АТРИ КАФАН ЗИ ХОКИ ВАТАН КАРДАМ ОРЗУ...

АТРИ КАФАН ЗИ ХОКИ ВАТАН КАРДАМ ОРЗУ...

Дар таърихи ҳар миллат саҳифаҳое вуҷуд доранд, ки на танҳо аз гузашта ҳикоят мекунанд, балки рӯҳу равони наслҳоро бедор намуда, эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллиро қавӣ мегардонанд. Миллати тоҷик низ бо вуҷуди ҳама гардишҳои талхи таърих тавонистааст бо шарофати фарзандони фарзонаи худ арзишҳои миллӣ, ҳувияти таърихӣ ва ҳастии давлатдории худро ҳифз намояд. Яке аз чунин рӯйдодҳои муҳим ва пурмаъно баргардондани турбати фарзандони содиқи миллат - Қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва дигар чеҳраҳои барҷастаи миллӣ ба хоки муқаддаси Ватан мебошад. Ин иқдоми бузурги таърихӣ, ки бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, на танҳо арҷгузорӣ ба гузашта, балки эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ифтихори миллӣ ба шумор меравад.

Аз қадим сарзамини тоҷикон макони мардони шуҷоъ, ватандӯст ва ҷоннисоре буд, ки баҳри озодӣ ва ҳастии миллат ҷони худро нисор намудаанд. Ҳанӯз дар аҳди бостон Спитамен ҳамчун рамзи муқовимат бар зидди истилогарӣ бархост. Ӯ муқобили лашкари пурқудрати Искандари Мақдунӣ мубориза бурда, барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ намунаи олии ватандорӣ гардид. Гарчанде дар ҷанг мағлуб шуд, аммо номи ӯ дар саҳифаҳои таърих ҳамчун рамзи ҷасорату озодихоҳӣ ҷовидон монд.

Деваштич низ аз ҷумлаи он фарзандони барӯманди миллат буд, ки барои ҳифзи истиқлол ва фарҳанги аҷдодӣ муқовимати қаҳрамонона нишон дод. Ӯ дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ таслим шуданро нангу ор медонист ва то нафаси охирин барои ҳифзи давлатдории миллӣ мубориза бурд. Қаҳрамонии ӯ имрӯз ҳам барои ҷавонон дарси мардонагӣ ва ватандӯстист.

Шерак - қаҳрамони дигари халқи тоҷик бо ҳиллаи ҷангӣ ва ҷоннисории худ тавонист лашкари душманро гумроҳ намояд ва барои наҷоти сарзамини худ ҷони худро қурбон созад. Ин корнамоӣ собит месозад, ки дар таърихи тоҷикон ҳамеша афроде буданд, ки манфиати миллатро аз ҷони худ болотар мегузоштанд.

Дар давраҳои баъдӣ Муқаннаъ ҳамчун рамзи мубориза бар зидди зулм ва бегонапарастӣ зуҳур намуд. Гарчанде ҳаракати ӯ хусусияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ дошт, аммо дар асл он талош барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муқовимат бар зидди аз байн рафтани ҳувияти мардум буд. Ӯ тавонист мардумро ба роҳи озодӣ ва адолат даъват намояд.

Ҳангоми сухан аз давлатдории миллӣ пеш аз ҳама номи Исмоили Сомонӣ бо ҳарфҳои заррин дар таърих сабт шудааст. Ӯ на танҳо асосгузори давлати мутамаркази тоҷикон буд, балки эҳёгари фарҳанг, забон ва ҳувияти миллӣ маҳсуб мегардад. Маҳз дар замони ӯ тоҷикон соҳиби давлатдории устувор гардида, илму фарҳанг рушд ёфт. Имрӯз Исмоили Сомонӣ ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ ва ифтихори тоҷикон шинохта мешавад.

Темурмалик низ аз ҷумлаи чеҳраҳои мондагори таърих аст, ки дар муқобили истилои муғулҳо қаҳрамонона мубориза бурд. Ӯ бо шумораи ками сарбозон барои ҳифзи Хуҷанд ва сарзамини аҷдодӣ муқовимати сахт нишон дод. Ҷоннисории Темурмалик намунаи олии муҳаббат ба Ватан ва нангу номуси миллӣ мебошад.

Дар давраҳои баъдӣ Восеъ ҳамчун рамзи муборизаи мардумӣ бар зидди бедодгарӣ зуҳур кард. Шӯриши Восеъ на танҳо як ҳаракати иҷтимоӣ, балки талош барои ҳифзи шаъну шарафи инсон ва ҳуқуқи мардум буд. Номи ӯ то имрӯз ҳамчун рамзи адолатхоҳӣ ва озодандешӣ дар хотири мардум зинда аст.

Дар оғози асри ХХ миллати тоҷик ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид. Дар ин давра фарзандони фарзонаи миллат, аз ҷумла Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум, барои таъсиси давлати миллии тоҷикон мубориза бурданд. Маҳз бо ҷоннисорӣ ва талошҳои пайвастаи онҳо масъалаи таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон матраҳ гардид. Онҳо дар шароити бисёр мураккаби сиёсӣ тавонистанд ҳаққи таърихии тоҷиконро ҳимоя намоянд.

