ҶАВОНОН -МОЯИ ИФТИХОР ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

ҶАВОНОН -МОЯИ ИФТИХОР ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

"Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем , дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷабҳаҳо ҳаёти кишвар эҳсос менамоем... Ҳисси баланди миллӣ ,худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садокати ҷавонони мо ба Ватан,миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад ".

 Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳама давру замон ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа, идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол ва созандагони ояндаи давлату миллат эътироф гардидааст.Албатта ҷавонӣ давраи нерӯмандӣ, ҷӯшу хурӯш, орзуву умед ва ташаккули шахсият мебошад. Маҳз ҷавонон бо ақлу заковат, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии васеъ метавонанд ҷомеаро ба сӯи рушду тараққиёт раҳнамоӣ намоянд. Аз ҳамин ҷо бар меояд, ки ҷавононро мояи ифтихор ва сарвати бебаҳои миллат меноманд. Бояд гуфт, ки ҳар ҷомеае, ки ба ҷавонони худ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд, ҳатман ба пешрафту шукуфоӣ мерасад.

Миллати тоҷик аз қадимулайём бо фарҳанги воло, илму маърифат ва фарзандони донишманду шуҳратёр машҳур буд. Абуалӣ ибни Сино, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав ва садҳо шахсиятҳои барҷаста маҳз дар ҷавонӣ бо ақлу заковати худ номбардори миллат гардидаанд. Имрӯз ҷавонони тоҷик дар тамоми соҳаҳо - илму маориф, фарҳанг, варзиш, техника, тиб ва технологияҳои муосир фаъолона иштирок намуда, обрӯю нуфузи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд. Дастовардҳои ҷавонон дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ далели равшани истеъдод ва қобилияти баланди онҳо мебошад. Аз ин лиҳоз   Миллати тоҷик бо ҷавонони бонангу номус, ватандӯсту донишманд ва соҳибмаърифати худ ифтихор дорад. Зеро маҳз ҷавонон идомадиҳандаи роҳи пуршарафи гузаштагон ва созандагони фардои дурахшони Ватан мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷавононро қувваи бузурги ҷомеа арзёбӣ намуда, барои таҳсил, тарбия ва рушди онҳо тамоми шароитҳоро муҳайё месозанд. Бунёди муассисаҳои таълимӣ, марказҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, ҷудо гардидани стипендияҳо ва баргузор намудани озмунҳои гуногун аз ҷумлаи ғамхориҳо нисбат ба ҷавонон мебошад.

Ҷавонони имрӯз бояд шукронаи сулҳу оромӣ, истиқлолият ва имкониятҳои фароҳамгардидаро намуда, барои омӯзиши илмҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои нав кӯшиш намоянд. Зеро ҷаҳони муосир аз ҳар ҷавон дониши амиқ, ҷаҳонбинии васеъ ва масъулияти баланд талаб мекунад. Ҷавоне, ки донишманду соҳибахлоқ аст, метавонад барои миллату давлат хизматҳои арзишманд анҷом диҳад.

Бо вуҷуди ин имкониятҳои фаровон, ҷавонон бояд масъулияти бузургро низ эҳсос намоянд. Ҷавони асил бояд ватандӯст, хештаншинос, соҳибахлоқ ва донишманд бошад. Ӯ бояд таърихи миллат, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои муқаддаси аҷдодиро гиромӣ дорад. Имрӯз ҷаҳони муосир пур аз хатарҳои гуногун бегонапарастӣ, ифротгароӣ, нашъамандӣ, хурофот ва амалҳои номатлуб ва таъсири манфии баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Танҳо ҷавони бофарҳанг ва дорои ҷаҳонбинии солим метавонад худро аз чунин хатарҳо эмин нигоҳ дорад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар қалби худ парвариш намояд

Дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба ҷавонон ҳамчун самти муҳими сиёсати давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат мебошанд.

Бояд гуфт ки имрӯз ҷавонони тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ, олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд. Ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонони тоҷик дорои истеъдоди баланд, тафаккури созанда ва иродаи қавӣ мебошанд. Ҳар як ғалабаи ҷавон ин ғалабаи миллат аст, зеро обрӯ ва нуфузи давлатро дар арсаи ҷаҳон баланд мебардорад.

Имрӯз Тоҷикистон ба ҷавонони соҳибмаърифат, ихтироъкор, ватандӯст ва бунёдкор ниёз дорад. Танҳо бо саъю кӯшиш, меҳнати ҳалол ва донишандӯзӣ ҷавонон метавонанд Ватани худро боз ҳам ободу пешрафта гардонанд.

Бо чунин саъю кӯшиши ҷавонон ҷиҳати рушди Ватани азизамон, бовар дорем, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдори миллӣ минбаъд низ барои гулгулшукуфоӣ , ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи кишвари азизамон ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ тамоми неруи худро сарф мекунанд. Маҳз бо ҳамин ормон ва эътикод Роҳбари давлат , мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд, ки "Ҷавононро мебояд амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда , худро аз ҳама ҳавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардор ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд".

Донишмандону ҷомеашиносон бар он назаранд,ки таърихи тамаддун ва дастовардҳои арзандаи кишварҳои абарқудрату мутамаддин собит менамояд,ки омӯзондани насли ҷавон,фароҳам овардани имконияти ташаккулёбӣ ва муҳайё намудани омилҳое ,ки ба рушди зеҳнии ҷисмонии онҳо замина мегузорад,асоси рушду пешрафти ҳар кишвар маҳсуб меёбад.

Мо ҷавонон на танҳо ояндаи миллат, балки симои имрӯзаи давлат низ ҳастем. Агар мо босавод, боодоб ва ватандӯст бошем миллатамон низ пешрафтаву муваффақ мегардад. Ҳар якки мо ҷавонон бояд дарк намоем, ки сарнавишти давлат аз фаъолияти ҳар рӯзаи мо вобаста аст. Албатта бо меҳнати ҳалол, ахлоқи ҳамида ва донишандӯзӣ метавон ба қуллаҳои баланд расид.

Зикр кардан ба маврид аст,ки ҷавонон воқеан мояи ифтихор, нерӯи созанда ва умеди фардои миллатанд. Давлату ҷомеа ба мо ҷавонон эътимоди калон дорад ва мо низ бояд ин бовариро бо дониш, рафтори шоиста ва хизмат ба Ватан сафед намоем. Бигзор ҷавонони Тоҷикистон ҳамеша парчамбардори илму фарҳанг, сулҳу ваҳдат ва ифтихори миллат бошанд, то Тоҷикистони азизи мо боз ҳам ободу пешрафта гардад.Бо боварии комил гуфта метавонам ки андаке бошад хам саҳми арзандаи худро дар пешрафти Ватани азизамон гузорам.

Ашурзода Ш. Н.- донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббӣ


13.05.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php