ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҶИД “АНАТОМОНИ ҶАВОН” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар кафедраи анатомияи одам ба номи Я.А. Раҳимов ҷаласаи навбатии Ҷамъияти илмии донишҷӯён таҳти унвони “Анатомони ҷавон” бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён баргузор гардид.
Маҳфилро сардори он Тоҷиев Бахтовар оғоз намуда, тартиби баргузории ҷаласаро шарҳ дод ва ба дастаҳои иштирокчӣ ҷиҳати иштироки фаъолу самарабахш муваффақият таманно намуд.
Тибқи нақшаи маҳфил, дастаи “Анатомия Алянс”, иборат аз донишҷӯёни курси 1, гурӯҳи 46-и факултети тиббӣ - Яҳёев Муҳаммадамин (сардори даста), Беҳрӯззода Шаҳло, Қурбонова Рухшона, Пирмухамедова Гулнора, Алиева Нозанин ва Умарова Зӯҳро бо забони русӣ дар мавзуи «Функциональная анатомия, развитие и пороки развития пищеварительной системы» маърӯзаи пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.
Зимни омодагӣ ба маърӯза, даста таҳти роҳнамоии н.и.т., профессор Ашуров Қ. Э. машваратҳои илмӣ гирифта, мавзӯъро дар сатҳи баланд таҳия намуданд.
Бо мақсади ҷолибу шавқовар гузаронидани маҳфил ва ҳамзамон таҳкими донишҳои назариявию амалии иштирокчиён, миёни донишҷӯён бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ саволу ҷавоб доир гардид. Ҳамаи иштирокчиён бо ҳамроҳии дастаҳои худ супоришҳоро фаъолона иҷро намуда, ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххасу асоснок пешниҳод карданд.
Дар ҷамъбасти маҳфил роҳбари илмии Ҷамъияти илмии донишҷӯён Каримов С.С. натиҷаи викторинаро эълон намуд. Аз байни дастаҳои иштирокдошта, дар ин давр дастаи “Хирургическая сборная”, иборат аз донишҷӯёни курси 2, гурӯҳи 43-и факултети тиббӣ ва донишҷӯёни гурӯҳи 38, курси 1-и факултети тиббӣ, бо гирифтани 36 хол ғолиби ҷаласаи навбатии ҶИД гардиданд.
Дар фарҷоми маҳфил Каримов С.С. баромад намуда, таъкид кард, ки баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ барои баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ, густариши ҷаҳонбинии илмӣ ва мустаҳкам намудани донишҳои назариявию амалии донишҷӯён нақши муассир дорад.