БАРДОШТИ ЗИЁУДДИН САРДОР АЗ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХИ ИСЛОМ
Донишманди маъруфи бритонии покистонитабор Зиёуддин Сардор дар мақолаи худ “Дар ҷустуҷӯи исломи дунявӣ” (http://newhumanist.org.uk/798/
searching-for-secular-islam) барои муайян намудани алоқамандии дунявият ва дини ислом ба таърихи дин рӯ оварданро ҳатмӣ шумурда аст. Чун андешаҳои ӯ барои мардуми ҷомеаи мо, ки қариб ҳамагӣ мусулмонанд, аз манфиат орӣ нест, мо тасмим гирифтем, ки бардошти донишманди мазкурро аз омӯзиши таърихи ислом мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор диҳем.
Зиёуддин Сардор дар мақолаи ёдрасшуда менависад: “Ба таври тааҷҷубовар ман дарёфтам, ки давлатҳои динӣ дар таърихи ислом на қоида, балки ҳолати истисноӣ будаанд.
Империяи бузурги умавиҳо ва аббосиҳо (661-1258) бар қоидаи шахсӣ ва авторитарӣ асос ёфта буданд.
Тобеъ будани онҳо ба дин пурра рамзӣ буд. Дар беҳтарин ҳолат онҳо давлатҳои дунявӣ буданд.
Ба истиснои ягонаи давлати фотимиҳо дар Миср ва Сурия (909-1171) давлатҳое, ки баъд аз давраи мазкур омаданд, ҳатто бештар дунявӣ буданд.
Ҳокимони фотимиҳо исмоилиҳои мутаассиб (навъи шиа) буданд, ҳатто онҳо қодир набуданд, ки эътиқоди худро ба давлат таҳмил намоянд”.
Аз андешаи мазкури Зиёуддин Сардор чанд андешаи хеле муҳим ҳосил мегардад:
1) Давлатҳои динӣ дар таърихи ислом на чун қоида, балки чун ҳолати истисноӣ вуҷуд доштаанд.
Ин маънои онро дорад, ки агар давлати динӣ чун қоида вуҷуд медошт, фаъолияти он аз таълимоти дини ислом бармеомад ва дар ҳамаи марҳилаҳои рушди худ таълимоти исломиро дар раванди идоракунии давлат чун таълимот дар бораи намозу рӯзаю никоҳу талоқ ба роҳбарӣ мегирифт. Аммо дар амал идоракунии давлат тибқи таълимоти дин аллакай дар оғози пайдоишу ташаккули дини ислом вуҷуд надоштааст. Аз андешаи баёншуда, инчунин, метавон чунин хулосагирӣ намуд, ки дар низоми сиёсии ҷомеа ё идоракунии давлат таълимоти Қуръону суннат мавриди истифода қарор намегирифтааст. Агар чунин ҳолат бошад ҳам, тибқи андешаи Зиёуддин Сардор, ҳолати истисноӣ будааст.
2) Андешаи дигари Зиёуддин Сардор дар шакли “Империяи бузурги умавиҳо ва аббосиҳо (661-1258) бар қоидаи шахсӣ ва авторитарӣ асос ёфта буданд.
Тобеъ будани онҳо ба дин пурра рамзӣ буд. Дар беҳтарин ҳолат онҳо давлатҳои дунявӣ буданд.” андешаи якумро тақвият мебахшад. Ду империяи бузурги исломии арабиасос, ки аслан паҳнкунадаи асосии дини ислом маҳсуб меёбанду бо заволи онҳо империя аз байн меравад ва идораи олами ислом ба дасти бегонагон мегузарад, бар қоидаи шахсӣ ва авторитарӣ асос ёфта будаанд. Аз андешаи баёншуда сареҳатан чунин бардошт ҳосил мегардад, ки ду империяи зикршуда на тибқи фармудаи Қуръону суннат, балки мувофиқи манфиатҳои шахсию гурӯҳии ҳокимони сулола фаъолият мекардаанд.
Тобеъ будани ҳокимияти онҳо ба дин хосияти зоҳирӣ доштааст.
Низоми ҳукмронро дар он ду империя таҳлил намуда, Зиёуддин Сардор ба таври равшан таъкид намудааст, ки он давлатҳо давлатҳои дунявӣ будаанд. Бо кадом маъно он давлатҳо дунявӣ будаанд, аз ҷумлаи охири иқтибоси овардашуда равшан мегардад.
