ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Санаи 26 октябри соли 2026 ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони факултети тиббӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои Шӯрои олимон, роҳбарияти факултет, мудирони кафедраҳо ва шахсони масъул иштирок намуданд.
Ҷаласа тибқи рӯзномаи тасдиқшуда баргузор шуда, масъалаҳои муҳими таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии факултет мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар оғози ҷаласа омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳо фаъолона иштирок намуда буданд аз ҷониби декани факултети тиббӣ д.и.т., профессор Саидзода Б.И. бо сипосномаҳо, нишонҳои сарисинагии Аълочии Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ, дипломҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Аз ҷониби Шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ахбор оид ба иҷрои нақшаҳои чорабиниҳои кафедраҳои факултет вобаста ба фаъолияти илмӣ ва фаъолияти ҶИД дар кафедраҳо дар соли таҳсили 2025-2026 пешниход гардид.
Баъдан, ахбор оид ба натиҷаи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултети тиббӣ дар соли таҳсили 2025-2026 ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии он аз ҷониби Сардори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ, Матинов Ш.Қ. ироа гардиданд.
Дар қисмати масъалаҳои гуногун тасдиқи мавзӯъҳои рисолаҳои илмӣ, масъалаҳои таълимӣ, инчунин масъалаҳои шомил нашудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва даст назадан ба корупсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷом аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба шахсони масъул ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати онҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.
САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