АНҶОМИ КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН ВА ДОНИШҶӮЁН БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ХОРИҶӢ ДАР МАВЗУИ “РУШД ВА ҲАМГИРОӢ: ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ ДАР АМАЛИЯИ КЛИНИКӢ”

 АНҶОМИ КОРИ   КОНФЕРЕНСИЯИ   ИЛМӢ-АМАЛИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН ВА ДОНИШҶӮЁН  БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ХОРИҶӢ ДАР МАВЗУИ “РУШД ВА ҲАМГИРОӢ: ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ ДАР АМАЛИЯИ КЛИНИКӢ”

Конференсияи илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён бо иштироки намояндагони хориҷӣ дар мавзуи “Рушд ва ҳамгироӣ: дастовардҳои илмӣ дар амалияи клиникӣ”, ки санаи 24-уми апрели соли 2026   дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, баъди қабули қарорҳои мушаххаси дахлдор ба кори худ анҷом бахшид.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи баргузории ҳамоиши илмӣ ба вуҷуд овардани шароити мусоиди баҳсу мунозираҳои созандаи илмӣ бо олимону муҳаққиқони ҷавон ва фароҳам овардани шароиту имкониятхои озод ҷиҳати барқарор намудани робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо пешрафтатарин муассиҳои таълимию табобатии хориҷи дуру наздик ва шиносоии олимони ҷавон мебошад.

Олимони ҷавони соҳа дар бахшҳои алоҳидаи Конференсия маърузаҳои илмӣ-амалиро таҳлилу баррасӣ намуда, дар 2 симпозиуми он олимони ҷавони соҳа дар бахшҳои алоҳидаи Конференсия маърузаҳои илмӣ-амалиро таҳлилу баррасӣ намуда, дар симпозиумҳои он масъалаҳои муҳим ва дурнамои рушди анестезиология ва реаниматология, масъалаҳои муҳим дар травматология, ортопедия ва ғайра муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар сексияҳои кори Конференсия масъалаҳои мубрами ҷарроҳӣ, акушерства ва гинекология, роҳҳои табобати бемориҳои дарунӣ, масъалаҳои мубрами педиатрия, масъалаҳои стоматология, оториноларингологя ва офталмология, илмҳои фундаменталӣ ва нақши онҳо дар пешрафти илми тиб, масъалаҳои мубрами рушди илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ дар кишвар ҳаллу фасл гардиданд.

Хотиррасон бояд кард, ки дар кори Конференсия олимони ҷавон аз ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Узбекситон, Қазоқистон, Белорусия, Қирғизистон ва Туркия ба тариқи фардӣ, онлайн ва офлайн баромад намуданд.

Басо рамзист, ки ҳамасола шумораи иштирокчиёни Конференсия ва теъдоди мақолаҳои пешниҳодгардида меафзояд, ки соли равон шумораи онҳо 2962 ададро ташкил дода, 177 адади он аз кишварҳои хориҷии дуру наздик мебошад. Дар симпозиум ва сексияҳои Конференсия 590 баромади олимони хориҷӣ ва ватанӣ доир гардида, табодули афкор байни иштирокдорон сурат гирифт.

Дар хотимаи Конференсия Резолютсияи конференсия қабул карда шуд, ки он барои рушду нумӯи тандурустии ватанӣ, ҷорӣ гардидани дастовардҳои тибби муосир ба амалия ва солимгардонии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

 

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ

ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


5
4
3
2
1
24.04.2026 9

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php