Ин ҷо бояд ёдовар шуд, ки Зиёуддин Сардор дар мақолаи мазкур тарзи идоракунии хилофатро дар давраи чор халифаи аввал мавриди таҳқиқ қарор надодааст. Ин ҷо мо аз ҷониби худ танҳо қайд менамоем, ки чӣ гуна давлат будани хилофат дар давраи ҳукмронии халифаҳои аввал масъалаи алоҳида буда, таҳқиқи ҷиддиро тақозо менамояд. Аз мавриди муносиб истифода бурда, танҳо ҳаминро зикр менамоем, ки кушта шудани халифаи сеюм - Усмон аз тарафи мусулмонони аз беадолатии халиф бадодомада ба сабаби дурравӣ аз таълимоти ислом дар идоракунии хилофат ва афзал шуморидани манофеи шахсию авлодӣ дар муқоиса бо манфиатҳои дигар қишрҳои ҷомеа сурат гирифтааст. Ба инобат гирифта нашудани таълимоти Қуръону суннат аз тарафи баъзе амирон зимни ҳукмронии халифаи чорум - Алӣ низ равшан ба чашм мерасад. Ҷангҳои Ҷамалу Сиффин далели гуфтаҳои болост. Хулоса, на танҳо дар давраи ҳукмронии сулолаи умавиҳою аббосиҳо, балки дар давраи ҳукмронии халифаҳои аввали ислом низ ҳукми оятҳои зиёде, аз ҷумла оятҳои “Ҷуз ин нест, ки муъминон бародарони якдигаранд, пас, миёни ду бародари хеш сулҳ кунед ва аз Худо битарсед, то бар шумо раҳм карда шавад” (Ҳуҷурот, 49:10), “Ҳар оина, гиромитарини шумо наздики Худо парҳезгортарини шумо аст. Худо Донои Хабардор аст” (Ҳуҷурот, 49:13), “Ва некию бадӣ баробар нест; бадиро бо он чизе ҷавоб деҳ, ки он беҳтар аст. Он гоҳ (бибинӣ, ки) он кас, ки миёни туву миёни вай душманист, гӯё дӯсти қариб шудааст”.(Фуссилат, 41:34), “Ва ба шевае, ки он нек аст, бадиро дафъ кун! Мо ба он чи баён мекунанд, Донотарем” (23:96), “Эй муъминон, Худоро фармонбардорӣ кунед ва пайғамбару фармонравоёнро аз ҷинси хеш фармонбардорӣ кунед! Пас, чун дар чизе ихтилоф кунед, агар ба Худо ва рӯзи охир эътиқод доред, онро ба сӯи Худо ва Пайғамбар бозгардонед!”, инчунин, ҳадисҳои “Мусулмон вазифадор аст, ки фармонбардорӣ кунад, ин ба ӯ маъқул мешавад, ё не, то он вақте, ки ба ӯ барои гуноҳ кардан амр нашавад” (“Саҳеҳ”-и Бухорӣ, №6611; Муслим, №3424), ҳадиси “ Гӯш кунед ва фармонбардорӣ кунед, агарчанде ҳокими шумо ғуломи ҳабашии сараш мисли мавиз бошад” (“Саҳеҳ”-и Бухорӣ №6609) ва ғайра, мутаассифона, аз тарафи баъзе ҳукуматдорон ба инобат гирифта намешудааст. Агар аҳкоми зикршуда аз тарафи он ҳокимон ба роҳбарӣ гирифта мешуд, эҳтимол, он ҷангҳои мудҳиш байни саҳобаҳо рух намедоданд. Ҳамаи ин нишонаи он аст, ки аллакай дар оғози ташаккул ва интишори дини исломӣ дар амал дин аз давлат ҷудо будааст.
3)Аз ҷумлаи баъдии Зиёуддин Сардор “Ба истиснои ягонаи давлати фотимиҳо дар Миср ва Сурия (909-1171), давлатҳое, ки баъд аз давраи мазкур омаданд, ҳатто бештар дунявӣ буданд.” метавон чунин хулосагирӣ намуд, ки аввалан, раванди ҷудоии давлат аз дин идома ёфтааст, сониян, дин дар шакли холиси худ танҳо барои фуқаро, яъне қишри поёнии ҷомеа будааст. Яъне, қишри нотавон барои таскину тасаллои худ ба дин рӯ меовардаасту қишри ҳукмрон пойбанди манофеи дунявии худ буда, мутобааташ ба дин рамзӣ будааст, чуноне дар мисоли халифаи сеюм мушоҳида мегардад. Чунин ҳолатҳо дар таърихи ислом хеле зиёданд, мо бо ҳамин иктифо менамоем, зеро таҳқиқи он моро аз мавзуъ ба канор мебарад.
