ҲАМОИШИ МАЪРИФАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ
Имрӯз, 24 ноябри соли 2026, дар Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши маърифатӣ таҳти унвони “Парчами Тоҷикистон-рамзи соҳибистиқлолии он” баргузор гардид.
Чорабиниро ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими миллӣ табрику муборакбод карданд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ, рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносии таърихӣ ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон ба шумор рафта, эҳтиром ба он нишонаи арҷгузорӣ ба давлату миллат ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Сипас, Шаҳло Ҳасанзода - мудири шуъбаи коргузорӣ ва назорати Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, оид ба аҳаммияти Парчами давлатӣ дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ андешаронӣ кард.
Ҳамчунин, Умеда Саидзода -муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино зимни суханронии худ доир ба ҷойгоҳи Парчами давлатӣ дар низоми арзишҳои миллӣ, нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар дар назди муқаддасоти давлатӣ ибрози назар намуд.
Дар идомаи ҳамоиш муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳ Аҳрориён Зарина Асрор баромад намуда, таъкид карданд, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти тарбиявии муассиса ба ҳисоб меравад. Зеро Парчами миллӣ на танҳо рамзи давлатдорӣ, балки омили муҳими таҳкими ҳувияти миллӣ ва ифтихори шаҳрвандӣ мебошад.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ бояд дар рафтору кирдор, фаъолияти созанда ва ҳисси баланди масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванди кишвар таҷассум ёбад. Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ба анҷом расид.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА