ТАҲКИМИ ҲАМКОРИИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲИ ТИББӢ БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН

ТАҲКИМИ ҲАМКОРИИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲИ ТИББӢ БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН

Омӯзгорону кормандони факултети тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар баробари бурдани корҳои тарбиявӣ бо донишҷӯён, ҳамчунин, бо волидайни онҳо ҳамкорӣ доранд. Дар факултет барои курсҳо Шӯрои волидон ташкил карда шуда, тибқи нақша дар вақтҳои дахлдор марҳила ба марҳила бо волидайни донишҷӯён вохӯриҳои судманд гузаронида мешавад. Санаи 18.02.2023 омӯзгорону кормандони факултети тиббии Донишгоҳ дар якҷоягӣ бо Кафедраи Забони тоҷикии Донишгоҳ Шӯрои волидайни донишҷӯёни потоки 1-уми факултетро ташкил ва баргузор намуданд. Мақсад вохӯрӣ он буд, ки бо волидайни донишҷӯён дар як муҳити озод дар бораи таҳсили фарзандонашон, тартибу интизоми онҳо, давомот ва дигар масъалаҳои ҳалталаб суҳбат гузаронида, бо онҳо ҳамкорӣ намоянд. Ба ин вохӯрӣ асосан волидайни донишҷӯёне, ки дар ноҳияҳои тобеи марказ истиқомат мекунанд, даъват шуда буданд ва зиёда аз 35 нафар волидайн дар ҷаласа иштирок намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини декани факултет Бурҳонова З.У.  дар баромади худ бо волидон масъалаҳои гуногунро ҳаллу фасл намуданд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, худдорӣ аз кирдорҳои коррупсионӣ, қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ, тартибу интизом, гигиенаи шахсӣ, тарбияи меҳанпарастӣ ва меҳнатдӯстӣ, хизмат ба Ватан ва риояи сару либоси тавсиявӣ дар Донишгоҳ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Мавсуф ба волидон муроҷиат намуда, қайд доштанд, ки аксарияти донишҷӯдухтарон ба қоидавайронкунӣ дар масъалаи сару либоси тавсиявӣ даст мезананд, ба эродҳои намояндагони Раёсати Донишгоҳ, муовинати тарбия беэътиноӣ зоҳир менамоянд. Донишҷӯдутарон   пӯшидани либоси бегона, тақлидкорӣ ба либосҳои арабиро ба худ пеша намудаанд. Баъзеҳо бо сару либоси навиштаҷотдошта ва пойафзоли варзишӣ ба дарс меоянд, ки ин ҳеҷ мумкин нест. Аз ҷониби донишҷӯписарон қоидавайронкунӣ  оид ба сару либос камтар ба назар мерасад, вале бо риши расида ва шими джинс  ба дарс омаданро меписанданд.  Номбурда ба волидайн пешниҳод намуд, ки ба сару либоси фарзандони худ диққати ҷиддӣ диҳанд.

Ба волидон пешниҳод карда шуд, ки бо фарзандҳояшон оид ба истифодаи телефонҳои мобилӣ суҳбат намуда, аз вазъи давомот ва таҳсили онҳо доимо бохабар бошанд.

Дар ҷаласаи мазкур мудири кафедраи Забони тоҷикии Донишгоҳ Низомова С.Ф., муовини декани факултет Холов Д.Д. оид ба паҳлуҳои гуногунӣ фаъолияти ҳамарӯзаи донишҷӯён андешаронӣ карда, ҷалб ва ҳамкории мутақобилаи волидони донишҷӯёнро бо Донишгоҳ мувофиқи мақсад донистанд. Дар интиҳои ҷаласа суҳбати озоди волидони донишҷӯён бо устодони Донишгоҳ ва мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар ҳақиқат, ҳамкорӣ самараи хуб дода метавонад.

Факултети тиббӣ


22.02.2023 543

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php