4)Ҷумлаи охири Зиёуддин Сардор “Ҳокимони фотимиҳо исмоилиҳои мутаассиб (навъи шиа) буданд, ҳатто онҳо қодир набуданд, ки эътиқоди худро ба давлат таҳмил намоянд.” ба он далолат менамояд, ки ҳатто дар асри X мусулмонони мутаассиб қодир набудаанд, ки эътиқоди худро ба давлат таҳмил намоянд, яъне дар чунин давлати ҳам ҳокимонаш ва ҳам мардумаш мутаассиб амалан дин аз давлат ё ба ибораи дигар, дин аз сиёсат пурра ҷудо будааст. Яъне, ҳаёти динӣ аз ҳаёти сиёсӣ фарқ намуда, ҳар яке дар интихоби роҳи худ озод будааст. Хеле таассуфоввар аст, ки дар қарни XXI иддае аз дингароёни дунёпарасти мо (Бо кадом ақлу фаросат бошад, маълум нест.) ҳанӯз ҳам ҳадафи ҷоҳилонаи ягонагии дину сиёсатро, ки динро бунёдан аз худ бегона месозад, пайгирӣ менамоянд. Ҳамзамон, аз мантиқи андешаҳои Зиёуддин Сардор метавон чунин натиҷагирӣ намуд, ки ӯ зимни баёни андешаҳои мазкури худ вожаи “дунявӣ”-ро маҳз дар маънои ибтидоияш, яъне ҷудоии дин аз давлат истифода бурдааст.
5)Дар умум, андешаҳои мазкури Зиёуддин Сардорро таҳлил намуда, метавон ба чунин хулосаи равшан ва асоснок расид, ки вақте иддае аз назарияпардозони дин дар ҷомеа дар бораи ҷузъи дин будани сиёсат сухан меронанд, мақсади онҳо ҷуз ба даст овардани ҳокимият бо сӯииистифода аз дин чизи дигаре нест. Чун дар оғози ислом вазъ чунин будааст, пас, дингароии қишри номбурда зоҳирӣ асту ҳадафҳо ҳама дунявӣ. Дар чунин вазъ боз ҳам ҳамон мусулмони фақири бечора бо боварҳои содалавҳонааш дар гӯшае бо чашми чору ҳоли зор мемонаду халос. Ҳақиқати ин гуфтаҳои барои чашми биною ақли расо чун офтоби тобистон муҷалло вазъ дар иддае аз кишварҳои ба ном динӣ аст.
Зиёуддин Сардор баъд аз дарёфти дунявият дар марҳилаи ибтидоии исломи амалӣ ба ҷустуҷӯи он дар исломи назариявӣ мепардозад. Ӯ менависад: “Ҳаракати ҷудо намудани дин аз сиёсат дар таърихи ислом барвақт оғоз шудааст. Дар исломи классикӣ маҳз ақлгароён, онҳое, ки аксаран файласуф буданд, лекин олимон, шоирон, хидматчиёни даватиро низ фаро мегирифтанд, масофаи заруриро дар байни дин ва сиёсат дидан мехостанд. Ин мутафаккирон, ки бо номи муътазилиҳо-таҳтуллафзӣ ҷудоихоҳон-маъруф буданд, бар муқобили эътиқоди сахт шариатие, ки танҳо ба Қонуни Худо (шариат) асос ёфта буд, баромад мекарданд ва кӯшиш мекарданд, ки исломро ба дини нисбатан инсонпарвар табдил диҳанд. Онҳо иддао менамуданд, ки танҳо бо истифода аз ақл шахс метавонад донад, ки чӣ тавр рафтори ахлоқӣ содир намояд; тибқи хулоса зарурат нест, ки дин бо идораи давлатӣ якҷо карда шавад.” Аз иқтибоси мазкури Зиёуддин Сардор чанд бардошти хеле муҳим ба даст меояд:
1)Яке аз принсипҳои асосии дунявият - ҷудоии дин аз давлат дар олами ислом бар хилофи иддаои дингароёни мутаассиби ислом, ки онро маҳсули афкори аврупоӣ медонанд, хеле пештар аз олами Аврупо ё олами масеҳӣ пайдо шудааст. Ба таври муқоиса коршиносони соҳа пайдоиши нишонаҳои афкори дунявиро дар олами масеҳӣ ба давраи Эҳёю Замони Нав мутааллиқ медонанд, агарчанде ба таври воқеӣ он дар таълимоти Марсили Падуянӣ, ки давраи фаъолияташ охири асри XIII ва ибтидои асри XIV аст, хеле равшан ифода ёфтааст. (Ниг.Абдухалилзода К.А. Љанбањои дунявї дар таълимоти М. Падуянї[Матн] К.А.Абдухалилзода // Ахбори АИ ЉТ, шўъбаи илмњои љамъиятшиносї. - 2021. - №4. – С.7-12). Аммо дар олами ислом, нишонаҳои дунявият, чуноне, ки Зиёуддин Сардор таъкид намудааст, дар таълимоти муътазилиҳо, ки фаъолияташон аз асри VIII оғоз мегардад, мушоҳида мешавад.
