БАРГУЗОРИИ 5-УМИН ОЛИМПИАДАИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ТИББӢ ДАР НОМИНАТСИЯИ «СТОМАТОЛОГИЯ» ДАР ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ 5-УМИН ОЛИМПИАДАИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ТИББӢ ДАР НОМИНАТСИЯИ «СТОМАТОЛОГИЯ» ДАР ДОНИШГОҲ

Дар толори «Сино»-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ 5-умин Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ дар номинатсияи «Стоматология» ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он намояндагони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ аз кишварҳои хориҷ ва дохил фаъолона иштирок намуданд.

Дар олимпиада донишҷӯён аз Ҷумҳурии Узбекистон, аз ҷумла аз донишгоҳҳои тиббии шаҳрҳои Тошканд, Бухоро, Андиҷон, Самарқанд, инчунин Донишгоҳи «Зармед», ҳамзамон намояндагони донишгоҳҳои тиббии Хатлон, Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Ин чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи донишҷӯён, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи стоматология ва рушди робитаҳои илмӣ-амалӣ байни муассисаҳои тиббӣ баргузор шуда, фазои мусоиди рақобати илмӣ ва табодули таҷрибаро фароҳам овард.


23.04.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php