АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБӢ ТО АМНИЯТИ НАСЛҲОИ ОЯНДА: ТАҲАВВУЛИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБӢ ТО АМНИЯТИ НАСЛҲОИ ОЯНДА: ТАҲАВВУЛИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир масъалаи таъмини амнияти байналмилалӣ ба яке аз вазифаҳои асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Терроризм ва ифротгароӣ, муноқишаҳои мусаллаҳона, тағйирёбии иқлим, буҳрони об, муҳоҷирати иҷборӣ, таҳдидҳои кибернетикӣ ва ноустувории иқтисодӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба суботи давлатҳо ва рушди устувори башарият таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Дар чунин шароит аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии давлатҳое, ки сиёсати созанда ва сулҳҷӯёнаро пеш мебаранд, афзоиш меёбад. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии худро дар асоси принсипҳои сулҳҷӯӣ, ҳамкорӣ, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳалли муштараки мушкилоти глобалӣ ба роҳ мондааст. Бо гузашти вақт Тоҷикистон аз кишвари навистиқлол ба яке аз давлатҳои ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфт. Минбари Созмони Милали Муттаҳид ба майдони асосии муаррифии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон мубаддал гардид.

Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, мубориза бар зидди терроризм, таҳкими амнияти минтақавӣ ва дар солҳои охир масъалаи амнияти наслҳои оянда нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ нақши фаъол ва муассир дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Барои кишвари тозаистиқлол ин рӯйдод аҳамияти бузурги сиёсӣ дошт, зеро маҳз тавассути ин созмони бонуфуз Тоҷикистон тавонист худро ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ намояд.

Дар солҳои аввали истиқлолият таваҷҷуҳи асосии роҳбарияти мамлакат ба барқарор намудани сулҳу субот ва таҳкими давлатдорӣ равона шуда буд. Пас аз ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ дар соли 1997 сиёсати хориҷии Тоҷикистон марҳилаи нави рушдро оғоз намуд. Кишвар тадриҷан аз қабулкунандаи кӯмакҳои байналмилалӣ ба пешниҳодкунандаи ташаббусҳои глобалӣ табдил ёфт.

Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят муҳим мебошад. Суханрониҳои пайвастаи ӯ дар иҷлосияҳои Маҷмаи Умумии СММ на танҳо масъалаҳои миллӣ, балки мушкилоти умумибашариро фаро гирифта, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба роҳҳои ҳалли онҳо ҷалб намуданд.

Яке аз муҳимтарин саҳмҳои Тоҷикистон дар таҳкими амнияти ҷаҳонӣ дипломатияи обӣ мебошад. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги обӣ буда, тақрибан 60 фоизи обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳудуди он ташаккул меёбанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар охири солҳои 1990 масъалаи аҳамияти глобалии захираҳои обиро дар минбари СММ матраҳ намуда буданд. Дар натиҷаи ин талошҳо соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон гардид.

Минбаъд бо ибтикори Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005–2015) ва баъдан Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028) қабул карда шуданд. Ин ташаббусҳо боиси таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ гардиданд.

Дар ҷаҳони имрӯз масъалаи об танҳо масъалаи экологӣ нест. Камбуди об метавонад сабаби сар задани низоъҳои сиёсӣ, муҳоҷират, қашшоқӣ ва ноустувории иҷтимоӣ гардад. Аз ин рӯ, ташаббусҳои обии Тоҷикистон ҳамчун саҳми назаррас дар таҳкими амнияти байналмилалӣ арзёбӣ мешаванд.

Дар даҳсолаи охир масъалаи тағйирёбии иқлим ба яке аз самтҳои калидии фаъолияти байналмилалии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор аз таъсири гармшавии глобалӣ бештар осеб мебинад.

Дар қаламрави мамлакат беш аз 13 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки манбаи асосии ташаккули захираҳои обии минтақа мебошанд. Аммо дар натиҷаи баландшавии ҳарорати ҳаво садҳо пиряхҳо аз байн рафта, ҳазорҳо пиряхҳои дигар таҳти хатари нобудшавӣ қарор доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҷомеаи ҷаҳониро аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим огоҳ намуда, барои андешидани чораҳои муштарак даъват мекунанд. Дар натиҷаи талошҳои дипломатии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ соли 2022 қатънома қабул намуда, соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кард.

