ҶАВОНОН ЗИДДИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

ҶАВОНОН ЗИДДИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

“Ҷавонон, ки ояндаи мамлакат мебошанд, бояд аз ақидаҳои хурофотӣ дур бошанд, донишҳои муосирро ҷиддӣ омӯхта, ҳар як рӯйдоди ҷомеаро аз нуқтаи назари илму мантиқ таҳлил кунанд ва дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд”

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо вазъияти мураккабу ноустувор рӯ ба рӯ гардида, афзоиши таҳдиду хатарҳои замони муосир боиси нигаронии ҷиддӣ шудааст. Аз ҷумла, терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар намудҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ба амнияти давлатҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Ҳамзамон, паҳн гардидани ғояҳои тундрав миёни ҷавонон ва фаъолияти пинҳонии гурӯҳҳои ифротию террористӣ ҳамчун яке аз хатарҳои асосӣ ба суботу амнияти кишвар арзёбӣ мегардад.

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифротгароӣ сабзида расад. Чи тавре ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ, хамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд.

Мавриди аввал: вақте ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад, ки бар зидди беадолатӣ мубориза барад.

Мавриди дуюм: дар мавриде, ки барои ҳокимият мубориза бурда мешавад.

Ифротгароии динӣ, аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин руйпушкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.

Айни замон гурӯҳҳои террористии зиёде барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Маълум аст, ки бо гароиш ёфтан ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҷони ҷавонон аз даст меравад ва ин сабаби аз байн рафтани ҷони ҳазорон нафари дигар мешавад.

Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни ифроди миллат дигар чизе нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша кардаанд.

Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифродгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар, ки ифтихори миллӣ дорад, бояд барои пешгирӣ аз паҳншавии экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа ҷидду ҷаҳд намояд. Дар замони муосир шаклҳои зиёди экстремизм муайян гардидаанд, ки ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ ҳастанд, аммо онҳоро хусусиятҳои тафриқаангезӣ, ноором кардани вазъи кишвар ва дигар ҳадафҳо бо ҳам мепайвандад.

Сабабҳои шомилшавии бархе аз шаҳрвандон, хусусан ҷавонони ноогоҳ ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ гуногун аст, аз ҷумла, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, ноогоҳӣ аз ҳадафҳои гурӯҳҳои ифротӣ таъсири равияҳои динӣ ва дигарҳо.
Қобили тазаккур аст, ки бе шинохти дурусти гузашта бунёди рӯзгори имрӯза ва тарҳрезии нақшаҳои рушди оянда имконнопазир аст.

Баъзе наврасон бо мутаассибӣ, бешубҳа, аксар вақт беандеша иҷро кардани ҳама фармону дастурҳо, ки қонунӣ будани онҳо на танҳо зери шубҳа гузошта намешавад, ҳамчунин мавриди муҳокима қарор намегирад. Гурӯҳҳои ифротгароёни ҷавон асосан дар атрофи иттиҳодияҳои бонуфузи сиёсӣ, ки аъзо калонсолонанд, ташкил карда мешаванд.

Хусусиятҳои асосии ифротгароии ҷавонони муосир инҳоянд:

·        муташаккилии босуръат рушдёбанда,

·        пайвастагии зичи ғоя ва ҳадафҳо,

·        муттаҳидшавии гурӯҳҳо,

·        ташаккули оинномаҳои идеологӣ дар онҳо,

·        усулҳои гуногуни расидан ба ҳадафҳо,

·        истифодаи технологияҳои нави иттилоотӣ,

·        шабакаҳои иҷтимоӣ ва пурзур намудани чораҳои махфӣ.

 

Аз ин рӯ, ҷомеаи моро зарур аст, ки имрӯз барои пешгирии омилҳои номатлуб ва воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни мардум, тавсеаи мафкураи миллӣ, рушди иҷтимоиву сиёсии ҷумҳурӣ, таҳкими иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар барои ҳифзи манфиатҳои миллат ва давлат, мубориза бар зидди хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ба татбиқи давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи бештар дошта бошанд. Тавре ки маълум аст, авҷи терроризм имрӯз дар баъзе минтақаҳои олам дар баробари сабабҳои иқтисодӣ доштан ва ба бозиҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат марбут будан, ҳамзамон, сабабҳои дигаре низ дорад, ки одатан ба муборизаҳо байни мазҳабу равияҳои динӣ ва амсоли он мебошанд.

