БАРГУЗОРИИ МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ ҶОИЗАҲО БА ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

БАРГУЗОРИИ МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ ҶОИЗАҲО БА ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ, ки санаи 17 апрели соли 2026 дар толори асосии Донишгоҳ баргузор гардид, яке аз рӯйдодҳои муҳими илмӣ-таълимии ҳаёти донишгоҳ ба шумор меравад. Ин чорабинӣ бо ташаббуси Сафири фавқулода ва мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Гочмирадов Аймират Байраммирадович ва бо ҳамкории роҳбарияти донишгоҳ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар маросим роҳбарияти донишгоҳ, устодону омузгорон, намояндагони корпуси дипломатӣ, инчунин донишҷӯёни фаъоли факултет иштирок намуда, аҳамияти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илму маориф, бахусус дар самти илмҳои тиббӣ ва табиатшиносӣ, таъкид гардид. Қайд карда шуд, ки баргузории чунин олимпиадаҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури илмӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона байни донишҷӯёни кишварҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ёдовар бояд шуд, ки Олимпиадаи байналмилалии интернетӣ аз фанни биология санаи 20 ноябри соли 2025 дар заминаи Донишгоҳи давлатии тиббии Туркманистон ба номи Марат Гарриев баргузор гардида, дар он донишҷӯён аз кишварҳои гуногун иштирок намуданд. Донишҷӯёни курси якуми факултети тиббии донишгоҳи мазкур бо нишон додани сатҳи баланди дониш ва маҳорати илмӣ сазовори ҷойҳои намоён гардида, нуфузи донишгоҳро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштанд.

Зимни маросим ба ғолибон дипломҳо, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда, саҳми онҳо дар рушди илми ҷавонӣ ва муаррифии шоистаи донишгоҳ махсус қайд гардид. Ҳамзамон, устодоне, ки дар омодасозии донишҷӯён саҳми арзанда гузоштаанд, бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки роҳбарияти донишгоҳ минбаъд низ барои дастгирии ҷавонони лаёқатманд, фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки онҳо дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои хориҷӣ тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад кард.

 

САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ


18.04.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php