Баргузории чорабинӣ оид ба Паём

Баргузории чорабинӣ оид ба Паём

Санаи 20-уми феврали соли 2023 дар кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ чорабинӣ дар мавзӯӣ “ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ” шуда гузашт.

Ин чорабинӣ бо дастгирии масъули бахши тарбия дар кафедра Муратова Ч.Ҷ, куратори гуруҳ Асалшоев П ва донишҷуёни курси 1-ум гуруҳҳои 52 факултети тиббӣ гузаронида шуд, ки омӯзгорони кафедра ва ҳамаи донишҷуёни гуруҳдар иштирок доштанд.

Дар рафти чорабини аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба мавзӯҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва инчунин эълон шудани солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» диққати махсус дода шуд.

Дар идомаи чорабинии тарбиявӣ донишҷуён аз гуруҳи 52 Солиҳов З, Расулова Қ, Муҳаммади М, Ҷурабоева И, Одиназода Шва Ғоибзода У дар баромади худ аз паём дар бораи маориф, тандурусти ва инчунин дар бораи бистсолаи омузиши рушди фанҳои риёзи, дақиқ ва табиӣ суханрониҳо намуда, аҳамияти фаннҳои физика, математика барои донишҷуён маълумотҳои аниқро ба ҳамагон пешиҳод намуданд.

Дар охир куратор Асалшоев П ба донишҷуён барои гузаронидани чунин як чорабинӣ, ки барои ҳамаи соҳаҳои мамлакат зарурӣ ва саривақтӣ мебошад изҳори миннатдори намуда, ва ба ҳамаи донишҷӯён дар бораи тарбия, одобу рафтор, инчунин дар бобати баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ ва ҳувиятӣ миллӣ суханрони намуда, ба донишҷуён маслиҳатҳои судманд дода шуд.

 

Мудири кафедра, н.и.п.,                   Сафаров Б.Б.

Саркуратор                   Муратова Ч. Ҷ


20.02.2023 376

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php