ҒАНИГАРДОНИИ ФОНДИ КИТОБХОНАИ ДОНИШГОҲ БО АДАБИЁТИ АРЗИШМАНДИ ИЛМӢ ВА МАВОДИ ТАЪЛИМИИ ЭЛЕКТРОНӢ
Китобхона ҳамчун маркази муҳими илму маърифат ва яке аз рукнҳои асосии низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар баланд бардоштани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, тафаккури илмӣ ва фарҳанги мутолиаи омӯзгорону донишҷӯён нақши муассир дорад. Дар шароити рушди босуръати илму техника, густариши технологияҳои иттилоотӣ ва афзоиши талабот ба донишҳои муосир ғанигардонии фонди китобхонаҳо бо адабиёти арзишманди илмӣ, таълимӣ ва таҳқиқотӣ аҳамияти махсус касб менамояд.
Дар Донишгоҳ масъалаи таҳкими заминаи илмию иттилоотӣ, рушди фарҳанги китобхонӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои дастрасии омӯзгорону донишҷӯён ба сарчашмаҳои муътамади илмӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти таълимию маърифатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ҳамин замина, бо иқдоми ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ ду асари арзишманди илмӣ ва таърихию фарҳангӣ таҳти унвонҳои «Нобиғагони даврони хеш: Ибни Сино ва Берунӣ» ва «Маърифати гумшуда» ба фонди китобхонаи Донишгоҳ тақдим гардиданд. Ин иқдоми маърифатпарварона дар самти ғанигардонии захираи китобхона, тарғиби мутолиаи осори илмӣ ва ошно намудани насли ҷавон бо дастовардҳои бузурги тамаддуни башарӣ аҳамияти хосса дорад.
Асарҳои мазкур ба қалами муаррих ва фарҳангшиноси маъруфи амрикоӣ Стивен Фредерик Старр тааллуқ дошта, ба масъалаҳои муҳими таърихи илм, фарҳанг, тамаддун ва саҳми донишмандони бузурги Осиёи Марказӣ дар рушди маърифати ҷаҳонӣ бахшида шудаанд. Муаллиф дар таҳқиқоти худ ба нақши таърихии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун яке аз марказҳои муҳими ташаккули афкори илмӣ, фалсафӣ ва фарҳангии ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Китоби «Маърифати гумшуда» аз ҷумлаи асарҳои муҳими илмӣ-таърихӣ буда, дар он давраҳои шукуфоии илм, фарҳанг ва маърифат дар Осиёи Марказӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд. Муаллиф бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ ва натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ саҳми мутафаккирону донишмандони минтақа, аз ҷумла намояндагони барҷастаи тамаддуни форсу тоҷикро дар рушди риёзиёт, тиб, нуҷум, фалсафа, ҷуғрофия ва дигар соҳаҳои дониш нишон медиҳад. Мутолиаи ин асар барои дарки амиқтари таърихи илму тамаддун, шинохти мероси гаронбаҳои ниёгон ва таҳкими ҳисси худшиносии миллию фарҳангии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Асари дигари муаллиф таҳти унвони «Нобиғагони даврони хеш: Ибни Сино ва Берунӣ» ба рӯзгор, фаъолияти илмӣ, андешаҳои фалсафӣ ва дастовардҳои ду чеҳраи барҷастаи таърихи илму тамаддуни башарӣ - Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ бахшида шудааст. Дар он ҷойгоҳи ин ду донишманди бузург дар ташаккули тафаккури илмӣ, рушди усулҳои таҳқиқ ва густариши донишҳои инсонӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад.
Махсусан, омӯзиши мероси илмии Абуалӣ ибни Сино барои омузгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аҳамияти бузурги маънавию касбӣ дорад. Ибни Сино ҳамчун яке аз поягузорони мактаби бузурги тибби илмӣ бо таълифоти безаволи худ, аз ҷумла «Ал-қонун фи-т-тиб», дар рушди илми тиб саҳми беназир гузоштааст. Шиносоӣ бо андешаҳои илмӣ ва ҷаҳонбинии ин донишманди бузург барои ташаккули тафаккури таҳлилӣ, ҷаҳонбинии васеи илмӣ ва эҳтиром ба мероси таърихии тибби миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Китобҳои тақдимгардида аз муқаддима ва фаслҳои алоҳида иборат буда, ҳар фасл ба масъалаҳои мушаххаси илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ бахшида шудааст. Мазмуну муҳтавои онҳо барои омузгорон, муҳаққиқон, унвонҷӯён, донишҷӯён ва ҳамаи дӯстдорони таърихи илму маърифат ҷолибу судманд мебошад.
