АРҶГУЗОРӢ БА ХОТИРАИ ҚАҲРАМОНОН ВА ФАРЗОНАФАРЗАНДОНИ МИЛЛАТ

АРҶГУЗОРӢ БА ХОТИРАИ ҚАҲРАМОНОН ВА ФАРЗОНАФАРЗАНДОНИ МИЛЛАТ

Имрӯз, 29 майи соли 2026, аъзои Раёсат, Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони Донишгоҳ ҷиҳати арҷгузорӣ ба ташаббуси наҷибу ватандӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ба Ватан овардани мушти хоки Қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва фарзанди фарзонаи миллат Нисор Муҳаммад аз оромгоҳи онҳо боздид ба амал оварда, бо гузоштани гул ва қироати дуои хайр хотираи неки онҳоро гиромӣ доштанд.

Дар ҷараёни ин иқдоми маънавию ватандӯстона таъкид гардид, ки эҳтиром ба гузаштагони миллат, пос доштани номи фарзандони содиқу ҷоннисори Ватан ва зинда нигоҳ доштани хотираи онҳо аз муҳимтарин арзишҳои миллӣ ба шумор меравад. Ин ташаббуси инсонпарваронаи Пешвои миллат бори дигар эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба таъриху давлатдории тоҷиконро дар ҷомеа таҳким мебахшад.

Сипас ҳайати муассиса таҳти роҳбарии ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Н. Д. аз оромгоҳи олимони барҷастаи соҳаи тиб, профессорон Ю. Б. Исҳоқӣ ва М. Ғ. Ғуломов боздид намуданд. Зикр гардид, ки аз қатли ноҷавонмардонаи ин фарзандони фарзонаи илму маърифат 30 сол сипарӣ гардида бошад ҳам, хизматҳои арзишманди онҳо дар рушди илми тиб ва тарбияи мутахассисони баландихтисос ҳамеша дар ёди мардум боқӣ хоҳад монд.

Иштирокчиён бо қироати дуои хайр ва гузоштани гул ба рӯҳи поки онҳо эҳтиром ба ҷо оварда, аз саҳми арзандаи ин шахсиятҳои донишманд дар пешрафти соҳаи тандурустӣ ва илми ватанӣ ёдовар шуданд.

Ҳамчунин дар доираи ин боздид манзили охирати дигар фарзонафарзандони миллат низ зиёрат гардида, ба хотири арвоҳи гузаштагон дуои хайр хонда шуд. Ин иқдом ҳамчун рамзи эҳтиром ба таърих, бузургдошти хизматҳои фарзандони барӯманди миллат ва таҳкими рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ арзёбӣ гардид.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


29.05.2026 13

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php