ҶАВОНОН НЕРӮИ СОЗАНДА

ҶАВОНОН НЕРӮИ  СОЗАНДА

Вақте сухан дар бораи ҷавонон меравад, бевосита гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷавонон суханрониҳои зиёд намуда, аз ҷумла қайд намудаанд. Ҷавонони мо ба ҳама кор қодиранд. Мо бояд тамоми шароитҳоро барои ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, муҳайё гардонем ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем.

Ҷавонон нерӯи созанда, ва қувваи пешбарандаву ояндасози ҳар як миллат ба ҳисоб мераванд. Пешрафти давлат, рушди ҷомеа ва ободии Ватан аз дониш, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти ҷавонон вобастагии калон дорад. Аз ҳамин сабаб, дар Тоҷикистон ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерӯи бузурги созанда арзёбӣ намуда, таъкид мекунанд:

«Ҷавонон - идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи ватани худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд».

Ин суханон нишон медиҳанд, ки ҷавонон дар рушди давлат нақши муҳим доранд. Имрӯз ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногун — илму маориф, варзиш, фарҳанг, техника ва технология фаъолона иштирок намуда, барои пешрафти кишвар саҳм мегузоранд.

Президенти кишвар ҳамчунин ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳамияти махсус дода, таъкид менамоянд, ки «мо бояд тамоми шароитҳоро барои ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, муҳайё гардонем ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем».

Дар ҳақиқат, ҷавонон бояд Ватани худро дӯст доранд, таъриху фарҳанги миллатро эҳтиром намоянд ва барои ҳифзи истиқлолу ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошанд. Ҷавони ватандӯст ҳамеша барои ободии кишвар талош мекунад.

Илова бар ин, Пешвои миллат ҷавононро пайваста ба омӯзиши илмҳои муосир, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят менамоянд. Дар замони муосир танҳо ҷавонони босавод ва донишманд метавонанд бо ҷаҳон рақобат намоянд ва Тоҷикистони азизро боз ҳам пешрафта гардонанд.

Давлат барои ҷавонон имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст. Таъсис ёфтани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23-юми май _ нишонаи эътимод ва ғамхории давлат нисбат ба насли ҷавон мебошад. Ин рӯз ҷавононро ба донишомӯзӣ, созандагӣ ва хизмат ба Ватан рӯҳбаланд месозад.

Хулоса, ҷавонон нерӯи бузурги созандаи ҷомеа ва ояндаи миллатанд. Агар онҳо бо дониш, ахлоқи ҳамида ва меҳнати содиқона фаъолият намоянд, Тоҷикистон боз ҳам ободу пешрафта хоҳад гардид.

Ҷавонон қисми фаъол, эҷодкор ва нерӯманди ҷомеа мебошанд, ки одатан давраи гузариш аз кӯдакӣ ба калонсолиро аксар вақт аз 14 то 30-35 сола дар бар мегиранд. Онҳо соҳиби зеҳни тоза, маҳорати бузурги эҷодӣ ва қобилияти баланди корӣ буда, ояндаи давлат ва миллатро муайян мекунанд.Хусусиятҳои асосии ҷавонон: Нерӯи созанда: Онҳо ташаббускор буда, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла истеҳсолот, илм ва фарҳанг фаъоланд. 1.Ояндасозанд: Ҷавонон на танҳо оянда, балки имрӯзи ҷомеаанд, ки дастгирии онҳо барои пешрафт зарур аст. 2.Иқтидори ватандӯстӣ: Дар онҳо ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватанпарварӣ ташаккул меёбад.

3.Осебпазирӣ: Бинобар таҷрибаи кам, онҳо баъзан ба таъсири гурӯҳҳои ифротӣ ё тамоюлҳои номатлуб дучор мешаванд.Дар Тоҷикистон ҷавонон ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи кишвар эътироф шуда, сиёсати давлатӣ ба рушди иқтидори онҳо нигаронида шудааст.

Ҷавонон қишри фаъол, боғайрат ва пешбарандаи ҳар як ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ояндаи миллату давлат аз дониш, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти ҷавонон вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, дар ҳама давру замон ба тарбияи ҷавонон аҳамияти махсус дода мешавад. Ҷавонон нерӯи созандаанд, зеро онҳо бо андешаҳои нав, иқдомҳои созанда ва меҳнати софдилона метавонанд ҷомеаро ба пеш баранд.

Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо бахусус илму маориф, фарҳанг, варзиш, технология ва иқтисод фаъолона иштирок мекунанд. Бисёре аз ҷавонон бо таҳсилу омӯзиш кӯшиш менамоянд, ки барои Ватани худ мутахассиси варзида гарданд. Ҳамчунин ҷавонон дар ободонии кишвар, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди ҷомеа саҳми назаррас доранд.

Яке аз хусусиятҳои муҳими ҷавонон ин навоварӣ ва эҷодкорӣ мебошад. Ҷавонон метавонанд бо истифода аз технологияҳои муосир ва донишҳои замонавӣ мушкилоти гуногунро ҳал намоянд. Онҳо бояд ҳамеша барои омӯзиш, меҳнат ва худтакмилдиҳӣ талош кунанд. Зеро танҳо ҷавонони босавод ва ватандӯст метавонанд ҷомеаи пешрафтаро бунёд намоянд.

Дар баробари ин, ҷавонон бояд аз амалҳои номатлуб, аз қабили нашъамандӣ, ифротгароӣ ва бекориву беҳудагардӣ дурӣ ҷӯянд. Барои расидан ба мақсадҳои олӣ иродаи қавӣ, ахлоқи ҳамида ва масъулиятшиносӣ зарур аст.

Ҷавонон нерӯи пуриқтидор, идомадиҳандаи таъриху фарҳанги миллат ва бунёдгари ояндаи дурахшони Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Онҳо такягоҳи боэътимоди ва давлат ва миллат буда, бо дониши муосир, тафаккури солим ва ватандӯстӣ дар рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ саҳм мегузоранд, нақш ва аҳамияти ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда Ояндасози миллат: Ҷавонон бо эҷодкорӣ ва ғояҳои нави худ тақдири имрӯзу фардои кишварро муайян мекунанд идомадиҳандаи фарҳанг, Ҷавонон номбардори ниёгони хирадманд буда, барои ҳифз ва рушди фарҳанги қадимаи ватан масъул мебошанд.Рушди истеъдод: Бо дастгирии насли калонсол, ҷавонон метавонанд истеъдод ва қобилияти худро дар бунёди кишвар самаранок истифода баранд.

Ҳифз намудани, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд.

Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 дарҷ гардидаст, ки ҷавонон бояд дар қиёс ба ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд.

Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: “Ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи миллатанд”.

Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи ҷавонон бошанд ва афкору андешаи тозаи онҳо ба роҳ ёфтани ақоиду амали гурӯҳҳои тундраву ифротгаро дар фазои Ватан имкон надиҳад.

Зимни таҳлили дастовардҳои соҳа давоми солҳои соҳибистиқлоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии татбирҳои амалӣ вобаста баҳдати тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи наслӣ имрӯза давра ба давра иқдомоти мушахасро амалӣ намуд.

Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.

Ҳамин тариқ, ҷавононро мебояд амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносивуш худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.

Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.

Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рух дода буд, кӯшишҳои зиёд намуда, барои таъмини сулҳу бехатари ва зиндагии озодонаи ҳар як фарди кишвар заҳматҳои зиёд кашидааст.

Дар қатори ин барои ободии кишвари азизу маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол хизматҳои бузург намудаанд. Маҳз бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид, ки ин як ҷаҳон фараҳу шодӣ барои ҳар як ҷавони кишвар буд. Ҷавонони кишвари мо пеш аз оне, ки мехоҳанд ба ояндаи Тоҷикистони биҳиштосо саҳмгузор бошанд, бояд кӯшиш намоянд, ки муассисаҳои таълими ва донишгоҳои олиро бо баҳои хубу аъло хатм намоянд, ҳар як ҷавони кишвари мо ҳаққи хизмат кардан ба падару модар, инчунин ба Ватани хешро дорад. Дар ҷомеаи имрӯза ҳастанд ҷавононе, ки аз рӯйи нодонии худ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, аз ҷумла терроризм ва экстремизм шомил гардида, зиндагии ширини худро ба коми бадбахтию нокомӣ мебаранд.

Ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои бадхоҳ шомил мешаванд ояндаи хешро тира месозанд, балки падару модари худро низ ба маҳзунию сиёҳии рӯзгор мерасонанд. Аз ин рӯ, мо ҷавонони кишварро зарур аст, ки қадру қимати худро дар назди падару модар ва аҳли ҷомеа гум накарда, аз тамоми шароитҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароямон муҳайё намудааст самаранок истифода намоем.

 

Асомуддинзода Х.- донишҷӯи курси 4-уми факултаи тиббӣ


15.05.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php