2) Аввалин дунявигароён дар олами ислом низ ақлгароён будаанд. Пас, дар олами ислом низ чун дар дигар гӯшаҳои ҷомеаи башарӣ ақлгароӣ раванди пешқадам, бароҳбаригирандаи илму мантиқ ва ифодакунандаи манфиатҳои тамоми ҷомеа будааст.
3)Зиёуддин Сардор фаъолияти ақлгароён-муътазилиҳоро нек ва мусбӣ арзёбӣ менамояд, агарчанде таълимоти онҳо аз тарафи имомони мутаасиби ҳам замони худ ва ҳам дингароёни ақлситези имрӯза мавриди танқид қарор мегирад.
4)Онҳо ҳамчун ақлгаро бар муқобили шариати сахтгир баромад намуда, талош мекардаанд, ки дини исломро ба дини инсонпарвар табдил диҳанд. Ҳадафи мазкур имрӯз хеле мубрам аст. Имрӯз душманони ислом кӯшиш доранд, ки дини исломро чун дини зиддиинсонӣ муаррифӣ намоянд, дар ҳолате, ки дар қуруни вусто ақлгароёни исломӣ бар хилофи имомони мутаассиб талош кардаанд, ки онро инсонпарвар созанд. Ҳадафи муътазилиҳо имрӯз хеле мубрам ва ногузир гардидааст.
5)Такя ба ақл зимни содир намудани рафтори ахлоқӣ. Имрӯз маъмулан файласуфи машҳури олмонӣ Имануэл Кант офарандаи назарияи ахлоқие маҳсуб мебошад, ки тибқи он ҳама гуна амали ахлоқӣ бояд тибқи фармоиши ақл сурат гирад. Хеле тааҷҷубовар аст, ки тахминан 1000 сол пеш аз Кант муътазилиҳо ҷуръат намуда, андешае, ки тибқи он танҳо ақл бояд муайянкунандаи рафтори ахлоқӣ бошад, пешниҳод намудаанд.
6)Аз арзишқоилии Зиёуддин Сардор ба фаъолияти муътазилиҳо ҳамчун ҷараёни ақлгаро ва ҷонибдори дунявият, ки табдили дини исломро ба дини инсонпарвар аллакай дар торикиҳои асри миёна яке аз ҳадафҳои худ қарор додаанд, чунин бардошт ҳосил мегардад, ки пурқувват намудани ҷанбаи ақлгароии дини ислом барои ҷомеаи мо ҳам фарзу ҳам суннат мебошад. Фарз будани ҳадафи мазкур бо талаботи муҳит ва шароити имрӯза, ки тавассути танҳо ақли созандаю эҷодкор пешрафт карда истодааст, асоснок мегардад. Суннат будани он бошад, бо пайравӣ аз анъанаҳои неку созандаи гузаштагон, ки ифодагари манофеи тамоми ҷомеа мебошанд, таъйид меёбад.
