БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КАФЕДРАИ ХИМИЯИ БИООРГАНИКӢ ВА ФИЗКОЛЛОИДӢ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ иштирокдорон оид ба таърихи пайдоиш, мазмуну муҳтаво ва аҳаммияти рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ, маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ таҷассумгари соҳибихтиёрӣ, истиқлол, ваҳдати миллӣ, ҳувияти таърихӣ ва давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад.
Ҳамзамон, дар бораи маънои рамзии рангҳои Парчами давлатӣ, тоҷу ҳафт ситораи он ва ҷойгоҳи ин рамзҳо дар худшиносии миллӣ андешаронӣ карда шуд. Қайд гардид, ки дар тафсирҳои рамзии маъмул ҳафт ситора ифодагари саодат, камолот ва ваҳдати миллӣ буда, адади ҳафт дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон ҷойгоҳи хосса дорад. Инчунин, вобаста ба тақсимоти иқтисодию ҷуғрофии кишвар ва ҳафт минтақаи асосии он маълумот пешниҳод гардид.
Қисмати дигари чорабинӣ ба шарҳу тавзеҳи рамзҳои Парчами давлатӣ дар заминаи низомномаи таърихии 22 ноябри соли 1992 бахшида шуда, мазмуни иҷтимоии рангҳои он, ки коргарон, деҳқонон ва зиёиёнро таҷассум менамуданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокдорон ҳамчунин таъкид намуданд, ки рамзҳои давлатӣ дорои решаҳои амиқи таърихию фарҳангӣ буда, пайванди наслҳои гузаштаву имрӯзаро ифода мекунанд.
Дар идомаи маҳфил донишҷӯён доир ба адади ҳафт аз дидгоҳи илмҳои химия, биология, физика ва тиб маълумоти ҷолибу омӯзишӣ пешниҳод намуданд. Ин шакли пайванди донишҳои табиатшиносӣ бо арзишҳои миллӣ ба муҳтавои чорабинӣ ранги тоза бахшида, фазои онро боз ҳам ҷолибу хотирмон гардонд.
Дар фарҷоми чорабинӣ суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақому манзалати Парчами давлатӣ ва нақши он дар муаррифии давлату миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳозирин пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, таъкид шуд: «Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад».
Чорабинии мазкур дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии донишҷӯён нақши муҳим гузошта, бо руҳияи баланди ифтихори миллӣ ҷамъбаст гардид.
Кафедраи химияи биоорганникӣ ва физколлоидӣ