АЗ КОРҲОИ ХАЙРИ ТУ ЧУН ЁД МЕКУНАМ....

АЗ КОРҲОИ ХАЙРИ ТУ ЧУН ЁД МЕКУНАМ....

Бо андӯҳи гарон ва қалби пурдард ҷомеаи омузгорону табибон ва шогирдони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз даргузашти табиби ҳозиқ, педагоги варзида, инсони соҳибхирад ва ҳамкори гиромӣ Фузайлова Мавлуда Саидисломова мутаассир гардиданд. Рафти ӯ аз миёни мо на танҳо талафоти як омузгор, балки аз даст рафтани як чеҳраи арзандаи соҳаи тандурустӣ ва маорифи тиббии кишвар аст.

Имрӯз ҳар касе, ки бо ин зани фозил ҳамнишин ва ҳамкор буд, аз ӯ ба некӣ ёд мекунад. Зеро умри бобаракати худро сарфи хизмати мардум, тарбияи табибони ҷавон ва рушди илму маорифи тиббӣ намуда буд. Ӯ аз ҷумлаи шахсиятҳое маҳсуб меёфт, ки фаъолияти касбиашон танҳо бо иҷрои вазифа маҳдуд намешуд, балки тамоми ҳастии худро ба рисолати инсонӣ мебахшиданд.

Фузайлова Мавлуда Саидисломова ҳамчун табиби ҳозиқ ва омузгори пуртаҷриба солҳои зиёд дар кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона фаъолият намуда, дар тарбияи садҳо мутахассисони соҳаи педиатрия саҳми босазо гузоштаанд. Дарси ӯ танҳо омузиши илми тиб набуд, балки мактаби одамият, масъулиятшиносӣ ва меҳру муҳаббат ба касб маҳсуб меёфт. Шогирдон аз ӯ на танҳо дониш, балки одоби муошират бо бемор, эҳтиром ба инсон ва садоқат ба касбро меомӯхтанд.

Ӯ ҳамчунин дар вазифаи муовини декани факултети педиатрӣ фаъолияти пурсамар дошта, барои пешрафти таълиму тарбия, таҳкими интизом ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии донишҷӯён хизматҳои арзанда анҷом додаанд. Бо хислати нек, сухани нарм ва муносибати ғамхоронаашон байни омузгорон ва донишҷӯён эҳтироми хоса доштанд. Ҳамкорон ӯро ҳамчун инсони хоксор, масъулиятшинос ва соҳибдил мешинохтанд.

Имрӯз, вақте аз зиндагии пурбаракати ин бонуи фидоӣ ёд мекунем, пеш аз ҳама меҳнати ҳалол, хизматҳои шоиста ва корҳои хайри ӯ пеши назар меоянд. Зеро инсон то замоне зинда аст, ки номи нек ва амали некаш дар қалби мардум боқӣ монад. Мавлуда Саидисломова маҳз аз зумраи чунин инсонҳо буданд нафаре, ки бо ахлоқи ҳамида, садоқат ба касб ва муҳаббат ба инсонҳо дар ёди ҳамагон боқӣ хоҳад монд.

Имрӯз ҷомеаи Донишгоҳи тиббӣ ва соҳаи тандурустии мамлакат як шахсияти арзанда ва мутахассиси соҳибтаҷрибаро аз даст дод. Аммо хотираи неки ӯ, корномаҳои ибратбахш ва хизматҳои шоистаашон барои шогирдону ҳамкорон ҳамеша роҳнамо хоҳанд буд.

Рӯҳашон шод, манзили охираташон обод бод. Хотираи некашон дар қалбҳо ҷовидон хоҳад монд.

 

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ

ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


16.05.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php