БАРГУЗОРИИ ЛЕКСИЯҲОИ ИЛМӢ АЗ ҶОНИБИ ПРОФЕССОРИ ДОНИШГОҲИ ТИББИИ ШАҲРИ БЕРНИ ШВЕЙТСАРИЯ ДАР ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ ЛЕКСИЯҲОИ ИЛМӢ АЗ ҶОНИБИ ПРОФЕССОРИ ДОНИШГОҲИ ТИББИИ ШАҲРИ БЕРНИ ШВЕЙТСАРИЯ ДАР ДОНИШГОҲ

Дар кафедраи физиологияи патологӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявию амалии омузгорону донишҷӯён аз ҷониби профессори Донишгоҳи тиббии шаҳри Берни Швейтсария Стефан Якоб силсилаи лексияҳои илмӣ баргузор гардид.

Профессор Стефан Якоб дар доираи лексияҳои худ вобаста ба се мавзуи муҳими физиологияи муосир, аз ҷумла «Таъсири идоракунии фишор ва ҳаҷми моеъ ба фаъолияти гурдаҳо» (Effects of Pressure and Volume Management on Kidney Function), «Мубодилаи газҳо: дарки номувофиқатии вентилятсия ва перфузия» (Gas Exchange - Understanding Ventilation-Perfusion Mismatch) ва «Фаъолияти дил ва бозгашти хуни венозӣ» (Cardiac Function and Venous Return) маърузаҳои илмӣ пешниҳод намуд.

Зимни лексияҳо масъалаҳои муҳими физиологии фаъолияти гурдаҳо, механизмҳои танзими фишор ва ҳаҷми моеъ дар организм, хусусиятҳои мубодилаи газҳо дар шуш, таносуби вентилятсия ва перфузия, инчунин омилҳои таъсиррасон ба фаъолияти дил ва бозгашти хуни венозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Махсусан, профессор Якоб С. ба шарҳу тавзеҳи механизмҳои физиологӣ ва патофизиологии равандҳои мазкур, аҳаммияти онҳо дар ташхису табобати бемориҳои гуногун ва татбиқи донишҳои назариявӣ дар амалияи тиббӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Лексияҳо бо иштироки омузгорону донишҷӯён дар фазои илмӣ ва таълимӣ баргузор гардида, барои мубодилаи таҷриба, шиносоӣ бо дастовардҳои муосири илми тиб ва васеъ намудани ҷаҳонбинии касбии иштирокдорон имконияти мусоид фароҳам оварданд.

Баргузории чунин лексияҳои илмӣ дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалӣ қадами муҳим дар самти баланд бардоштани сифати таълим, такмили донишҳои касбии омӯзгорону донишҷӯён ва таҳкими робитаҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ ба шумор меравад.


Кафедраи физиологияи патологӣ


02.11.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php