Ҳамчунин таҳлилу баррасии андешаҳои Зиёуддин Сардор дар бораи ду ҷараёни каломии асримиёнагии исломӣ-муътазилиҳо ва ашъариҳо барои ҷомеаи имрӯзаи мо аз манфиат холӣ нест. Ӯ менависад: “Муътазилиҳо ба таълимоти ашъариҳо, ки дар асри X аз ҷониби теолог (илоҳиётшинос - А.К.А.) ал-Ашъарӣ асос ёфта буд, муқовимат нишон медоданд. Ашъариҳо чунин андешаро, ки танҳо ақли инсон муайянкунандаи ахлоқ аст, инкор менамуданд ва иддао менамуданд, ки фаҳмидани табиати ягона ва сифати Худо берун аз қобилияти инсон аст. Давлат, иддао мекарданд ашъариҳо, дар ташаккули ахлоқи шаҳрвандони худ нақши муҳим дорад; пас, дин ва сиёсат наметавонанд, ки ҷудо бошанд. Мактаби ашъариҳо аз ҷониби бузургоне, чун илоҳиётшинос ал-Ғазолӣ, математик ва физик Фахриддини Розӣ ва муаррих ва ҷомеашиноси бузурги асри XIV Ибн Халдун дастгирӣ ёфтааст”.
Аз иқтибоси мазкури Зиёуддин Сардор бардоштҳои зерин пеши назар меоянд:
1)Ашъариҳо қудрат ва қобилияти ақлро дар ҳамаи соҳаҳои маърифат, аз ҷумла дар муайян кардани ахлоқ низ маҳдуд мекардаанд.Чунин нигоҳ ва равиши таҳлилу таҳқиқ яке аз камудбиҳои ҷиддии ашъариҳо ва дигар ҳаммаслаку ҳамақидаҳои эшон маҳсуб меёбад, Зеро аввалан, ҳастии онҳо ҳамчун мактаби каломӣ бо тамоми камбудиҳояшон маҳсули ақл аст, ки онҳоро тавлид намуд ва муаррифӣ намуд. Агар ақли эҷодкор намебуд, на таълимоти Ашъарӣ пайдо мешуду на пайравонаш. Сониян, ахлоқ ҳамчун маҷмуи меъёрҳои танзимкунандаи рафтори одамон вобаста ба пешрафти ҷомеаю тағйирёбии арзишу талаботҳо мавриди тағйирот қарор мегирад. Дар чунин ҳол танҳо ақли инсони тағйирёбанда онро муайян мекунад, на ягон муқаррароти аз лиҳози замонӣ маҳдуд.Мутаассифона, пойбандии қавӣ ва яктарафа ба таълимоти эътиқодӣ ба Ашъарӣ ва ҳамақидаҳои ӯ имкон надодааст, ки қудрати беинтиҳои ақлро бубинанд.
2)Ашъариҳо ва дигар ҳаммаслаку ҳамақидаҳои ӯ дар гӯшаҳои гуногуни олами ислом берун аз қобилияти инсон будани фаҳмидани табиати ягона ва сифати Худоро эътироф менамуданд, аммо боз бар хилофи чунин мавқеи худ дар ин мавзуъ ҷилд-ҷилд китоб менавиштанд, ки хеле тааҷҷубовар аст.Вақте объекти таҳқиқ, аз нигоҳи худи онҳо, дастрас нест, ҷилд-ҷилд китоб навиштан чӣ маъно дорад? Хулоса, тоифаи зикршуда бидуни ҳукми мулоҳизакоронаи ақл дар ин мавзуъ кӯр-кӯрона андешаронӣ намуданро шуғли хеш қарор дода, аз он “илм” сохтанд ва бо ин роҳ раванди маърифату фаъолияти ақли ҷӯёро ба самти бемаҳсулӣ ва орӣ аз манфиат равона мекарданд.
3)Нақши муҳими давлатро дар ташаккули ахлоқи шаҳрвандон эътироф намуда, аз он дар шакли “дин ва сиёсат наметавонанд аз ҳам ҷудо бошанд”, бардошти нодуруст ҳосил мекарданд. Маҳдуд кардани фаъолияти ақл ба онҳо имкон намедод дарк намоянд, ки дин ва сиёсат ду соҳаи мухталифи фаъолияти инсон аст, ки аз ҳам аз рӯи мақсадҳояшон, талаботҳояшон, вазифаҳояшон, арзишҳояшон ва махсусан вижагиҳои фаъолияту хусусиятҳои хоси субъектҳои фаъолият аз ҳам фарқ менамоянд. Омехта намудани онҳо, пеш аз ҳама, динро бо тамоми муқаддасоташ гардолуд мегардонад ва тадриҷан ба василаи беқурби сиёсат табдил месозад.
4) Муътазилиҳо бар муқобили чунин андешаҳои илман беасос ва подарҳавои ашъариҳо ва ҳаммаслакони онҳо дар манотиқи мухталифи олами ислом муқовимат нишон медоданд. Яъне, мактаби ақлгарои мазкур бо истифода аз ақли роҳнамо хатари ҳалокатбори таълимоти ашъариҳо ва дигар ҳаммаслаку ҳамақидаҳои онҳоро барои пешрафти илму маърифати башарӣ дарк намуда, пайваста зидди он мубориза бурдаанд.
5)Тасаввуроти нодуруст ва мутаассибонаи ашъариҳо ва ҳаммаслакони онҳо ба раванди рушди илму маърифат дар олами ислом таъсири амиқи зараровар расонида, барои рушду тантанаи тасаввуроту тафаккури ғайриилмӣ мусоидат намудааст.
6)Вақте дар давраи торики асримиёнагӣ ҷараёни ақлгарои муътазила бар муқобили таълимоти ашъариҳо, ҳамчун раванди зиддиақлӣ баромад намудаанд, дар асри XXI дастгирӣ намудани ҳамагуна таълимоти ҳамсони ашъарӣ маънои зери хатар гузоштани ҳадафҳои стратегии миллию давлатиро дорад, зеро амали мазкур ақлро кунд намуда, ҳама гуна иқдому ташаббусро ба таассуби нафсофарида хоҳад дод. Таърих гувоҳ аст, ки таассуб ва ҳар чизе, ки на маҳсули ақл, балки маҳсули нафс аст, пайомади хуб надоштааст.
Зиёуддин Сардор махсус қайд менамояд, ки дар таърихи исломи классикӣ, аз асри VII то асри XIV як муборизаи бузург байни муътазилиҳо ва ашъариҳо сурат гирифт ва ғалабаи равшани ашъариҳо имкон додааст, ки ҷомеаҳои мусулмонӣ дин ва сиёсатро ду ҷониби як танга бинанд. Ҳамин тариқ, дар муҳити торики асримиёнагӣ пахш гардидани ақлгароӣ ва тантана намудани афкори мутаассибонаю хирадситезона ба фаҳмиши нодурусти моҳияти дину сиёсат оварда, тадриҷан муҷиби эҷоди мушкилоти гуногуни иҷтимоию фарҳангӣ ва иҷтисодию сиёсӣ дар олами ислом шудааст.
Воқеан ҳам хеле хурсандиовар аст, ки Зиёуддин Сардор таърихи исломро хеле ҷиддӣ баррасӣ намуда, барҳақ таъкид менамояд, ки “Конститутсияе, ки Муҳаммад дар Мадина коркард намуд, метавонад, ки барои ташаккули ҷомеаи дунявӣ истифода шавад”. Бидуни тардид пешниҳоди мазкури Зиёуддин Сардор, махсусан, дар шароити имрӯза аз аҳамияти зиёди амалӣ бархӯрдор аст. Дар Конститутсияи мазкур ҳар як қабилаи яҳудии Ясриб дар алоҳидагӣ зикр мегардаду баробарҳуқуқии онҳо бо қабилаи Авфи ясрибии араб таъкид мешавад. Ҳамзамон дар ҳуҷҷати мазкур қайд мешавад, ки на танҳо худи қабилаҳои яҳудӣ, балки иттифоқчиёни онҳо низ бо мусулмонон аз ҳуқуқҳои баробар бархӯрдор мебошанд. Яъне, конститутсияи Мадина на танҳо ҳаққи дигар миллатҳоро барои доштани дину ойини худ эътироф менамояд, балки баробарҳуқуқии онҳоро новобаста аз тафовути этникию эътиқодӣ таъкид месозад.
Хулоса, вақте мо мехоҳем робитаи дини исломро бо дунявият муайян намоем, моро зарур аст, ки бештар ба исломи амалӣ такя намоем, агарчанде дар исломи назариявӣ низ принсипҳои алоҳидаи он, аҳён бошад ҳам, равшан ба чашм мерасанд. Чӣ хеле, ки маълум гардид, принсипҳои асосии дунявият дар исломи амалӣ аз рафтору амалкардҳои худи пайғамбар оғоз ёфта, дар давраи халифаҳо тавсеа ёфт. Ҳамин аст, ки принсипҳои мазкур дар ҳаёти амалии мусулмонони тамоми рӯи замин бо шумули мусулмонони кишвари мо пурра ба зуҳур мерасанд.
Абдухалилзода К. А..-д.и.ф., дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