ҶАМЪБАСТИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ТИББИ РАҚАМӢ
30 октябри соли 2026 дар Донишгоҳ конференсияи 74-уми солонаи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ: марҳилаҳои нави илм ва амалияи тиб», бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ ба анҷом расид.
Дар конференсия олимон, муҳаққиқон, омузгорон ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ масъалаҳои муҳимми илми тиб, рушди технологияҳои инноватсионӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва татбиқи дастовардҳои илмиро дар амалияи клиникӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тибқи барномаи конференсия, ҷаласаи пленарӣ, 10 бахши илмӣ ва 5 симпозиуми тахассусӣ пешбинӣ гардида, доираи васеи масъалаҳои тибби муосирро фаро гирифтанд. Дар онҳо масъалаҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, педиатрия, акушерӣ ва гинекология, тибби пешгирикунанда, фарматсия, илмҳои бунёдӣ ва дигар самтҳои муҳими тиб мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ба аҳаммияти натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, табодули таҷрибаи мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ, таҳкими робитаҳои илмӣ ва зарурати татбиқи дастовардҳои инноватсионӣ дар фаъолияти муассисаҳои тиббӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Масъалаи истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ дар ташхиси бемориҳо, коркарди маълумоти тиббӣ, баланд бардоштани дақиқии қарорҳои клиникӣ ва такмили сифати хизматрасонии тандурустӣ аз самтҳои асосии муҳокимаҳои илмӣ ба ҳисоб мерафт.
Ҳамзамон, аҳаммияти ҳамкориҳои муштараки муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ, густариши таҳқиқоти байнисоҳавӣ, дастгирии олимони ҷавон ва таҳкими робитаи илм бо амалияи тиббӣ таъкид гардид.
Конференсия имконияти муносиб фароҳам овард, ки олимону мутахассисон бо натиҷаҳои таҳқиқоти ҳамдигар шинос гардида, масъалаҳои мубрами соҳаро аз дидгоҳҳои гуногуни илмӣ баррасӣ намоянд.
Баргузории конференсияи 74-уми солонаи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳими илмӣ буда, ба густариши робитаҳои байналмилалӣ, рушди иқтидори таҳқиқотии донишгоҳ ва таҳкими заминаҳои истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи тандурустӣ мусоидат намуд.
Басо рамзист, ки ҳамасола шумораи иштирокчиёни Конференсия ва теъдоди мақолаҳои пешниҳодгардида меафзояд, ки соли равон шумораи онҳо зиёда аз 1600 ададро ташкил дода, 250 адади он аз кишварҳои хориҷии дуру наздик мебошад. Дар симпозиум ва сексияҳои Конференсия 305 баромади олимони хориҷӣ ва ватанӣ доир гардида, табодули афкор байни иштирокдорон сурат гирифт.
Дар хотимаи Конференсия Резолютсияи конференсия қабул карда шуд, ки он барои рушду нумӯи тандурустии ватанӣ, ҷорӣ гардидани дастовардҳои тибби муосир ба амалия ва солимгардонии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.
Дастаи ҳунарии “Шифо” барномаи рангини фарҳангиро пешниҳоди иштирокдорон намуд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА