ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ БО ПАЁМИ МЕҲРУБОНӢ: ДАСТГИРИИ ЯТИМОНУ МАЪЮБОН ДАР ДОНИШГОҲ

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ БО ПАЁМИ МЕҲРУБОНӢ: ДАСТГИРИИ ЯТИМОНУ МАЪЮБОН ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 8 сентябри соли 2025, дар арафаи таҷлили ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино як чорабинии хайриявию маърифатӣ баргузор гардид, ки он ба масъалаи дастгирии донишҷӯёни ятиму маъюб бахшида шуда буд.

Дар ин чорабинии хайриявӣ ректори Донишгоҳ, доктори илми тиб, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ, муовинони ректор, устодон, кормандони масъул ва инчунин раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд. Ҳадафи асосии вохӯрӣ таҳкими арзишҳои инсонӣ, эҳтиром ба гурӯҳҳои ниёзманд ва саҳмгузорӣ дар рушди маърифати иҷтимоӣ миёни донишҷӯён арзёбӣ мегардад.

Дар оғози чорабинӣ ректори Донишгоҳ суханронӣ намуда, аҳамияти таърихии Истиқлоли давлатӣ, нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар тарбияи кадрҳои ватандӯст ва масъулияти иҷтимоии ҳар як шаҳрвандро таъкид намуд. Ҳамзамон, мавсуф бо арзи сипос ва эҳтиром аз ҳолати зиндагии ятимону маъюбон ёдовар шуда, иброз дошт, ки дастгирии ин гурӯҳи аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Донишгоҳ маҳсуб меёбад.

Бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, ба беш аз 80 нафар донишҷӯи ятим ва маъюб кӯмакҳои моддӣ, аз ҷумла маводҳои хониш (дафтар, ручка, қалам) супорида шуданд. Ғайр аз ин, ба ҳар яки онҳо 100 сомонӣ кӯмаки пулӣ низ пешниҳод гардид. Ин иқдом бо мақсади дастгирии равонии донишҷӯён ва муҳайё кардани муҳити беҳтари таълимӣ амалӣ карда шуд.

Чунин иқдомҳои хайриявӣ дар донишгоҳ анъана гардида, ҳар сол бахшида ба санаҳои муҳим ва ҷашнҳои миллӣ бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён ва ҳайати устодон баргузор мегарданд. Ин чорабинӣ низ ҳамчун рамзи инсондӯстӣ, эҳтиром ва муҳаббат ба ятимону маъюбон дар хотирҳо боқӣ хоҳад монд.

Муовинати тарбия

 


3
2
1
11.09.2025 173

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php