Роҳҳои асосии пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, террористӣ ва тундгароӣ ба роҳ мондани ташвиқу тарғиб, гузаронидни корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури миллӣ ба ҳисоб меравад. Танҳо дар сурати чунин тарбия намудани насли нави миллат мо метавонем ба ояндаи осоишта, ба кишвари озоду обод, ба Ватан-модар дар ваҳдату ягонагӣ ва зиндагии шоиста эътимоди комил дошта бошем. Зикр намудан бамаврид аст, ки иддае аз шаҳрвандони кишвари мо дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дур аз назорати волидон, сиёсати давлатдории мо қарор доранд. Аз беаҳамиятӣ, беназоратӣ ба тақдири онҳо метавонад боис шавад, ки онҳо фирефтаи доми гурӯҳҳои ифротӣ ва мазҳабҳои динии ғайр шаванд. Ҷавонони имрӯза бояд эҳсос намоянд, ки ин хунрезию ҷаҳолат маҳз туфайли амалҳои нопоки экстремистону террористон ба вуқӯъ меояд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.

Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ-фарҳангии он шахсро бо инкори ҳақиқат гузашта, ба бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд, дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.

Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро мегардад.

Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии ҳар яки мост, ки истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

Таҳлил ва таҳқиқотҳои илмӣ нишон медиҳад, ки ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолият таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҷанбаҳои ҳаёти худ алайҳи экстремизм ва терроризм муқовимат намуда, барои таъмини амнияти маънавӣ ва зеҳнии ҷомеа талош менамоянд.

Мақсад ва ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, барои таъмини амнияти маънавӣ ва бехатарии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, таъмини якпорчагии кишвар ва муқовимат алайҳи терроризм ва экстремизм нигаронда шуда, дар ин замина як қаттор барнома, таълимот ва қонунҳои дахлдор қабул намудааст. Маҳз бо шарофати ин чорабиниҳо амнияти зеҳнӣ, маънавиёт, ахлоқи ҷомеа, соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, забони тоҷикӣ ва тафаккуру андешаи миллӣ аз осебпазирӣ ва таҳдиду хатарҳои ташкилотҳои террористии байналхалқӣ маҳфуз монда, дар фазои озоду ором равнақ ёфта истодаанд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандии он дар муқовимат алайҳи экстремизм ва терроризм нақши муассир доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси конститутсия иштирокчии тамоми конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид ва қарордоҳои байналмилалӣ дар ҷодаи мубориза бо экстремизм ва терроризм буда, дар заминаи конвенсияҳои байналхалқӣ як қаттор чораҳои фаврие зидди таълимотҳои гурӯҳҳои террористӣ қабул намудааст. Адабиёт, илм, фарҳанг, зеҳният, афкори маънавии ҷомеа ва инсон, ҳуқуқу озодиҳои он объекти бо қонунгузориҳои Тоҷикистон ҳифзшаванда маҳсуб меёбад