Ҳамзамон, дар доираи тадбирҳои пайваста ҷиҳати рушди китобхонаи электронӣ ва такмили таъминоти иттилоотии раванди таълим аз ҷониби кафедраи оториноларингологияи Донишгоҳ шаш номгӯй маводи таълимӣ ва илмии электронӣ ба фонди китобхонаи электронии муассиса пешниҳод гардид.
Аз ҷумла, дастурҳои таълимии Исмоилова М.А. таҳти унвонҳои «Бемориҳои ханҷара» ва «Ларингология», дастури таълимии «Фониатрия», китоби таълимии «Бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ», инчунин монографияи илмии «Функциональные заболевания гортани и их комплексное лечение с применением иглорефлексотерапии» ба китобхонаи электронӣ ворид карда шуданд.
Маводи мазкур масъалаҳои муҳими ташхис, пешгирӣ ва табобати бемориҳои узвҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ, аз ҷумла бемориҳои ханҷара, ихтилоли овоз ва роҳҳои муосири муолиҷаи онҳоро фаро мегирад. Дастурҳои таълимӣ ва китобҳои пешниҳодшуда метавонанд ҳамчун сарчашмаҳои иловагии дониш дар раванди машғулиятҳои назариявӣ, амалӣ, корҳои мустақилонаи донишҷӯён ва фаъолияти илмии омӯзгорону муҳаққиқон истифода шаванд.
Монографияи «Функциональные заболевания гортани и их комплексное лечение с применением иглорефлексотерапии» ба масъалаҳои бемориҳои функсионалии ханҷара ва истифодаи усулҳои маҷмӯии муолиҷа, аз ҷумла иглорефлексотерапия, бахшида шуда, барои мутахассисони соҳаи оториноларингология ва муҳаққиқони самти мазкур аҳамияти илмӣ дорад.
Ворид гардидани ин маводи таълимию илмӣ ба китобхонаи электронӣ имконият медиҳад, ки донишҷӯён ва омузгорон ба сарчашмаҳои соҳавӣ дастрасии бештар пайдо намуда, аз онҳо ҳангоми омодагӣ ба машғулиятҳо, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва такмили донишҳои касбии худ самаранок истифода намоянд.
Бояд таъкид намуд, ки рушди китобхонаи анъанавӣ дар баробари густариши китобхонаи электронӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳкими фаъолияти илмӣ ва татбиқи усулҳои муосири омӯзиш мебошад. Дастрасии васеъ ба адабиёти илмӣ ва таълимӣ ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки донишҳои назариявии худро такмил дода, малакаҳои мустақилона омӯхтан, таҳлил намудан ва истифодаи иттилооти илмиро тақвият бахшанд.
Иқдоми роҳбарияти Донишгоҳ дар самти тақдими асарҳои арзишманди таърихию илмӣ ва саҳми кафедраи оториноларингология дар ғанигардонии китобхонаи электронӣ бозгӯи таваҷҷуҳи пайваста ба рушди илму маърифат, таҳкими фарҳанги мутолиа ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимию таҳқиқотӣ мебошад.
Ба иттилои ҳайати профессорону омузгорон, муҳаққиқон, унвонҷӯён ва донишҷӯёни Донишгоҳ расонида мешавад, ки китобҳои «Маърифати гумшуда» ва «Нобиғагони даврони хеш: Ибни Сино ва Берунӣ» дар фонди китобхонаи Донишгоҳ дастрас буда, хоҳишмандон метавонанд аз онҳо истифода намоянд. Ҳамчунин, маводи таълимӣ ва илмии пешниҳоднамудаи кафедраи оториноларингология тавассути китобхонаи электронии Донишгоҳ барои омӯзиш ва истифода дастрас мебошанд.
Бешубҳа, чунин иқдомҳои созанда дар тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ, рушди ҷаҳонбинии илмӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва ташаккули муҳити донишмеҳвар дар Донишгоҳ нақши назаррас хоҳанд гузошт.
Болтаева Л. Ҳ.-мудири китобхона