ҶАЛАСАИ ШУРОИ ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР ГАРДИД
Санаи 25.10.2025 ҷаласаи Шурои занону духтарони Донишгоҳ бо иштироки ҳайати нави Шуро баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа одобу ахлоқи духтарон, тарзи либоспӯшӣ, муносибату муошират, одоби оиладорӣ, фаъолнокӣ дар корҳои ҷамъиятӣ, пешрафту давомот ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки бонувон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳ дар чорабиниҳои донишгоҳӣ, шаҳрӣ ва чумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда,дар тарғиби фарҳанг ва арзишҳои миллӣ нақши худро мегузоранд.
Иштирокчиёни ҷаласа ҳар яке зимни баромади хеш, бо изҳори сипосу хушнуди қайд намуданд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Дар идомаи ҷаласа вобаста ба вазъи пуртазод ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, таъкид карда шуд, ки дар чунин шароити пешгӯинашаванда, ҳар яки моро зарур аст, ки дар самти пешгирӣ намудани омилҳои номатлуб дар байни ҷавондухтарон ва занон, худкушӣ, мубориза бар зиди терроризму экстремизм ва шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила, ташвиқи фарҳанги миллӣ, татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди таваҷҷуҳ қаарор гирифта, аъзои Шуро-омӯзгорзанону олимони собиқаадор фикру ақидаҳои хешро баён намуданд. Вобаста ба ҳар як пешниҳод қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Натиҷаҳои кор таҳлил ва вазифаҳое, ки бояд дар соли 2025-2026 амалӣ карда шаванд, муқаррар гардиданд.
ШУРОИ ЗАНОН ВА ДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