БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ИЛМИ ТИБ ДАР БАХШҲОИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ИЛМИ ТИБ ДАР БАХШҲОИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар доираи конференсияи 74-уми солонаи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ: марҳилаҳои нави илм ва амалияи тиб», бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти бахшҳои илмӣ баргузор гардид.

Тибқи барномаи конференсия, фаъолияти илмӣ дар 10 бахши тахассусӣ роҳандозӣ гардида, масъалаҳои гуногуни тибби назариявӣ ва амалӣ мавриди омӯзишу муҳокима қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, дар бахшҳои «Ҷарроҳӣ-1» ва «Ҷарроҳӣ-2» масъалаҳои истифодаи усулҳои муосири ҷарроҳӣ, технологияҳои камосеб, нейроҷарроҳӣ, саратоншиносӣ, осебшиносӣ, ортопедия ва урология баррасӣ шуданд. Муҳаққиқон натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва таҷрибаи амалии худро оид ба такмили усулҳои ташхису табобати бемориҳои гуногун пешниҳод намуданд.

Дар бахши «Бемориҳои дарунӣ, эндокринология, асабшиносӣ ва бемориҳои сироятӣ» масъалаҳои ташхиси барвақтӣ, пешгирӣ ва табобати бемориҳои музмин, истифодаи технологияҳои муосир дар фаъолияти клиникӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, дар бахшҳои оториноларингология, офталмология ва стоматология, тибби оилавӣ ва фарматсия масъалаҳои мубрами соҳавӣ, натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва роҳҳои такмили хизматрасонии тиббию дорусозӣ муҳокима гардиданд.

Дар ду бахши фанҳои назариявии тиббӣ ва бахши илмҳои гуманитарӣ низ олимону муҳаққиқон доир ба масъалаҳои илмҳои бунёдӣ, таълими фанҳои тиббӣ, робитаи илм ва амалия, инчунин ҷанбаҳои иҷтимоию гуманитарии рушди тиб маърузаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти бахшҳо баррасии имкониятҳои истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ дар таҳлили маълумоти тиббӣ, дастгирии қарорҳои клиникӣ, такмили ташхис ва идоракунии равандҳои табобатӣ ба ҳисоб мерафт.

Дар ҷараёни ҷаласаҳо мубодилаи афкор байни олимони ватанӣ ва хориҷӣ сурат гирифта, масъалаҳои татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар амалияи тиббӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Фаъолияти бахшҳои илмии конференсия барои муаррифии дастовардҳои муҳаққиқон, густариши ҳамкориҳои касбӣ, рушди тафаккури илмӣ ва муайян намудани самтҳои нави таҳқиқот дар соҳаи тиб аҳаммияти муҳим дошт.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


8
7
6
5
4
3
2
1
30.10.2026 10

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php