АЗ ҶАРРОҲИИ БУЗУРГ ТО АМАЛИЁТИ ЧАНДСАНТИМЕТРӢ: ИНҚИЛОБ ДАР ТАЪРИХИ ҶАРРОҲИИ ТАЛХАДОН

АЗ ҶАРРОҲИИ БУЗУРГ ТО АМАЛИЁТИ ЧАНДСАНТИМЕТРӢ: ИНҚИЛОБ ДАР ТАЪРИХИ ҶАРРОҲИИ ТАЛХАДОН

Таърихи тиб саршор аз кашфиётест, ки на танҳо усулҳои табобатро тағйир додаанд, балки тасаввуроти инсониятро дар бораи имкониятҳои ҷарроҳӣ дигаргун сохтаанд. Яке аз чунин дастовардҳои барҷаста пайдоиш ва рушди холесистэктомияи лапароскопӣ усули муосири хориҷ кардани талхадон бидуни буриши калони ҷарроҳӣ мебошад. Ин навоварӣ яке аз гардишҳои муҳим дар таърихи ҷарроҳии абдоминалӣ ба шумор меравад.

Саргузашти ин амалиёти ҷарроҳӣ аз соли 1882 оғоз мегардад. Маҳз 15 июли ҳамон сол ҷарроҳи олмонӣ Карл Лангенбух (Langenbuch) дар шаҳри Берлин аввалин маротиба талхадонро бо роҳи ҷарроҳӣ хориҷ намуд. Он замон чунин амалиёт ҷасорати фавқулода, дониши амиқи анатомӣ ва маҳорати баланди ҷарроҳиро талаб мекард. Бо вуҷуди аҳаммияти таърихӣ, амалиёт бо мушкилоти зиёд, аз ҷумла хунравӣ ва пайдоиши фистулаҳои талхавӣ, ҳамроҳ буд.

Марҳилаи муҳими такмили ин ҷарроҳӣ ба номи анатомшинос ва ҷарроҳи фаронсавӣ Жан-Франсуа Кало (Jean-François Calot) вобаста аст. Ӯ соли 1890 таҳқиқоти худро оид ба анатомияи роҳҳои талхавӣ, махсусан муносибати рагҳои хунгарди ҷигар ва талхадон бо маҷроҳои талхавӣ, ба нашр расонид. Омӯзиши дақиқи ин сохторҳо барои ҷарроҳон имконият фароҳам овард, ки ҳангоми амалиёт хатари осеб ба рагҳо ва роҳҳои талхавиро кам намоянд. Ҳамин тавр, анатомияи ҷарроҳӣ ба яке аз пояҳои асосии бехатарии холесистэктомия табдил ёфт.

Дар рушди ҷарроҳии талхадон саҳми олимони дигар низ назаррас мебошад. Людвиг Курвуазйе (Ludwig Courvoisier) дар такмили усулҳои хориҷ кардани сангҳои маҷрои умумии талхавӣ саҳм гузошт. Ҳанс Кер (Hans Kehr) бошад, усули азназаргузаронии маҷрои умумии талхавӣ ва истифодаи найчаи шакли Т-ро барои дренаж пешниҳод намуд. Соли 1931 ҷарроҳи аргентинӣ Пабло Луис Мириззи (Pablo Luis Mirizzi) холангиографияи дохилиҷарроҳиро ҷорӣ кард. Ин усул ба табибон имкон медод, ки бо истифода аз моддаи контрастӣ сохтори роҳҳои талхавиро тавассути тасвири рентгенӣ муайян карда, мавҷудияти сангҳоро ошкор намоянд. Ин кашфиёт ба баланд бардоштани дақиқӣ ва бехатарии амалиёт замина гузошт.

Аммо воқеаи воқеан инқилобӣ дар ин соҳа дар нимаи дуюми асри XX ба вуқӯъ пайваст. Соли 1985 ҷарроҳи олмонӣ Мюэ (Muhe) дар шаҳри Бёблинген аввалин холесистэктомияи лапароскопиро анҷом дод. Ин рӯйдод оғози марҳилаи нав дар ҷарроҳии талхадон гардид. Моҳи марти соли 1987 ҷарроҳи фаронсавӣ Муре (Mouret) дар шаҳри Лион низ ин усулро истифода бурд. Сипас, Франсуа Дюбуа, Перисса ва як қатор ҷарроҳони дигар дар Фаронса ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба татбиқи он оғоз карданд. То охири солҳои 1980-ум усули лапароскопӣ тадриҷан таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалии ҷарроҳиро ба худ ҷалб намуд.

