АЗ ДОМАНИ МОДАР ТО ҚУЛЛАИ ИЛМУ РОҲБАРӢ (БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ МОДАР)
Рӯзи Модар на танҳо ҷашни эҳсосу муҳаббат, балки арҷгузорӣ ба нақши зан дар бунёди ҷомеа, тарбияи насл ва пешбурди илму маърифат мебошад. Дар ин рӯз мо аз заноне ёд мекунем, ки аз домани модар бо ормону иродаи қавӣ бархоста, то қуллаҳои баланди илм ва роҳбарӣ расидаанд. Яке аз чунин чеҳраҳои барҷаста дар соҳаи тибби кишвар Умарзода Саида Ғайрат мебошад, ки зиндагӣ ва фаъолияти ӯ намунаи равшани пайванди муқаддаси модарӣ, рисолати касбӣ ва хидмати содиқона ба мардум аст.
Саида Ғайрат соли 1962 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маҳз муҳити солими оилавӣ, тарбияи модар ва ҳидоятҳои падар дар ниҳоди ӯ муҳаббат ба дониш, эҳтиром ба инсон ва ҳисси масъулиятро парвариш намуд. Ин арзишҳо баъдан дар интихоби роҳи зиндагӣ, роҳи пуршарафи табибӣ нақши ҳалкунанда бозиданд. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1986 онро бомуваффақият хатм кард. Солҳои баъдӣ ҳамчун ординатори клиникӣ ва аспиранти кафедраи онкологияи ҳамин донишгоҳ фаъолият бурда, пояҳои илмии худро мустаҳкам намуд.
Фаъолияти меҳнатии ӯ аз дармонгоҳи машваратии Диспансери ҷумҳуриявии онкология оғоз гардида, дар он ҷо ба ҳайси табиби онколог-гинеколог ба беморон хизмати содиқона анҷом дод. Ин давра барои ӯ на танҳо марҳилаи такмили маҳорати касбӣ, балки мактаби бузурги инсондӯстӣ буд. Мулоқот бо заноне, ки бо дарди саратон рӯ ба рӯ мешуданд, масъулияти ӯро ҳамчун табиб ва ҳамчун зану модар дучанд месохт. Ӯ хуб дарк мекард, ки саломатии модар асоси пойдории оила ва ҷомеа мебошад.
Солҳои минбаъда фаъолияти ӯ дар кафедраи онкология идома ёфта, аз ассистентӣ то дотсентӣ расид. Ҳамзамон, ба таҳқиқоти илмӣ машғул шуда, рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Таҳлили густариши саратони гарданаи бачадон баъд аз муолиҷа” дифоъ намуд. Ин таҳқиқот аҳаммияти муҳимми амалӣ дошта, ба беҳтарсозии назорат ва муолиҷаи беморон мусоидат кард. Баъдан, бо такя ба таҷрибаи ғании клиникӣ ва омузиши фарогири иҷтимоӣ-тиббӣ, рисолаи доктории худро дар мавзуи “Саратони узвҳои насловар дар занҳои серфарзанди Тоҷикистон” ҳимоя намуд. Ин мавзуъ на танҳо масъалаи тиббӣ, балки масъалаи муҳими иҷтимоӣ низ буд, зеро ба саломатии модарон такягоҳи асосии оила иртиботи мустақим дорад.
Саида Ғайрат ҳамчун доктори илмҳои тиб, табиби тахассуси дараҷаи олӣ ва аълочии тандурустии Тоҷикистон дар рушди саратоншиносӣ саҳми арзанда гузоштааст. Фаъолияти ӯ дар мақоми муовини директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ оид ба корҳои илмӣ ба таҳкими заминаҳои илмӣ, омодасозии мутахассисони ҷавон ва татбиқи усулҳои муосири ташхису табобат мусоидат намуд. Ӯ ҳамеша кӯшиш кардааст, ки илми тиб ба ниёзҳои воқеии занон ва модарони кишвар ҷавобгӯ бошад.
Марҳилаи нави фаъолияти ӯ бо таъйин шудан ба вазифаи муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар ин мақом низ ӯ содиқона ба халқу Ватан хизмат карда, ба такмили сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак, пешгирии бемориҳои саратонӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ саҳм гузоштанд. Таҷрибаи илмиву амалии ӯ имкон дод, ки қарорҳои муҳим бо дарназардошти воқеияти зиндагии занони тоҷик қабул гарданд.
Пайванди мавзуи фаъолияти илмии ӯ бо Рӯзи Модар рамзӣ ва пурмазмун аст. Саломатии модар кафили солимии ҷомеа мебошад. Модаре, ки солим аст, наслеро тарбия мекунад, ки ояндаи миллатро месозад. Аз ин рӯ, мубориза бо саратони узвҳои насловар, таҳқиқи омилҳои хатар ва ҷорӣ намудани барномаҳои пешгирикунанда дар асл ҳимояи модар ва ҳифзи пояҳои маънавии ҷомеа аст. Саида Ғайрат бо корҳои илмӣ ва амалии худ маҳз ҳамин рисолати муқаддасро иҷро намудааст.
Зиндагиномаи ӯ собит месозад, ки зан метавонад ҳамзамон модари ғамхор, олими нуктасанҷ ва роҳбари муваффақ бошад. Аз домани модар гирифта то қуллаи илму роҳбарӣ расидан роҳи осон нест. Ин роҳ аз заҳмат, омузиши пайваста, масъулияти баланд ва садоқат ба касб иборат аст. Саида Ғайрат бо фаъолияти худ намунаи ибрат барои духтарон ва занони ҷавон мебошад, ки орзу доранд дар соҳаи илм ва идоракунӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.
Дар Рӯзи Модар арҷ гузоштан ба чунин бонувон арҷгузорӣ ба тамоми модаронест, ки бо меҳру фидокорӣ фарзандонро ба роҳи дониш ҳидоят мекунанд. Аз домани модар сарчашма гирифта, ба қуллаҳои баланди илм расидани фарзандон беҳтарин самараи тарбия аст. Саида Ғайрат бо зиндагӣ ва фаъолияти худ ин ҳақиқатро бори дигар собит намудааст, ки қудрати модар метавонад на танҳо як инсон, балки як соҳа ва ҳатто як сиёсатро ба самти созандагӣ раҳнамун созад.
Амонзода С. Б.-номзади илмҳои сиёсӣ, раиси Шурои занону духтарони Донишгоҳ