ҲАМГИРОИИ НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯ: ҶАЛАСАИ МУШТАРАКИ БАЙНИКАФЕДРАВӢ ОИД БА БЕМОРИИ РЕШИ МЕЪДА
Санаи 13-уми майи соли ҷорӣ ҷаласаи муштараки илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳамгироии назария ва амалия: ҷаласаи муштараки байникафедравӣ оид ба бемории реши меъда» бо иштироки кафедраҳои физиологияи патологӣ, анатомияи патологӣ, фармакология ва анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ баргузор гардид.
Мақсади чорабинӣ амиқтар намудани равиши байнифаннӣ дар омӯзиши бемории реши меъда, баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявии донишҷӯён, инчунин ташаккули тафаккури клиникӣ ва малакаҳои амалӣ мебошад.
Дар ҷаласа мудирони кафедраҳо, ҳайати омӯзгорон, муҳаққиқони ҷавон, аъзоёни фаъоли ҶИД ва донишҷӯён ширкат варзиданд. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии мудирони кафедраҳо оғоз гардида, зимни баромади худ онҳо аҳамияти ҳамгироии фанҳои назариявӣ ва клиникӣ, инчунин нақши чорабиниҳои байни кафедравиро дар баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии касбии донишҷӯён таъкид намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ аъзоёни ҶИД бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, масъалаҳои муосири вобаста ба сабабҳо ва механизмҳои инкишофи бемории реши меъда, тағйиротҳои морфологӣ, усулҳои ташхис, роҳҳои табобати фармакологӣ ва ҷарроҳии ин бемориро мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин, иштирокчиён доир ба мушкилоти ташхиси барвақтӣ ва пешгирии оризаҳои беморӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар ҷараёни ҷаласа якчанд масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд, ба монанди: тасаввуроти муосир оид ба этиология ва патогенези бемории реши меъда; нақши вайроншавии танзими нейрогуморалӣ ва омилҳои осебию муҳофизатӣ; тағйироти морфологии луобпардаи меъда ҳангоми бемории реши меъда; хусусиятҳои топографӣ-анатомии меъда ва аҳаммияти клиникии ҷойгиршавии решҳо; доруҳои муосири истифодашаванда дар табобати бемории реши меъда; механизмҳои таъсири ингибиторҳои насосҳои протонӣ, антасидҳо ва воситаҳои зиддибактериявӣ; оризаҳои реши меъда ва хислатҳои клиникию-анатомии онҳо.
Дар рафти муҳокима иштирокчиён фаъолона саволҳо пешниҳод намуда, мубодилаи афкор ва таҳлили ҳолатҳои клиникиро анҷом доданд. Ҳамоиши муштараки илмӣ ба донишҷӯён имконият дод, ки ҳамгироии фанҳои бунёдӣ ва клиникиро амиқтар дарк намуда, шавқу рағбаташонро минбаъд ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ равона намоянд.
Дар анҷоми чорабинӣ қайд гардид, ки чунин ҷаласаҳои байникафедравӣ ба рушди тафаккури илмии интегративӣ дар соҳаи тиб, такмили омодагии касбии донишҷӯён ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ байни кафедраҳо мусоидат менамоянд. Чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва илмӣ баргузор гардид.