АСОСҲОИ ҲУҚУҚИЮ МАЪМУРИИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АСОСҲОИ ҲУҚУҚИЮ МАЪМУРИИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлоли давлатӣ низоми давлатдориро танзиму таҳким бахшида, аз таҷрибаи ғанӣ, таърихию қадимии мардуми сарбаланди худ истифода бурда, фаъолиятро баҳри обод гардонидани ин сарзамин ва зиндагии орому осудаи мардум ба роҳ мондааст. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ба гузаштаи пурифтихори худ арҷ мегузорад. Расму ойин ва анъанаҳои неки гузаштагонро эҳтиром, ҳифз ва гиромӣ дошта, талош меварзанд то онҳоро ба наслҳои оянда ба мерос гузорад. Вобаста ба ин зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба миён омад. Дар ин самт нақши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» хеле назаррасанд ва натиҷаҳои дилхоҳро ба бор овардаанд.

Анъана ва ҷашну маросими миллӣ ҳамчун аркони муҳими таърихию фарҳанги миллат ба ҳисоб меравад. Ҷаҳонишавӣ боиси омехташавии арзишҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла, ҷашну маросими миллатҳо гардидааст ва дар ин масир халқҳои ҷаҳон талош менамоянд, ки ҷашну маросими миллии хешро дар шакли аслӣ ҳифз кунанд. Халқи тоҷик анъана ва ҷашну маросими аслии миллии худро ҳифз намуда, тақвият бахшида, дар замони соҳибистиқлолӣ бо асосҳои ҳуқуқию маъмурӣ мустаҳкам гардонид.

Мушоҳида ва таҳлили коршиносон нишон медод, ки солҳои қаблӣ дар баргузории ҷашну маросими шаҳрвандон унсурҳои бегона ба таъриху фарҳангӣ миллии халқи тоҷик дида мешуд. Бештари шаҳрвандон ҷашну маросимро бошукӯҳ ба роҳ монда, ба исрофкорӣ, харҷи аз ҳад зиёди пулию молӣ роҳ медоданд, ки ин амали онҳо ба ҷуз худнамоӣ ва худро дар ҷомеа аз дигарон боло ҳисобидану баланд гузоштан дигар чизе набуд. Ин амалашон дар аксари вақт боиси касодии буҷети оила, носозию нооромиҳо дар оила ва дар ин замина бад гаштан ва ё канда шудани муносибатҳои оилавӣ мегардид.

Барои пешгирии чунин амалҳо зарурат пеш омад, ки дар мамлакат санади ҳуқуқие қабул карда шавад ва тамоми муносибатҳои соҳаро дар сатҳи қонун ба танзим дарорад. Баъди муҳокимарониҳои васеъ ва пешниҳодҳои бешумори шаҳрвандон 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Мақсад аз қабули Қонун мазкур ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва пешгирӣ аз таассубу хурофот мебошад. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қабулу дар амал татбиқ намудани қонунгузорӣ вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва молиявии шаҳрвандонро тақвият бахшида, бадин васила ҷиҳати таъмини зиндагии арзандаи шаҳрвандон пайваста тадбирҳои судманд меандешанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистолн «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» се ҷанба-маънавӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дорад.

Ҷанбаи маънавии Қонуни мазкур дар он ифода меёбад, ки он хислати инсондӯстӣ ва хайрхоҳӣ дошта, исрофкориро ҳамчун амали номатлуб эътироф менамояд, камхарҷу сарфакорона баргузор намудани ҷашну маросим ва оростани дастурхонро қисми таркибии маънавиёти миллӣ дониста, барои баланд бардоштани фарҳанги маъракаороӣ мусоидат менамояд.

Аз лиҳози иқтисодӣ-Қонуни мазкур омили муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ буда, барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум тавассути роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ ҳангоми гузаронидани ҷашну маросим мусоидат менамояд. Барои ноил шудан ба ин иқдоми нек, на танҳо ҳидояти Қонун, балки амали неки ҳар як инсон оид ба эҳтиром нисбат ба неъматҳои моддии дар натиҷаи заҳмат бадастоварда, дарки он ки ҳама гуна исроф навъе аз беэҳтиромӣ нисбат ба молу мулки худ буда, хилофи одату анъана мебошад, зарур аст.

