БАРГУЗОРИИ ВОХУРИИ ДУҶОНИБАИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БО ҲАЙАТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ВА ТИББИ АНЪАНАВИИ МУЗОФОТИ ХАЙНАНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

БАРГУЗОРИИ ВОХУРИИ ДУҶОНИБАИ РАЁСАТИ  ДОНИШГОҲ БО ҲАЙАТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ВА ТИББИ АНЪАНАВИИ МУЗОФОТИ ХАЙНАНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

Санаи 18 августи соли 2026 дар бинои асосии Донишгоҳ вохӯрии муҳим ва самарабахши раёсати Донишгоҳ бо роҳбарии ректори муассиса, профессор Муҳиддин Н.Д. ва намояндагони соҳаи тандурустии музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Ҳайати соҳаи тандурустӣ ва тибби анъанавии музофоти Хайнанро сардори Раёсати тандурустии музофоти мазкур Ли Венсю, сардори Раёсати саноати тандурустӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Комитети тандурустии музофоти Хайнан Ван Баоюан, муовини Раёсати мазкур Ло Юнхай, муовини директори Комитети тандурустии шаҳри Санё Сун Тао, сартабиби Бемористони тибби анъанавии чинии шаҳри Санё Са Рен ва директори Маркази тибби анъанавии чинии “Шимкент” дар назди Бемористон тибби анъанавии чинни шаҳри Санё Хуан Тсюйхай намояндагӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо зарурати таҳкими заминаи таълимӣ ва амалии омодасозии мутахассисон, фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои таҳсил ва такмили ихтисос, инчунин ҷорӣ намудани барномаҳои муштараки омӯзиширо таъкид намуданд. Қайд карда шуд, ки баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандони соҳаи тандурустӣ метавонад дар беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ нақши муҳим дошта бошад.

Ҳамзамон, таъкид шуд, ки рушди ҳамкориҳои соҳавӣ метавонад барои таҳкими иқтидори кадрии низоми тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави табобатию ташхисӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас оварда, барои рушди тибби анъанавӣ ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард.

Боиси қайд аст, ки вохӯрӣ дар фазои хеле дӯстона, созанда ва бо рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

 

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ


20.08.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php