Ҳамчунин 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эътироф гардида, таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дастгирӣ ёфт.

Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон тағйирёбии иқлимро ҳамчун масъалаи муҳими амниятӣ арзёбӣ менамояд. Норасоии об, коҳиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, муҳоҷирати экологӣ ва зиёдшавии хавфи низоъҳо метавонанд аз паёмадҳои асосии тағйирёбии иқлим бошанд.

Дар асри XXI терроризм ва ифротгароӣ яке аз таҳдидҳои асосии амнияти байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари воқеъ дар минтақаи стратегӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳои худ дар Созмони Милали Муттаҳид борҳо таъкид намудаанд, ки терроризм ва экстремизм ба ягон миллат, дин ё фарҳанг мансуб нестанд ва мубориза бо онҳо бояд тавассути ҳамкории густурдаи байналмилалӣ анҷом дода шавад. Тоҷикистон ҷонибдори мубориза на танҳо бо оқибатҳои терроризм, балки бо сабабҳои пайдоиши он мебошад. Камбизоатӣ, бекорӣ, сатҳи пасти маърифат, ноадолатии иҷтимоӣ ва маҳдуд гардидани имкониятҳои ҷавонон ҳамчун омилҳои мусоидаткунандаи ифротгароӣ арзёбӣ мешаванд.

Аз ин рӯ, Тоҷикистон сиёсати пешгирикунандаи таҳдидҳои амниятиро ҷонибдорӣ намуда, зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ ва таҳаммулпазириро дар сатҳи байналмилалӣ таъкид мекунад.

Яке аз мавзӯъҳои муҳими ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон масъалаи Афғонистон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин кишвар сарҳади тӯлонӣ дошта, амният ва суботи минтақа бевосита ба вазъи Афғонистон вобаста мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо дар минбари СММ ҷомеаи ҷаҳониро ба дастгирии мардуми Афғонистон, пешгирии буҳрони гуманитарӣ ва мусоидат ба ташкили ҳукумати фарогир даъват намудаанд.

Мавқеи Тоҷикистон бар он асос ёфтааст, ки бидуни сулҳу субот дар Афғонистон таъмини амнияти пойдор дар Осиёи Марказӣ ғайриимкон мебошад.

Дар солҳои охир масъалаи ҷавонон ва наслҳои оянда ба яке аз самтҳои муҳими ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Дар суханрониҳои худ дар Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки таҳдидҳои муосир пеш аз ҳама ба ҷавонон таъсир мерасонанд. Ифротгароии рақамӣ, паҳншавии ақидаҳои тундрав дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷинояткории кибернетикӣ, муноқишаҳои мусаллаҳона ва тағйирёбии иқлим ояндаи наслҳои ҷавонро зери хатар қарор медиҳанд.

Аз ҳамин хотир Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки масъалаи амнияти наслҳои оянда ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти байналмилалӣ табдил дода шавад. Ин ташаббус ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон, рушди таҳсилоти босифат, таъмини имкониятҳои баробар, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳифзи онҳо аз таҳдидҳои нав равона гардидааст.

Моҳияти ин ташаббус дар он ифода меёбад, ки амнияти воқеии байналмилалӣ танҳо дар сурате таъмин мешавад, ки барои наслҳои оянда муҳити устувор, амн ва одилона фароҳам оварда шавад. Ин дидгоҳ бо ҳадафҳои рушди устувори СММ ва ҳуҷҷати байналмилалии «Паймон барои оянда» ҳамоҳанг мебошад.

Таҳлили ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ аз доираи масъалаҳои миллӣ фаротар рафта, ба ҳалли мушкилоти глобалии башарият равона шудааст. Ташаббусҳои марбут ба об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, мубориза бар зидди терроризм, таҳкими суботи минтақа ва амнияти наслҳои оянда саҳми арзишманди Тоҷикистон дар таҳкими амнияти байналмилалӣ ба шумор мераванд.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор, сулҳҷӯ ва масъулиятшинос дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта мешавад. Нигоҳи глобалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба принсипҳои ҳамкорӣ, эътимод, рушди устувор ва масъулияти муштарак асос ёфта, барои таҳкими сулҳу субот ва амнияти ҷаҳонӣ аҳамияти муҳим дорад.

   

Муминҷонов С.А.-мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусология


30.06.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php