БАРГУЗОРИИ МИНИКОНФРОНС БАХШИДА БА ҶАШНИ МЕҲРГОН

БАРГУЗОРИИ МИНИКОНФРОНС БАХШИДА БА ҶАШНИ МЕҲРГОН

Бо ташаббуси ассистенти кафедра Азимова Ш.З. ва иштироки донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ, гурӯҳҳои 72, 73 ва 74 миниконфронс таҳти унвони «Малико, ҷашни Меҳргон омад!» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ донишҷӯёни гурӯҳи 73 Акрамова Ф., Каримова Б., Усмонова Ш. ва Машарипова М. бо маъруза ва рӯнамоҳо баромад намуда, доир ба таърихи пайдоиш, моҳияти фарҳангӣ ва аҳаммияти ҷашни бостонии Меҳргон маълумот пешниҳод карданд.

Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимаи миллати тоҷик буда, рамзи фаровонӣ, ҳосил, меҳру муҳаббат, дӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба табиат ба ҳисоб меравад. Ин ҷашни ниёгон дар баробари Наврӯз ва Сада аз арзишҳои муҳими мероси фарҳангии халқи тоҷик маҳсуб меёбад.

Баргузории чунин чорабиниҳо дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги ниёгон ва тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи ватандӯстиву арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ нақши муҳим дорад.

 

 

Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1


15.10.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php