарҳанги худро эҳтиром менамоянд, метавонанд неруи воқеии рушди давлат бошанд. Ватандӯстӣ танҳо дар суханони баланд ифода намеёбад. Он дар донишомӯзии пайваста, меҳнати ҳалол, рафтори намунавӣ, эҳтиром ба қонун, ҳифзи манфиатҳои ҷомеа ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои шаҳрвандӣ таҷассум меёбад.

Хулоса, оқибатҳои бегонапарастӣ метавонанд аз заифшавии худшиносии миллӣ ва ноустувории ҳувияти шахсӣ то бепарвоӣ нисбат ба арзишҳои фарҳангӣ, ихтилофи байни наслҳо ва коҳиши масъулияти иҷтимоӣ доман паҳн намоянд. Аммо роҳи муқовимат ба ин падида ҷудо кардани ҷавонон аз ҷаҳони муосир нест. Баръакс, бояд онҳоро ба дониш, таҳлил, интихоби огоҳона ва эҳтироми ҳамзамон ба фарҳанги худу дигарон ҳидоят намуд.

Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки барои муосир будан аз асолати худ даст кашидан шарт нест. Инсон метавонад аз донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон илм омӯзад, чандин забонро аз худ намояд, бо технологияҳои навтарин кор кунад ва ҳамзамон ба забон, фарҳанг ва Ватани худ содиқ бимонад. Бузургии шахсият дар тақлид ба дигарон не, балки дар қобилияти мустақилона андешидан, дуруст интихоб кардан ва бо донишу амали худ ба ҷомеа манфиат расонидан зоҳир мегардад.

Ҷавоне, ки решаҳои худро мешиносад, дар баробари таъсири ҳар гуна андешаи бегона мавқеи устувортар дорад. Ояндаи миллатро на тақлидкорони кӯркӯрона, балки ҷавонони соҳибандеша, худшинос ва созанда муайян мекунанд. Зеро миллате, ки насли ҷавонаш қадри худро медонад, метавонад дар ҷаҳони пуртағйир ҳам асолати худро ҳифз намояд ва ҳам ба қуллаҳои нави пешрафт бирасад.

Раҳимзода О. –муовини декани факултети тиббӣ


27.10.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php