АРҶГУЗОРӢ БА ХОТИРАИ ҚАҲРАМОНОНИ ВАТАН ДАР ОРОМГОҲИ ЛУЧОБ

АРҶГУЗОРӢ БА ХОТИРАИ ҚАҲРАМОНОНИ ВАТАН ДАР ОРОМГОҲИ ЛУЧОБ

Дар доираи арҷгузорӣ ба хотираи неки Қаҳрамонони Тоҷикистон -Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум, инчунин фарзанди фарзонаи миллат Нисор Муҳаммад ва бо мақсади таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои таърихии кишвар, садорати факултети фарматсевтӣ таҳти роҳбарии декани факултет Гулмаҳмадзода Зафар Гулмаҳмад дар якҷоягӣ бо мудирону ҳайати профессорону омузгорони кафедраҳои кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ, технологияи фарматсевтӣ ба номи профессор Халифаев Д.Р., фармакогнозия ва ТИФ, фармакология, инчунин кормандони Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» ба Оромгоҳи Лучоб ташриф оварданд.

Зимни боздид ҳайати профессорону омузгорон ба хотираи Қаҳрамонони Ватан, ки дар ин макони муқаддас ором гирифтаанд, эҳтиром гузошта, бо гузоштани гулчанбар ва хондани дуо руҳи онҳоро гиромӣ доштанд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҷоннисориҳо ва корнамоиҳои фарзандони шуҷои миллат барои насли имрӯз ва оянда намунаи ибрат буда, дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва масъулиятшиносӣ нақши муҳим доранд.

Ин иқдом ҳамчун нишонаи эҳтиром ба таърихи миллат ва қадршиносӣ аз хизматҳои фарзандони содиқи Ватан арзёбӣ гардида, дар рӯҳияи баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва худогоҳии миллӣ саҳми назаррас мегузорад.

Дар фарҷом ҳайати профессорону омузгорон иброз доштанд, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ, пос доштани хотираи қаҳрамонон ва идомаи анъанаҳои неки ватандӯстӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.


05.06.2026 8

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php