Ҷанбаи ҳуқуқии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистолн «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусоидат барои таъмини амнияти ҷомеаву давлат, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа дар мамлакат мебошад.

Сарфакорӣ, роҳ надодан ба исрофкорию зоҳирпарастӣ масъалаҳои муҳим буда, риояи қатиъии он ба татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, боло бурдани сатҳи иқисодиёти давлат ва буҷаи ҳар як оила мусоидат менамояд. Агар ба таҳлилҳои коршиносон оид ба баргузории ҷашну маросим дар давраи баъди қабули Қонуни мазкур назар намоем, маълум мегардад, ки ин Қонун дар як муддати муайян ҷиҳати аз байн бурдани исрофкорию хурофотпарастӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум натиҷаи назаррасро ба миён овардааст. Қонуни мазкур ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом дароварда, барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд. Ҳамчунин, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ гирифта шуда, ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.

Дастовардҳо ва натиҷаҳои амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар самти батанзимдарории ҷашну маросими шаҳрвандон дар чаҳорчӯбаи муайян хеле зиёд мебошанд. Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки имрӯз маълумотнокии шаҳрвандон, хоса, дар маҳал оид ба қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ намебошад. Татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” боло бурдани маълумотнокии шаҳрвандонро тақозо менамояд. Мувофиқи маълумоти омории мақомоти ваколатдори соҳа баъзе шаҳрвандон дар баргузории ҷашну маросими хеш зиёдаравию зоҳирпарастӣ карда, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро вайрон менамоянд. Дар аксар ҳолат бетартибию риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар тӯйю маъракаҳо ба содир гардидани садамаҳои нақлиётӣ ва ҳодисаҳои нохуш оварда мерасонад. То ҳанӯз дар ин самт ҳуқуқвайронкуниҳо ҷой доранд. Мутахассисон бар он назаранд, ки шаҳрвандон аз сабаби маълумоти кофӣ надоштан оид Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аксаран дар баргузории тӯйи домодию арӯсӣ бештар ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд. Бояд қайд намуд, ки тӯйи домодию арӯсӣ яке аз маъракаҳои бештар роиҷ дар байни аҳолӣ ба шумор меравад ва бояд дар доираи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда шавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Моддаи 10. Тӯйи домодию арӯсӣ 

Тӯйи домодию арӯсӣ дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад.

Ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс, ба истиснои тақдими тӯҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ аст.

Маросими домодталабон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешаванд. 

Падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардондани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд. 

Ҳамсарон ҳуқуқ доранд, ки тибқи муқаррароти Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни худ аҳдномаи никоҳ банданд. 

Маросими қайди давлатии ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳо бо истифодаи на бештар аз 4 автомошинаи сабукрав гузаронида мешавад. 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ тӯйи домодию арӯсии хайриявии ҷавононро аз оилаҳои камбизоат баргузор намоянд. 

Тартиби гузаронидани тӯйҳои домодию арӯсии хайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд. 

Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба рушди бомароми ҳаёти маънавию ахлоқӣ ва беҳтар шудани рӯзгори мардум боис гардид ва имрӯз риояи қатъии он вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Набояд фаромуш кард! Барои роиоя накардани талботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қонунгузории амалкунанда ҷавобгарӣ муқаррар шудааст.

Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 481. Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим

1. Барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, -

ба шахсони воқеӣ ба андозаи яксаду даҳ, ба шахсони мансабдор ба андозаи панҷсаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

2. Барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин, -

ба андозаи ҳафтсаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

3. Барои дағалона ё дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, инчунин дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросим, -

ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсаду панҷоҳ, ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад ба соҳибкорони инфиродӣ ба андозаи нуҳсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Асос ва заминаи давлати демокративу ҳуқуқбунёд ин дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал кардан ва таъмини волоияти қонун мебошад. Бо назардошти ин, тақозо мегардад, ки ҳар як нафар барои ҳимояи манфиатҳои қонунӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи исрофкорӣ дар амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» беш аз ҳар вақти дигар саҳмгузор бошад.  

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор


17.01.2023 675

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php