Ҷолиб он аст, ки лапароскопия худ аз аввал барои анҷом додани амалиёти ҷарроҳӣ пешбинӣ нашуда буд. Ин усул ҳанӯз соли 1901 тавсиф гардида, дар марҳилаи аввал асосан барои ташхис истифода мешуд. Танҳо баъд аз рушди оптикаи нахӣ, технологияҳои интиқоли рӯшноӣ ва таҷҳизоти видеоӣ имконият фароҳам омад, ки ҷарроҳон амалиёти мураккабро тавассути сӯрохиҳои хурди девораи шикам анҷом диҳанд. Пайдоиши камераҳои хурди эндоскопӣ як навоварии бузург буд: акнун на танҳо ҷарроҳ, балки тамоми ҳайати тиббии толори амалиёт метавонистанд ҷараёни ҷарроҳиро дар монитор мушоҳида намоянд.

Моҳияти холесистэктомияи лапароскопӣ дар он аст, ки ба ҷойи буриши калони девораи шикам чанд сӯрохии хурд истифода мешавад. Тавассути онҳо камера ва асбобҳои махсуси ҷарроҳӣ ворид гардида, табиб бо назорати тасвири монитор талхадонро ҷудо ва хориҷ мекунад. Дар тасвири саҳифаи дуюми маводи пешниҳодшуда ҷойгиршавии нуқтаҳои воридкунии асбобҳо ва тарзи истифодаи таҷҳизоти лапароскопӣ ба таври аён нишон дода шудааст.

Аҳаммияти ин усул танҳо дар хурд будани буришҳо маҳдуд намешавад. Давраи бистарӣ дар беморхона ва барқароршавии бемор одатан кӯтоҳтар буда, дардҳои баъдиҷарроҳӣ камтар эҳсос мешаванд. Ҳамчунин натиҷаи косметикӣ беҳтар гардида, эҳтимоли баъзе сироятҳои захм ва мушкилоти вобаста ба буриши калон коҳиш меёбад.

Бо вуҷуди ин, лапароскопия низ маҳдудиятҳои худро дорад. Ҷарроҳ ба ҷойи ламс ва ҳис кардани бофтаҳо бо даст, асосан ба тасвири монитор такя мекунад. Тасвири дученака, тағйироти илтиҳобии бофтаҳо ва мушкилоти анатомӣ метавонанд раванди амалиётро душвор гардонанд. Аз ин рӯ, ҷарроҳ бояд ҳам маҳорати баланди лапароскопӣ ва ҳам таҷрибаи кофии ҷарроҳии анъанавиро дошта бошад. Дар ҳолатҳои зарурӣ гузаштан аз усули лапароскопӣ ба ҷарроҳии кушода на нишонаи нокомӣ, балки тадбири муҳими таъмини амнияти бемор мебошад.

Ҳамин тариқ, роҳи тайкардаи холесистэктомия аз аввалин амалиёти кушодаи соли 1882 то ҷарроҳии лапароскопии асри XXI намунаи равшани таҳаввули тафаккури тиббӣ, ҳамгироии илмҳои анатомия, физиология, технология ва маҳорати ҷарроҳӣ мебошад. Ин таърих собит месозад, ки пешрафти тиб на танҳо дар ихтирои таҷҳизоти нав, балки дар ҷустуҷӯи роҳҳои камосебтар, дақиқтар ва бехатартари ҳифзи саломатии инсон таҷассум меёбад.

Холесистэктомияи лапароскопӣ яке аз намунаҳои барҷастаи он аст, ки чӣ гуна рушди илм ва технология метавонад ҷарроҳии мураккабро ба амалиёти каминвазивӣ табдил дода, сифати зиндагии беморонро беҳтар намояд.

Манбаъ: маводи «История лапароскопической холецистэктомии», MedUniver - https://meduniver.com/Medical/Xirurgia/319.html


25.11.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php