АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТҲОИ СОБИҚАДОРОН - АМАЛИ НАКӮИ ҲАЙАТИ КАФЕДРА

АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТҲОИ СОБИҚАДОРОН - АМАЛИ НАКӮИ ҲАЙАТИ КАФЕДРА

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ғалаба ҳайати кафедраи рентгенология ва радиология бо мақсади эҳтиром ва қадрдонӣ аз хизматҳои арзандаи собиқадорони соҳаи тиб ба аёдати собиқадори меҳнат, номзади илмҳои тиб Шукуров Очилдӣ рафтанд.

Мавсуф аз ҷумлаи шахсиятҳои соҳибтаҷриба ва пурмасъули соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, аз соли 1963 то соли 2013 дар кафедраи бемориҳои дарунӣ фаъолияти пурсамар намудааст. Ӯ беш аз панҷоҳ соли умри пурбаракати худро ба хизмати содиқона ба мардум, тарбияи мутахассисони ҷавон ва рушди соҳаи тиб бахшидааст.

Шукуров Очилдӣ дар давраҳои гуногун дар вазифаҳои масъулиятнок, аз ҷумла ҳамчун сардухтури муассисаи табобатии Хоҷаобигарм ва ҳамчунин беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият намуда, дар беҳтар гардидани хизматрасонии тиббӣ ва ташкили дурусти фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Зимни аёдат намояндагони кафедра бо собиқадор суҳбати самимӣ ороста, аз рӯзгору фаъолияти чандинсолаи ӯ ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки хизматҳои арзандаи чунин шахсиятҳои соҳибтаҷриба барои насли ҷавон мактаби бузурги омузиш ва намунаи ибрат мебошад.

Ин иқдоми неки роҳбарият ва ҳайати кафедраи рентгенология ва радиология ҳамчун нишонаи эҳтиром ба заҳмати собиқадорон, арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқона ва таҳкими анъанаҳои неки инсондӯстӣ арзёбӣ мегардад. Зеро пос доштани шахсоне, ки солҳои зиёд ба халқу Ватан хизмат намудаанд, яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


11.05.2026 9

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php