ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ ДАР АМАЛ: ОЛИМОН МИКРОСИРКУЛЯТСИЯРО ДАР СОКИНОНИ МИНТАҚАҲОИ БАЛАНДКӮҲИ ВМКБ МАВРИДИ ТАҲҚИҚ ҚАРОР ДОДАНД

ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ ДАР АМАЛ: ОЛИМОН МИКРОСИРКУЛЯТСИЯРО ДАР СОКИНОНИ МИНТАҚАҲОИ БАЛАНДКӮҲИ ВМКБ МАВРИДИ ТАҲҚИҚ ҚАРОР ДОДАНД

Дар доираи рушди ҳамкории байналмилалии илмӣ байни Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ»-и Донишгоҳ ва Муассисаи федералии давлатии буҷетии «Маркази миллии таҳқиқоти тиббии терапия ва тибби пешгирикунанда»-и Вазорати тандурустии Федератсияи Русия аз 4 то 12 июли соли 2026 экспедитсияи байналмилалии илмӣ оид ба омӯзиши ҳолати микросиркулятсия ва фаъолияти эндотелияи рагҳои хунгард дар сокинони ноҳияҳои баландкӯҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) баргузор мегардад.

Экспедитсияи мазкур бо дастгирии ректори Донишгоҳ доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Н. Д. ва директори Муассисаи федералии давлатии буҷетии «Маркази миллии таҳқиқоти тиббии терапия ва тибби пешгирикунанда»-и Вазорати тандурустии Федератсияи Русия, доктори илмҳои тиб, профессор, академики Академияи илмҳои Русия О. М. Драпкина ташкил шудааст.

Ба ҳайати гурӯҳи илмӣ ходими калони илмии Маркази миллии таҳқиқоти тиббии терапия ва тибби пешгирикунандаи Вазорати тандурустии Федератсияи Русия, номзади илмҳои тиб А. А. Федорович, мудири шуъбаи микросиркулятсия ва эндотелия, номзади илмҳои тиб Ф. А. Шукуров, корманди илмии шуъбаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ С. Наврузбекова ва унвонҷӯи шуъбаи микросиркулятсия ва эндотелия Ҳ. Марипов шомил мебошанд.

Дар марҳилаи аввали таҳқиқот, ки дар шаҳри Хоруғ анҷом дода шуд, олимон бо истифода аз маҷмааи дастгоҳию барномавии «ЛАЗМА ПФ» арзёбии ҳамаҷонибаи ҳолати микросиркулятсияи хунро гузаронида, нишондиҳандаҳои мубодилаи оксидшавиро мавриди омӯзиш қарор доданд. Ҳамзамон, барои муайян намудани шумораи ҳуҷайраҳои дескваматсияшудаи эндотелиалӣ (ҲДЭ) аз иштирокчиён намунаҳои хун гирифта шуданд. Тадқиқот ҳам дар байни сокинони амалан солим ва ҳам дар байни беморони гирифтори бемориҳои дилу рагҳо анҷом дода мешавад.

Ҳадафи асосии экспедитсия омӯзиши хусусиятҳои микросиркулятсия ва фаъолияти эндотелияи рагҳои хунгард дар аҳолии муқими минтақаҳои баландкӯҳ, муайян намудани механизмҳои мутобиқшавии организми инсон ба шароити баландкӯҳ, инчунин ошкор намудани омилҳое мебошад, ки ба рушди бемориҳои дилу рагҳо таъсир мерасонанд.

Айни замон экспедитсияи илмӣ фаъолияти худро дар дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дода истодааст. Натиҷаҳои бадастомада заминаи мусоид барои таҳқиқоти муштараки минбаъда фароҳам оварда, ба густариши ҳамкории байналмилалии илмӣ, такмили усулҳои пешгирӣ ва ташхиси барвақтии бемориҳои дилу рагҳо мусоидат хоҳанд кард.


08.07.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php