БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР МД “ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ”: “ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ТАШАББУСКОРИ СУЛҲ ДАР САРТОСАРИ ҶАҲОН”

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР МД “ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ БУНЁДӢ”: “ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ТАШАББУСКОРИ СУЛҲ ДАР САРТОСАРИ ҶАҲОН”

30-юми июни соли ҷорӣ бо ташаббуси директори МД Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ, д.и.т., профессор Табариён Б.С. дар асоси барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супориши ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Муҳиддин Н.Д. бо мақсади ба таври шоиста истиқбол намудани ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар бораи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036”, мизи мудаввар зери унвони “Эмомалӣ Раҳмон – ташаббускори сулҳ дар сартосари ҷаҳон” бо иштироки ҳамаи кормандони Пажӯҳишгоҳ баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи суханронӣ Табариён Б.С. қайд намуданд, ки мардуми соҳибтамаддун, соҳибфарҳанг, ташаббускор ва сулҳхоҳи тоҷик дар тӯли 35-соли Истиқлоли давлатӣ шоҳиди дигаргуниҳои бузург ва бесобиқа дар татбиқи сиёсати роҳбарияти олии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Бояд қайд намуд, ки пешоҳанг ва ташаббускориҳо ин ҳама иқдоми наҷиби Пешвои сулҳхоҳу дурандеши миллат муҳтарам Эмомалӣ раҳмон буда, дар ин роҳи басо душвор дар даврони Истиқлол аз худ хидмату заҳматҳои зиёде ба харҷ додааст ва имруз низ барои амалӣ кардани ҳадафҳои наҷиб дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сартосари олам пайваста азму талош меварзанд.

Дар идомаи мизи мудаввар ходими пешбари илмӣ, д.и.т, профессор Азонзод Ҷ.А. баромад намуда иборози ақида намуданд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки санаи 25 июн Маҷмааи Умумии созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ раҳмон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул намуд. Тавассути қатъномаи мазкур, давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳоҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.

Дигар кормандони Пажӯҳишгоҳ низ ибрози андеша намуда, хусусан аҳамияти таърихиву ҳадафҳои Даҳсоларо баён намуданд, аз ҷумла дастгирии таомул миёни наслҳо, бахусус кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон, бо назардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо.

Дар фарҷоми мизи мудаввар Табариён Б.С. таъкид намуданд, ки дар воқеъ, миллати тоҷик аз нигоҳи таърих як миллати сулҳхоҳ ва фарҳангиву созандае арзёбӣ мешавад. Ин миллат мероси гаронбаҳову муқаддас – сулҳу ваҳдатро барои наслҳои оянда боқи гузоштааст. Пойкорҳои пайвастаи Пешвои миллат дар доираи як кишвар маҳдуд намегарданд, онҳо чун нури офтоб арсаи ҷаҳонро фаро мегиранд. Аз ин ҷост, ки имрӯз кишвари мо ба макони баргузории чорабиниҳои бузурги фарҳангиву сиёсии умумиҷаҳонӣ ва ҷойгоҳи ваҳдати мардумони ҷаҳон табдил ёфта истодааст. Ин иқдом ва ташаббусҳои Роҳбари сулҳофар ва меъмори ваҳдати миллии мо акнун баҳри таҳкими пояҳои дӯстии тоҷикон бо тамоми мардуми олам ва таъмини ваҳдати халқҳо замина мегузорад.

Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ


30.06.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php