Шириншоҳ Шоҳтемур яке аз поягузорони давлати тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ӯ тамоми фаъолияти худро ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди маориф, фарҳанг ва таҳкими давлатдорӣ бахшида буд. Нусратулло Махсум низ ҳамчун шахсияти сиёсӣ ва давлатӣ дар роҳи бунёди Тоҷикистон хизматҳои арзишманд анҷом дод. Аммо мутаассифона, дар давраи таъқибҳои сиёсӣ онҳо қурбони беадолатии замон гардиданд.

Солҳои тӯлонӣ турбати ин фарзандони миллат дур аз Ватан қарор дошт. Барои миллати тоҷик ин як дарди маънавӣ ва таърихӣ буд. Зеро фарзандони содиқи миллат бояд дар оғӯши Модар-Ватан ором гиранд. Бо гузашти қариб як аср маҳз бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ормони таърихӣ амалӣ гардид. Баргардондани мушти хоки қаҳрамонон ба Тоҷикистон на танҳо як иқдоми сиёсӣ, балки эҳтиром ба таърих, арҷгузорӣ ба гузашта ва пос доштани хотираи миллӣ мебошад.

Ин рӯйдод аҳамияти бузурги тарбиявӣ дорад. Зеро миллате, ки қаҳрамонони худро қадр мекунад, ҳеҷ гоҳ аз саҳифаи таърих маҳв намешавад. Ҷавонони имрӯза бояд дарк намоянд, ки истиқлол ва давлатдорӣ бо осонӣ ба даст наомадааст. Барои ҳар ваҷаб хоки Ватан фарзандони зиёде ҷоннисорӣ кардаанд.

Имрӯз Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушди давлатдорӣ қарор дорад. Дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои миллӣ эҳё гардида, худшиносии миллӣ тақвият ёфт. Агар дар оғози солҳои навадум хатари аз байн рафтани давлат вуҷуд дошт, имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва сулҳпарвар дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста дорад. Ин ҳама натиҷаи сиёсати хирадмандона, ваҳдати миллӣ ва эҳёи тафаккури ватандӯстӣ мебошад.

Пешвои миллат дар ҳар суханронӣ таъкид менамоянд, ки миллате бе хотираи таърихӣ ояндаи устувор дошта наметавонад. Аз ҳамин ҷост, ки арҷгузорӣ ба қаҳрамонони миллӣ, эҳёи ном ва хизматҳои онҳо ба як сиёсати муҳими давлатӣ табдил ёфтааст. Бозгардондани турбати фарзандони фарзонаи миллат рамзи пайванди наслҳо ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ мебошад.

Имрӯз ҳар ҷавони тоҷик бояд аз корнамоиҳои Спитамену Деваштич, Шераку Муқаннаъ, Исмоили Сомониву Темурмалик, Восеъ, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум ифтихор намояд. Зеро маҳз ҳамин шахсиятҳо барои ҳифзи миллат, забон ва давлатдорӣ ҷоннисорӣ намудаанд. Агар онҳо намебуданд, шояд имрӯз миллати тоҷик низ ҳамчун бисёр халқҳои дигар дар гирдоби таърих гум мегашт.

Мафҳуми Ватан барои тоҷикон ҳамеша муқаддас буд. Ҳатто дар лаҳзаҳои охирини ҳаёт фарзандони миллат орзу мекарданд, ки атри кафанашон аз хоки Ватан бошад. Ин эҳсоси пок аз муҳаббати беандоза ба сарзамини аҷдодӣ шаҳодат медиҳад. Ватан танҳо як қаламрав нест, балки ҳастии миллат, рамзи номус, шараф ва ифтихори инсон мебошад.

Аз ин рӯ, имрӯз вазифаи муқаддаси ҳар фарди худогоҳ ҳифзи истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пос доштани арзишҳои давлатдорӣ мебошад. Миллате, ки аз гузашта ибрат мегирад ва қаҳрамонони худро қадр мекунад, метавонад ояндаи дурахшон бунёд намояд.

Дар фарҷом метавон гуфт, ки баргардондани турбати Қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан рӯйдоди бузурги таърихӣ ва сиёсӣ буда, аҳамияти амиқи маънавӣ ва тарбиявӣ дорад. Ин иқдом бори дигар собит намуд, ки миллати тоҷик фарзандони содиқи худро ҳаргиз фаромӯш намекунад. Хотираи онҳо то абад дар қалби мардум зинда хоҳад монд ва барои наслҳои оянда ҳамчун чароғи роҳнамои ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ хизмат хоҳад кард.

Салимов Ҷ. С.-дотсенти кафедраи ҷарроҳии умумии № 1-и ба номи профессор Қаҳҳоров А. Н.


21.05.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php