Боиси таассуф аст, ки ҳамарӯза аз тариқи воситаҳои ахбори омма мешунавем, ки дар ин ё он давлат амали террористие рух додаасту теъдоди зиёди одамони бегуноҳ, бахусус кӯдакону ҷавонон қурбонӣ шудаанд. Бояд дар ёд дошта бошем, ки экстремизм ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки дар ҳама давру замон ба инсонҳо хавфу хатари ҷиддиеро ба миён овардаву меоранд. Барои мубориза бурдан бо ин падидаҳои зишт, бетараф будан кори инсонӣ нест. Шояд аксарият гумон кунанд, ки танҳо мубориза бурдан бо падидаҳои мазкур ин салоҳияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аст, аз як ҷиҳат ин дуруст бошад ҳам, вале мо бояд баҳри дифои ҳуқуқу озодиҳои худ, ба зидди ин падидаи зишт бароему худро дар гулгулшукуфоӣ ва амну сулҳи кишвар масъул ҳисобида бетарафиро ихтиёр накунем. Чораҳое бояд андешида шаванд, ки ба пайдоиши гурӯҳҳои нави экстремистиву террористӣ муқовимат намуда тавонад ва пеши роҳи ба ҷавонон таъсири бад расонидани афкори ғаразноки ин ҷараёнҳои экстремистиро бигирад. Ҳамзамон, дар сатҳи байналхалқӣ чораҳои пешгирии онҳо бояд коркард карда шаванд. Гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, аз қабили “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида”, Ихвон-ул-Муслимин, “Ҷунд-ул-лоҳ”, “Ҳаракати Исломии Узбекистон”, “Ҷиҳоди ислом”, “Ҳаракати Толибон”, “Ансор-ул-лоҳ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир” ТЭТ “ҲНИ”, ташкилоти экстремистии “Гурӯҳи 24”, иттиҳоди экстремистии бо ном “Паймони миллӣ”, ҷараёни идеявию сиёсии “Салафия”, “Ваҳҳобия” ва амсоли инҳо, ки аз ҷониби як қатор давлатҳо ҳамчун гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ дониста шудаанд, бо густурда намудани фаъолияти худ ва анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона мехоҳанд нуфузу эътибори худро боло баранд.

Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият, дигар андешаи солиме ҷой надорад. Харобу валангор гардидани садҳо бинову иншоот, ҷон бохтани мардуми осоишта, фирор намудани аҳолӣ аз макони зист ва амсоли онҳо, подоши расидан ба ҳадафҳои ҷинояткоронаи ин гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ аст.

Мубориза бо экстремизм бояд дар самтҳои зерин ба роҳ монда шаванд, то ки онҳо натиҷаи дилхоҳ биёранд. Пеш аз ҳама, қабули чорабиниҳои профилактикӣ, ки ба огоҳнамоӣ аз экстремизм, аз он ҷумла, ошкорнамоӣ ва бартараф намудани сабаб ва шароит, ки ба амалигардии он мусоидат менамоянд, равона карда шавад. Ҳамчунин, ошкор ва бартараф намудани экстремизм тавассути ҳамкориҳои байналхалқӣ бояд ба роҳ монда шавад.

Аз ин лиҳоз, ба тамоми афроди ҷомеаи имрӯза зарур аст, ки насли минбаъдаи худро дар заминаи талаботи зерини мусбӣ тарбия намоянд:

·        омӯзонидани арзишҳои ахлоқу одоб аз нахустин рӯзҳои таваллуд ва минбаъд таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир кардан ба камолоти фарзанд дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ;

·        ҷалби кӯдакон ба машғулиятҳои варзишӣ, мактабҳои рассомию мусиқӣ ва амсоли он.

Вазифаи ҳар инсон, ҳар фарди ҷомеа ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар аст. Ояндаи халқу кишвар бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввурнопазир аст. Ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳ иродаи матин доранд ва онҳо дар роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азиз бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд

Аз ин рӯ, пеш аз ҳама худи ҷавононро низ зарур аст, ки дар навбати аввал ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои такмили донишу маънавиёт ва андешаву афкори маънавии хеш талош варзида, бо мусоидат дар худогоҳии маънавии худ, роҳеро дар масири бунёди фардои озоду обод ва орӣ аз ҳар гуна ифротгаройӣ ва асари номатлуби зуҳуроти дигар бунёд созанд

Дар фароварди андешаи хеш иброз медорам, ки мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҳамеша экстремизму терроризмро шадидан маҳкум намуда, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо кӯшиш ба харҷ дода, баҳри таъмини амниятамон саҳми арзандаи хешро мегузорем.

Шукуров Ф.А. – н.и.т., асситсенти кафедраи физиологияи патологӣ ва сарходими шуъбаи 

“Микросиркулятсия ва эндотелий”-и МД “Пажуҳишгоҳи тибби бунёдӣ”-и МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”

 

 



22.05.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php