АТТЕСТАТСИЯИ ХОТИМАВИИ ТАБИБ-ИНТЕРНАҲО

АТТЕСТАТСИЯИ ХОТИМАВИИ ТАБИБ-ИНТЕРНАҲО

Интернатура яке аз зинаҳои таҳсилоти баъдидипломии таҳсилоти олии тиббӣ ба ҳисоб рафта, табиб-интернаҳо пас аз анҷоми давраи интернатура аз аттестатсияи хотимавӣ мегузаранд.

Рӯзҳои 19–20 августи соли ҷорӣ аттестатсияи хотимавии табиб-интернаҳо баргузор гардид. Комиссияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм, д.и.т. Ашуриён Ш.С. сатҳи дониш ва омодагии касбии табиб-интернаҳоро арзёбӣ намуд.

Ба ҳайати комиссияи имтиҳонӣ устодони кафедраҳои клиникии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино», «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» ва «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буданд.

Барои супоридани имтиҳон 420 нафар табиб-интерна, ки таҳти назорати муассисаҳои таҳсилотии болозикр қарор доштанд, аз рӯи 24 ихтисос иҷозат дода шуданд. Аз ҷумла, 142 нафар табиб-интернаи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино», ки муҳлати таҳсилашон ба анҷом расидааст, дар аттестатсияи хотимавӣ иштирок намуданд.

Шахсоне, ки аттестатсияи хотимавиро бомуваффақият супоридаанд, тибқи роҳхати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти корӣ ба муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода мешаванд.

 

Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ


20.08.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php